Иртибот байни хоб ва робитаи ҷинсӣ

72

Аксари мо хоби шабонае, ки дарёфт мекунем ба маротиб камтар аз теъдоди соатҳои тавсия шуда мебошад. Дар ҳоле, ки мизони дақиқи хоби мавриди ниёзи шабона аз шахсе ба шахси дигар бар асоси тафовут дар чарха ва одатҳои хоби мо мутафовит аст, мутолиоти сурат гирифта нишон додааст, ки бузургсолон ба таври маъмул ба хоби шабона байни 7 то 9 соат ниёз доранд. Назарсанҷиҳо ва мутолиоти болинӣ нишон додаанд, ки имрӯза бузургсолон ба таври мутавассит хоби шабонаи камтар аз 7 соатро дарёфт мекунанд, ҳар чанд ин кор сабаби мушкилоти саломати равонӣ ва ҷисмӣ мешавад.

Камбуди хоби тӯлонӣ муддат боиси афзоиши хатари ибтило ба мушкилоти пизишкии ҷиддӣ монанди бемориҳои қалбӣ, анвои саратонҳо ва ихтилолҳои асабӣ мешавад ва ҳаминтавр рӯҳия ва шахсияти шахсро ҳам таҳти таъсир қарор медиҳад. Пажӯҳишҳои болинии хоб нишон додааст, ки хобидани камтар аз 8 соат дар шаб мумкин аст сабаби изтиробу ташвиш ва бемории афсурдагӣ ва мушкилоти саломати равонӣ шавад, ки дорои зарарҳои густурдае аст. Илова бар ин, ки ин вазъият сабаб мешавад ҳисси нохуше дошта бошед, мумкин аст робитаи шумо ба хусус робитаи ҷинсиатонро таҳти таъсир қарор диҳад.

Мутолиот нишон додаанд, ки камбуди хоб метавонад ҳам дар мардон ва ҳам дар хонумҳо сабаби коҳиши сатҳи тестестурон шавад. Камбуди хоб ҳам метавонад сабаби коҳиши майли ҷинсӣ ва ҳаминтавр метавонад сабаби баъзе мушкилоти амалкарди ҷинсӣ шавад. Таъсироти зиёди камбуди хоб метавонад шомили хастагии зиёд, энержии кам ва хоболудагӣ бошад, ки мавридҳои гуфта шуда метавонанд бар рӯйи майли ҷинсии афрод асаргузор бошанд.

Мардоне, ки байни соатоҳои 8 то 11 шаб мехобанд, таҳаррук ва теъдоди спермҳояшон дар беҳтарин вазъияти мумкин аст ва фурсати бештаре барои борвар кардани тухмак доранд.

Муҳаққиқони пизишкии донишгоҳи Мидлсбро баъд аз мутолиа бар рӯйи одатҳои хоби беш аз 981 марди солим, ки байни соатҳои 8 то 10, 10 то нимаишаб ва баъд аз нимаишаб мехобиданд ва намуна бардорӣ аз моеъ манӣ ва баррасии теъдод, зоҳир ва таҳарруки спермҳояшон мутаваҷҷеҳ шуданд, тӯли умр ва теъдоди спермҳои мардоне, ки баъд аз нимаишаб мехобанд дар муқоиса бо дигар ашхоси ҳозир дар ин мутолиа бисёр камтар аст.

Доктор Хосе Пасандберг, устоди бахши пизишкии донишгоҳи Мидлсбро ва сарпарасти ин мутолиа гуфт: “Хобидан баъд аз нимаишаб ва истироҳати нокофӣ, мизони анти бодии зидди сперм, ки тавассути системаи эминии бадан тавлид мешавадро афзоиш медиҳанд”.

Пажӯҳишгарони бахши пизишкии донишгоҳи Сеул пай бурданд, қудрати борварии мардоне, ки дар утоқҳои пур сару садо мехобанд камтар аз ҳам ҷинсонашон аст, ки дар сукут мехобанд.

