Эҳтироми шахсияти кӯдак

72

Равишҳои тарбият (идомаи матлаб)

Паёмбари Акрам(с) гоҳе ба хотири фарзандон ва наберагони худ, Имом Ҳасан ва Имом Ҳусейн, саҷдаи намозро тӯлонӣ мекарданд ва замоне ба далели гиряи фарзандони дигарон, намозро зудтар ба поён мерасонданд.

Паёмбар(с0 ба кӯдакон эҳтиром мегузоштанд ва дарси парвариши шахсияти кӯдаконро ба мардум меомӯхтанд.

Аз Паёмбари Акрам(с) ривоят шудааст:

“Фарзандони худро эҳтиром кунед ва ба одоб ва равишҳои писандида бо онҳо муошират намоед”.

Вақте номи фарзандатонро мебаред, ӯро гиромӣ доред ва дар маҷлис барояш ҷо боз кунед ва бо туршрӯӣ бо ӯ бархурд накунед.

***

Дар идома ба роҳҳои шахсият додан ба фарзанд ишора хоҳем дошт:

1 – Салом кардан

Яке аз роҳҳои шахсият додан ба фарзанд, салом кардан ба ӯст.

Расули Акрам(с) мефармуданд:

“Панҷ чиз аст, ки то лаҳзаи марг онҳоро тарк намекунам,… яке аз онҳо салом кардан ба кӯдакон аст. Ин аъмолро ҳамеша анҷом медиҳам то пас аз ман байни мусалмонон роиҷ гардад”.

Кӯдаке, ки ба ӯ салом кунанд ва ба ин васила ба вай эҳтиром намоянд, лаёқат ва шоистагии худро бовар мекунад ва аз кӯдакӣ эҳсос мекунад, ки дигарон барои ӯ аҳамияту арзиш қоиланд.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.