Хорхосак ва мӯъҷизаи афзоиши қуваи ҷинсӣ

107

Дар тибби суннатӣ хорхосакро бо номҳои хасак, ҳасак, шукӯҳаҷ ва шукӯҳанҷ мешиносанд.

Аз барг, дона, мева ва решаи гиёҳи хорхосак ва гоҳе вақтҳо ҳам аз тамоми қисматҳои ин гиёҳи муфид ҷиҳати истифодаҳои доруӣ ва дармонӣ баҳрабардорӣ мешавад. Аз меваи хорхосак бештар истифода мешавад.

Хосияти хорхосак ба таври хулоса

Мушкилоти дафъи пешоб, покии хун, дармони мушкилоти гурда

Арақ овардан ва таб бар дафъи сангҳои гурда ва роҳи пешоб, афзоиш диҳандаи қуваи ҷинсӣ

ором кардани дарди шикам, подзҳри заҳри морҳо

дармон кунанда захми роҳи пешоб

Кӯмак ба дармони сӯзок

дармони захмҳои ласа, даҳон ва ҳалқ

Коҳиш диҳандаи фишори хун

Қоида овар

Шир афзо

Зидди таб

Зидди бод

Қавӣ кардани меъда

Гушод кунандаи рагҳо

Кирм куш

 Табиати хорхосак

Хорхосак гиёҳи бо табиат гарм ва хушк аст.

Хорхосакро дар сурате истифода кунед,кӣ:

1- Қанди хунатон болост ё дёбет доред ва ночоред ҳамеша доруҳои химиявии гуногун масраф кунед то дучори марази ин беморӣ нашавед. Истифода аз хорхосакро ҳамчун доруи гиёҳии муассир дар коҳиши қанди хун ва дармони диёбет ҷойгузини доруҳои химиявӣ кунед ва натиҷаи асарбахши онро мушоҳида кунед.

2- Аз васпалении роҳҳои пешоб ранҷ мебаред, дар дафъи пешоб мушкил доред тавре, ки метавон гуфт банд омадааст, ба далели мушкилоти гурда дард мекашед ё санге дар гурда ва масонаатон аст ва бояд дафъ шавад. Хосияти пешобовар будани хорхосак сабаб мешавад то санги гурда ва масона зудттар дафъ шавад ва илова бар он васпаленияҳои роҳои пешоб аз байн биравад ва дар ниҳоият сабаби оромиш ва коҳиши дард дар ин ноҳияҳо шавад.

3- Аз нзари қудрат ва тавоноии ҷинсӣ заиф шудаед ва думболи роҳи дармон барои аз байн бурдан ё коҳиши ин мушкил ҳастед. Истифода аз дона ё тухми хорхосак ҷиҳати дармон ва тақвияти қуваи ҷинсӣ муфид аст ё метавонед миқдори нахӯди хомро дар обе, ки хорхосак дар он ҷӯшонда шудааст, тар кунед ва иҷоза диҳед муддате бимонад то нахӯд нарм шавад. Масраф ин нахӯд агар ба сурати контролшуда ва тибқи барнома бошад дар афзоиши неруи ҷинсӣ бисёр муассир аст.

4- Ба тозагӣ зоимон доштаед ва бадани шумо заиф шудааст ва бояд тақвият шавад. Хорхосак истифода кунед то боис тақвият ва афзоиши қудрат ва тавони ҷисмӣ ва тавони умуми бадани шумо шавад.

5- Ба далелҳои гуногун мумкин аст захм ва ё офате дар даҳон дошта бошед ва дард ба лсаҳо расида бошад ва ин мушкили ноҳияҳои даҳонро варам гардонидааст. Барои дармони гиёҳии захми даҳон метавонед оби хорхосакро бо асал таркиб кунед ва ин таркибро дар даҳон маза кунед то захм, васпалений ва варамро аз байн бард.

6- Барои ҳифз ё афзоиши таносуби ондоми худ сӯроғи варзишгоҳҳои баднсозӣ рафтаед ва аз тағзияи хоссе ба номи такмилкунандагон истифода мекунед то гушти бадани тануманд ва қавӣ дошта бошед ва ба зоҳири мутаодил бирасед. Шояд тааҷҷуб кунед, агар бишнавед истифода аз хорхосак дар канори ин такмилкунандаҳо ҳамон кори тақвияти моҳича, гушт ва афзоиши қудрат ва тавони баданиро анҷом медиҳанд. Кофӣ аст як бор имтиҳон кунед ва аз он ба баъд барои ҳамеша дар барномаи худ дошта бошед.

7- Дар гуруҳи касоне ҳастед, ки изофаи вазн доред ё фарбеҳ ба ҳисоб меоед. Барои расидан ба вазни миёна ва ҳифзи зебоӣ ва таносубӣ масрафи хорхосакро ба шакли ҷушонда ҳамчун роҳи дармони гиёҳӣ интихоб кунед.

