Вазоифи мутақобили ҳамсарон(қисмати дуввум)

138

Хушахлоқӣ

Мақсуд аз хушахлоқӣ, бурхурдорӣ аз вежагиҳо ва сифоти арзишманде аст ки дар кирдориу гуфтори инсон таҷаллӣ пайдо мекунад. Хушзабонӣ, иҳтиром ба ашхос, фурутанӣ, сиаи садр, салом кардан, дилҷуӣ ва меҳрубонӣ аз масодиқи хуши ахлоқӣ ба шумор мераванд.

Некхуӣ бо мардум ба вежа бо ҳамсар ва фарзандон, таъсири амиқе дар шахсияти инсон мегузорад ва ҷомеа ва муҳити хонаводаро оканда аз сафа ва самимият мекунад. Эмом Содиқ(а) фармуд:

«Ҳеч зиндагоние гуворотар аз хушахлоқӣ нест».[1]

Решаи бисёре аз хубиҳо ва аъмоли писандида дар некхуӣ ва хушрафторӣ нуҳуфта аст. Амири муъминон Алӣ(а) фармуд:

Некхулқӣ, маншаи ҳар некӣ аст.[2]

Бархурдорӣ аз зиндагии ммуҳаббатомез ва дустона ва ба дур аз нигарониҳои руҳӣ дар сояи хушрафторие ки аз неъматҳои илоҳӣ ва фазоили аахлоқӣ аст, муяссар мешавад. Дар ин дарс, матолиберо дар бораи муҷиботи, мазоҳиру осори хушахлоқӣ баён мекунем:

А- муҷиботи хушахлоқӣ

Баъзе аз сифоти ахлоқӣ, реша дар таворус ва тарбияти хонаводагӣ доранд. Аз нишонаҳои каромати нафс ва бузургманишӣ, хушахлоқӣ аст. Ҳазрати Алӣ(а) фармуд:

»Некухуӣ нишонаи асил будани реша аст».[3]

Бо ин васф, касоне ки бадахлоқанд ва ё аз сифоти арзишманди аахлоқӣ камбаҳраанд, метавонанд дар партави саъйю кушиш ва бо эҷоду парвариши фазоили ахвоқӣ ба ислоҳи рафтору кирдори худ пардохта, муҷиботи хушахлоқиро фароҳам кунанд. Аз инро, ба баёни ду омили муҳим ки дар заминаи рушду парвариши хушахлоқӣ муассир аст, мерадозем:

  1. Эмон

Гарчи хушрафторӣ аз сифоти рисандиаи инсонӣ аст, вале аз онҷо ки «дин» ва «мазҳаб» дар боварии бештари сифоти ахлоқӣ, кумаки шоёне мекунанд ва суфоришҳо ва тавсияҳои зиёде дар ҷиҳати некхуӣ ба мутадаййинон доранд. Аз инру, ҳар кас ки аз эмони бештар бархурдор бошад, аз рафтори неку ва кароматҳои ахлоқии бештаре баҳраманд аст.[4] Пайғамбар(с) фармуданд:

»Ахлоқи нек, нисфи дин аст».[5]

Дар сухани дигар, Ислом ва мусалмониро дар хуахлоқӣ муаррифӣ кардааст; мефармояд:

«Дини Ислом, хушахлоқӣ аст».[6]

Дар зиндагии хонаводагӣ хушахлоқии ҳамсарон бо якдигар то ҳатти зиёде аз эмон ва бовари қалбии онон сарчашма мегирад. Инсоне ки ба хотири тавсияҳои динӣ бовар дорад ки бадахлоқӣ бо ҳмасар ва фарзандон муҷиби азоби илоҳӣ ва аз он ҷумла фишори қабр аст, ба таври қатъ дар бархурд ва рувиши ахлоқии худ диққат  хоҳад кард то хушнудии Худоро ба даст оварад ва бар хилофи ризои Ҳақ қадаме банадорад ва ҷуз некхуӣ ва гушодаруӣ аз ӯ мушоҳида нашавад.