Доктор Ҷеймс Нодлер, пизишки мутахассиси ғуддаҳо ва ноборварии бемористони шаҳри Ҳостон гуфт: “фикр мекунам қарор гирифтани мардон дар баробари ҳаргуна омили изтиробовар мисли утоқи хоби пур сару садо ва… Метавонад қудрати борварии мардонро кам кунад. Омилҳои изтиробовар метавонанд изтиробҳои хуфтаро зоҳир намуда ва заминаи пайдоиши мушкилоти хоб ва борвариро фароҳам кунанд”.

Бар асоси гузорише, ки маркази контрол ва пешгирӣ аз бемориҳои Амрико нашр кардааст, дар ҳудуди 15 дарсад аз ҳамсарони амрикоӣ баъд аз гузашти як сол аз издивоҷ наметавонанд бача дор шаванд. Омилҳои мутааддиде дар пайдоиши ноборварӣ дар занону мардон муассир ҳастанд. Аксари мардони ноборвар бо мушкилоте дар зоҳир ҳаракат ва теъдоди спермҳо рӯбарӯ ҳастанд.

Чигуна хоб ва равобити ҷинсиатонро беҳбуд бахшед?

Барои итминон аз ин, ки баданатон омодаи робитаи ҷинсӣ аст, роҳнамоиҳои Ниҳоди миллии хобро думбол кунед ва шабона байни 7 то 8 соат бихобед. Донишмандони хоб мегӯянд: Метавонед баста ба кору фаъолияти шабонарӯзии худ, барои беш аз 8 соат хоби шабона барномарезӣ кунед. Дар сурате, ки субҳ бо ҳисси оромиш аз хоб бедор нашудед, эҳтимолан нишонааш ин аст, ки ба хоби бештаре эҳтиёҷ доред.

Барои беҳбуди кайфияти хоб, муҳим аст, ки дар тӯли рӯз бар рафторҳое тамаркуз кунед, ки таъсири мустақиме бар хоб доранд. Мутмаин шавед, ки истифодаи шабонаи кофеин ё муҳаррикҳои дигарро маҳдуд намудаед ва талош кунед ҳаддиақал ба таври мутавассит 30 дақиқа дар рӯз варзиш кунед то ба хоб рафтани табиии баднтон кумак кунед.

Ба ёд дошта бошед, ки тамоми сафҳаи намоишҳоро дар шаб хомӯш кунед ва телефонатонро берун аз утоқ бигузоред. Нур сунъӣ метавонад сабаби коҳиши ҳормони мелатонин ва бедор мондани шумо шавад ва оромиши шабона рӯзии баданатонро муддатҳо пас аз хомӯш кардани сафҳаи намоиш бо мушкил рӯбарӯ кунад. Ба алова, дар сурате, ки шумо ё шарикатон ҳар шаб вақтатонро сарфи нигоҳ кардан ба телефон дар рахти хоб мекунед, ба эҳтимоли зиёд  ҳавсалаи робитаи ҷинсӣ нахоҳед дошт.

Саломати ҷинсӣ ва кайфияти хоб, робитаи амиқе бо якдигар доранд. Робитаи ҷинсӣ пеш аз хоб, ба беҳтар хобидани шумо кумак хоҳад кард, ки ба навбаи худ метавонад робитаи ҷинсии шуморо ҳам беҳбуд бахшад. Дар ҳоле, ки робитаи ҷинсии фаъол, танҳо роҳ барои доштани як хоби муносиб дар шаб нест, қатъан хоби кофӣ барои амодагии бадан барои робитаи ҷинсӣ зарурӣ аст. Хоби кофӣ ба шумо итминон медиҳад, ки аз энержӣ ва тавони лозим барои анҷоми робитаи ҷинсӣ бархурдор ҳастед, зимни инки хоби кофӣ ба бадани шумо иҷоза медиҳад то ҳормонҳои худро танзим кунед то барои фаъолияти ҷинсӣ омода шавед.

Пас тавсия мешавад, ки ба андозаи кофӣ бихобед то робитаи ошиқонаи шумо бо ҳамсартон идома дошта бошад ва мушкиле шуморо таҳдид накунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.