8- Ҳамонанди бисёре аз афроди гирифтори дарди буғум ва камардард ҳастед. Аз байн давоҳҳои гуногуне, ки аз хорхосак ҳосил мешавад агар ин навоҳии аз бадан, ки дард доредро бо равғани хорхосак масаж диҳед таъсири фавқулъодае дар коҳиш ё аз байн рафтани дард дорад.

9- Бод доред, амалкарди дастгоҳи амалкунандаи бадани шумо дучори халал шуда ва гоҳе ба юбусат мубтало мешавед. Барои дармони гиёҳии ин мушкилот, интихоби хорхосак давои муносибе аст.

10- Эҳсос мекунед ҳар чӣ ғизо мехӯред боз ҳам бадани шумо талабкунандаи ғизои бештаре аст ва метавон гирифтори зиёда хурӣ шудаед, мумкин аст бо масрафи ғизои хос дучори заҳролуд шуда бошед ё ҷигари заифе доред ва ҷиҳати беҳбуди амалкарди он бояд мудово шавед. Истифода аз хорхосак якроҳи дармони гиёҳии бисёр муфид ҷиҳати аз байн бурдани ин мушкилот ва бемориҳо аст.

11- Фишори хуни болое доред ва барои дармон ва ба расидани ба миқдори муътадили он маҷбур аз масрафи доруҳои гуногуни химиявӣ ҳастед. Хуб аст бидонед, ки таркиботе дар хорхосак вуҷуд дорад, ки асари фавқулъодае дар коҳиши фишори хун дорад; Бинобарин гиёҳи доруии хорхосакро ҷойнишини доруҳои химиёявӣ пурхатар кунед.

12- Дигар хусусиятҳо ва хосияти муфиди хорхосакро метавон дар мавориде дармони дарди шикам, дармони мушкилоти гурда, дармон ниқрис(варами буғуми поҳҳо), аз байн бурдани ҳасосиятҳои пӯстӣ, дармони агзимо (навъи бемории пустӣ), афзоишдиҳандаи манӣ ва афзоиши нуъуз, соф кунандаи хун ва афзоиш нишот ва шодобии пӯст феҳрист кард.

 Анвоъ шакли масрафи хорхосак

Барои инки аз хосияти хӯрокӣ, дармонӣ ва доруии гиёҳи хорхосак баҳраманд шавед, метавонед онро ба шаклҳои гуногун истифода кунед, ки дар баргирандаи мавориди зер аст:

* Дамнуши хорхосак ё чои хорхосак: Ҳудуди 2 то 5 гарм аз хорхосакро дар як стакони оби ҷӯш изофа кунед ва як рӯ пуша бар рӯи он қарор диҳед ва байни даҳ то 15 дақиқа сабр кунед то дам бикашад ва дар ниҳоият софшуда ин дамнуши муфидро майл кунед

*Оби хорхосак: Аз оби хорхосак ҳам ҳамчун роҳи дармонӣ барои мушкилоте, ки зикр шуд истифода мешавад, аммо аз лиҳози иқтисодӣ истифодаи хорхосак ба сурати дамнӯш ва чой арзон аст. Илова бар он чун ҳолати табиитаре дорад аз зарарҳои эҳтимолӣ истифода аз оби гиёҳӣ ба далели зиёд шудан дар корхонаҳои гуногун дар амон хоҳед буд. Албатта ин нуктаро ҳам метавон зикр кард, ки оби хорхосак дардисарҳои омода кардани чой ва дамнушро надорад ва бидуни аз байн бурдани вақт метавон аз он истифода кард; Бинобарин шояд гоҳе ба ин далел бихоҳед аз оби ин гиёҳ истифода кунед.

* Равғани хорхосак: аз равғани хорхосак ҳам метавон барои дармон ва тақвият системаи эминии бадан ва коҳиш ва ором кардани дардҳо истифода кард.

муллоҳизот дар мавриди истифодаи хорхосак:

_ Беҳтар аст хонумҳои бордор аз истифодаи хорхосак дар ин даврон ҷилавгирӣ кунанд.

_ Истифодаи хорхосак дар даврони ширдиҳӣ ҳам беҳтар аст бо дастури пизишки мутахассис ва огоҳи тибби суннатӣ бошад.

_ Барои касоне, ки мушкил прустот доранд, ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои эҳтимоли баъд аз истифода, беҳтар аст дар мавриди истифода ё истифода накардан аз хорхосак бо пизишки муолиҷа кунанда ва огоҳи худ, маслиҳат кунанд.

_ Истифодаи ҳар моддаи хӯрокӣ ё доруӣ бояд дар ҳадди миёна бошад то дучори касалиҳои ҷонибӣ сарчашма гирифта аз истифодаи беш аз ҳадди он нашавад, бинобарин барои истифода аз хорхосак ҳам риояти ин нукта зарурӣ аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.