Дар ривояте омада аст ки ба Пайғамбар(с) хабар доданд ки фалон шахс зани хубе аст, рӯзҳо руза дорад ва шабҳо ибодат мекунад, вале бадахлоқ аст ва бо забонаш ҳамсоягонро озор медиҳад. Пайғамбар(с) фармуд:

«Ҳеч хайру хубӣ дар ӯ нест, вай аҳли дузах аст».[7]

Барои равшан шудани таъсири бадахлоқӣ дар гирифтор шудани инсон ба азоби илоҳӣ, тааммул дар моҷарои дафни Саъд ибни Маоз судманд аст. Пайғамбар(с) дар маросими тадфини Саъд ибни Маоз ки муҷоҳид ва ёри бовафои он Ҳазрат(с) буд, аз ӯ таҷлил кард ва иҳтироми зиёзе барояш қоил шуд. Модари Саъд вақте рафтори Пайғамбар(с)-ро мушоҳида кард, гуфт: писарам! Биҳишт бар ту гуворо бод. Расули Худо(с) фармуд: эй модари Саъд! Ин гуна қазоват макун, зеро саъд акнун гирифтори фишори қабр аст. Ёрони Пайғамбар(с) бо тааҷҷуб пурсиданд: бо ин ҳама иҳтирому таҷлили шумо, чаро ӯ дучори фишори қабр аст? Ҳазрат фармуд:

«Ӯ дар рафтор бо хонаводааш мухтасар тундӣ доштааст».[8]

  1. Тамрин

Тамрини яке аз авомили рушд ва парвариш сифоти ахлоқӣ аст. Барои анҷоми рафтору кирдори писандида, бояд тамрин кард то ба он одат намуд. Ҳазрати Алӣ(а) фармуд:

«Нафсатро ба анҷоми аъмоли писандида одат деҳ».[9]

Тамрину такрор нисбат ба як хислати зебо ё зишт, онро ба сурати одат ё табиати дуввуми инсон дар меоварад. Ҳазрати Алӣ(а) фамуд:

«Одат табиати дуввум аст».[10]

Вақте чизе ба сурати одат даромад, ба тадриҷ аъзо ва ҷавореҳи инсонро маҳор карда, бар вуҷуди ӯ мусаллат мешавад; ба фармудаи Ҳазрати Алӣ(а)

«Одат бар ҳар инсоне ҳукумат мекунад».[11]

Дар ҳар издивоҷе, зару шавҳар ба муҳите қадам мегузоранд ки зиндагӣ дар он барои онон тозагӣ дорад. Аз инру, бар онон лозим аст дар рафторашон бо якдигар ба фазоили ахлоқӣ ва одоби мутаносиб бо зиндагии хонаводагӣ таваҷҷуҳ дошта бошанд ва бо тамрин барои эҷоду касби арзишҳои ахлоқӣ бикушанд то кам-кам ба сурати малака дарояд, ба гунае ки бидуни ҳеч заҳмате ва ба роҳатӣ бо ҳамсару фарзандони хеш, рафтори нек дошта бошад. Ҳамон ҳазрат фармуд:

«Одати неку барои анҷоми амали нек, кифоят мекунад».[12]

Б- мазоҳири хушахлоқӣ

Дар муҳити хона ва хонавода, ба суратҳои гуногун метавон хушахлоқиро нишон дод ва муҳаббат ва самимиятро ба армағон бурд. Инак ду ҷилваи зебои хушахлоқиро ки таъсири бисёре дар эҷоди унсу маваддат миёни ҳамсарон дорад, тавзеҳ медиҳем.

  1. Нармхуӣ

Аз вежагиҳои афроди муъмин, нармхуӣ ва рафтори ҳамроҳ бо мулотифат ва фурутанӣ аст. Алӣ(а) фармуд:

«Ҳамоно муъминон, фурутан ва нармхуянд».[13]

Рафтори зану шавҳар бар асоси нармхуӣ, базри дустӣ ва сафоро дар дил мекорад ва кина ва ихтилофро аз байн мебарад. Ҳамон ҳазрат фармуд:

«Ҳар кас хуи намтаре дорад аз муҳаббти доимии дудмонаш бархурдор хоҳад буд».[14]

Бо нармхуӣ, тавфиқи инсон дар зиндагӣ ҳамроҳ бо сулҳу оромиш бештар мешавад, зеро бозтоби манфӣ надошта, муҷиби ҳамкории дигарон бо инсони нармху хоҳад буд. Гоҳе ҳам нармхуӣ бо афроди хашмнок ва дуруштху, мояи хушрафтории онон мегардад. Ин масъала дар муҳити хонавода ба шакли бозтаре худнамоӣ мекунад, бадин ҷиҳат, нармхуӣ беҳтарин равиш барои муваффақият дар хонавода ва парҳез аз ихтилофот ва даргирӣ аст. Алӣ(а) фармуд:

«Дар баробари касе ки бо тӯ дуруштӣ мекунад, нармху бош, зеро зуд бошад ки нисбат ба ту намхуӣ кунад».[15]

Албатта мақсуд аз намхуӣ, сустӣ ва бетафовутӣ нест, чаро ки муъминон дар айни ҳол ки нармху ҳастанд, аз сустӣ ва касолат ба дуранд ва дар ҳоле ки қотеъ ва ҷиддӣ ҳастанд, аз хушунат ва тундхуӣ барканоранд. Ҳамон эмом фармуд:

«Нарм бош бидуни заъф, сахт бош бидуни хушунат».[16]

2- нармзабонӣ

Яке дигар аз мазоҳири хушахлоқӣ, нармзабонӣ ва хушгуфторӣ аст. Мақсуд аз нармзабонӣ ин аст ки инсон барои баёни мақосиди худ аз суханони мулоим ва гуфтори муҳтарамона истифода кунад ва аз хушунат ва тундӣ дар гуфтор бипарҳезад. Қуръони Карим, яке аз одоби таблиғ ва даъватро нармзабонӣ дониста, хитоб ба ҳазрати Мусо ва Ҳорун(а) мефармояд:

Сураи Тоҳо, ояти 44.

Пас ба нармӣ бо ӯ (фиръавн) сухан бигуед.

Намзабонӣ дар муҳити хонавода, ағлаб заминаи даргирӣ ва нороҳатиро аз байн бурда, масоили ихтилофиро ҳал менамояд ва муҳаббату созгориро дар конуни хонавода ҳукмфармо мекунад. Амири муъминон(а) фармуд:

«Забонатро ба гуфтори нарм ва салом додан одат бидеҳ, то дустонат зиёд ва душманонат кам шаванд».[17]

Байни ахлоқ ва гуфтори инсон, иртиботи комил вуҷуд дорад ва ҳар гуна тағйир дар ахлоқ, таъсири амиқе дар шеваи баён ва навъи гуфтори инсон мегузарад. Ба унвони мисол, дар гуфтори инсони бадахлоқ, тундӣ ва хушунат мавҷ мезанад ва қисмати зиёде аз бадхулқии ӯ аз маҷрои гуфтораш буруз пайдо мекунад. Баръакс, ахлоқи неку дар гуфтори низ таъсири некуе хоҳад гузошт ва сухани инсонро аз латофати хомн бархурдор месозад. Амири муъминон(а) фармуд:

«Ҳангоме ки ахлоқ неку шавад, сухан латиф гардад».[18]

Ҷ- осори хушахлоқӣ

Нақши ҳусни хулқ дар таъмин саодати зиндагии хонаводагӣ бисёр амиқ ва фарогир аст ва дар тамоми шууни зиндагӣ аз қабили равобити ахлоқии зану шавҳар ва низ шеваи тарбияти фарзандон, асар мегузорад. Дар инҷо танҳо ба ду асари арзандаи он басанда мекунем:

  • Эҷоди унсу муҳаббат

Унсу муҳаббат аз ниёзҳои ибтидоӣ ва зарурии конуни хонавода аст ва зиндагӣ бидуни он дуҷори нобасомониҳои фаровон мешавад. Унси зану шавҳар нисбат ба якдигар, ҷуз дар партави хушахлоқӣ ва некрафторӣ ҳосил намешавад. Ҳар кас ки дустдори муҳаббат ва хоҳони нуфуз дар дили дигарон аст, ҳеч роҳе беҳтар аз хушахлоқӣ нахоҳад дошт. Амири муъминон(а) фармуд:

«Хушхулқ бош, ки бароят ҷалби муҳаббат мекунад».[19]

Инсони хушахлоқ ҳамвора бо забони нарм бо дигарон сухан мегуяд, бадин ҷиҳат ононро таҳти таъсир қарор дода, муҳаббаташонро ба худ ҷалб мекунад. Ҳазрати Алӣ(а) фармуданд:

«Бар асари нармхуӣ, дигарон бо инсон маънус мешаванд».[20]

Касе ки ҳамвора бо ҳамсараш бадхулқӣ ва бадрафторӣ мекунад ва бо забони тунду хашин бо ӯ сухан мегуяд, набояд интизор дошта бошад ки ҳамсараш бо ӯ маънус шуда, нисбат ба ӯ авотиф ва эҳсосоти дустонае иброз кунад. Бадахлоқӣ ва хушунат, ҷуз ба дурии ҳамсарон аз якдигар ва саркубии авотифи муҳаббатомези онҳо мунҷар намешавад. Танҳо дар партави хушахлоқӣ бо ҳамсар аст ки метавон унсу муҳаббатро дар муҳити хонавода бавуҷуд овард ва риштаи дӯстиро маҳкам намуд. Ҳазрати Алӣ(а) фармуд:

«Хушахлоқӣ муҳаббатро ба ҳамроҳ меоварад ва дустиро пойдор месозад»[21]

  • Аз байн нафтани заминаи ихтилофот

Хушахлоқӣ яке аз беҳтарин равишҳои ҳалли мушкилот ва даргириҳои хонаводагӣ аст ва бо оби некхуӣ метавон оташи хушунат ва кудуратро хомуш сахт ва муҳити оканда аз сафо ва дустӣ ба вуҷуд овард ва зиндагиро ширин сохт; бадин ҷиҳат Амири муъминон(а) фамуд:

«Бо хушахлоқӣ зиндагӣ ширин ва неку мешавад»[22]

Ҳамчунин фармуд:

«Ҳар кас ахлоқаш неку шавад, муошираташ покиза ва нек мегардад»[23]

[1] . Биҳоруланвор, ҷ71, саҳ 389.

[2]. Шарҳи Ғурарул ҳикам, ҷ3, саҳ.393.

[3] . Шарҳи Ғурарулҳикам, ҷ3, саҳ 392.

[4] . Имон яке аз авомили рушди хушахлоқӣ аст, вале мумкин аст касе эмон дошта бошад, лекин ба хотири фуқдони авомили дигар, хушахлоқӣ набошад, баракс онҳам имкон дорад.

[5]. Биҳоруланвор, ҷ71, саҳ 385.

[6] . Канзул уммол, ҷ3, саҳ 17.

[7] . Баҳоруланвор, ҷ71, саҳ.394.

[8]. ҳамон, ҷ.73, саҳ 297_299

[9]. Шарҳи Ғурарул ҳикам, ҷ4, саҳ 329.

[10]. Шарҳи Ғурарулҳикам, ҷ4, саҳ 329.

[11]. Шарҳи Ғурарулҳикам, ҷ1, саҳ 185.

[12]. Шарҳи Ғурарул ҳикам, ҷ4, саҳ.577.

[13] . Шарҳи Ғурарулҳикам, ҷ 2, саҳ.540.

[14]. Баҳоруланвор, ҷ.40, саҳ.163.

[15]. Наҳҷулбалоға, Файзулислом, номаи 31, саҳ 932.

[16]. Шарҳи Ғурарул ҳикам, ҷ4, саҳ.65.

[17]. Шарҳи Ғурарулҳикам, ҷ4, саҳ 329.

[18]. Шарҳи Ғурарул ҳикам, ҷ3, саҳ.143.

[19]. ҳамон, ҷ.4, саҳ.288.

[20]. Шарҳи Ғурарул ҳикам, ҷ3, саҳ.217.

[21]. Шарҳи Ғурарул ҳикам, ҷ3, саҳ 418.

[22]. ҳамон, саҳ 218.

[23]. Шарҳи Ғурарул ҳикам, ҷ5, саҳ.238.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.