Муҳимтарин омилҳо дар рушди ахлоқии кӯдакон ва навҷавон-2

226

Идомаи мабҳас

Яке аз масоиле, ки зеҳни падару модарон ва мураббиёнро ба худ машғул доштааст, рушди ахлоқии кӯдакон ва навҷавонон аст. Дар ин навишта ба омилҳои муассир дар ин мавзӯъ ишора хоҳад шуд. Бо мо ҳамроҳ бошед.

***

Муҳимтарин омилҳои муассир дар таҳавулоти ахлоқиро, ки метавон аз Қуръон истифода намуд ва ба гунае бар рушди ахлоқии фарзандон низ ишора дошта бошад ва дар китобҳои ахлоқӣ низ ба таври муфассал ба он пардохта шуда, ба шаҳри зер аст:

1 – Варосат

2 – Хонавода

3 – Муҳити иҷтимоӣ

4 – Нақши дӯстон

5 – Авомили эътиқодӣ

***

2 – Хонавода

Яке аз авомиле, ки дар рушди ахлоқии инсон бисёр муассир аст, хонавода мебошад.

Хонавода интиқолдиҳандаи арзишҳо ва қавонин ба фарзандон ҳастанд.

Авомили мутааддиде метавонад аз тариқи хонавода дар рафтори кӯдакон навҷавонон ва ҷавонон муассир бошад. Ин авомил метавонад ҷанбаи осебзоӣ пайдо кунад, ки ҳар қадар мизони осебзоии шадидтар бошад, ба ҳамон нисбат таъсири манфии хонавода дар шахсияти фард бештар хоҳад буд.

Мутаасифона дар аксари ҷомеаҳо, хонавода бар асари пазириши тағироти иҷтимоӣ фарҳангӣ ва мунфаил шудан дар баробари сиёсатҳои зиддиарзишии фарҳангсозони расонаӣ, бахше аз амалкардҳои мусбати худро аз даст медиҳад.

Аҳамияти тарбияти ахлоқӣ дар хонавода ба ин лиҳоз аст, ки дар бисёре аз маворид каҷрафтории фарзандон ношӣ аз адами вуҷуд ё бесуботии қавонини ахлоқӣ дар зиндагии рӯзмарра аст. ба ин маъно. Ки мумкин аст дар муҳити хона, усул ва арзишҳои рафторӣ рӯшан набошад ё афроди хонавода бо навъе бетафовутӣ ва беалоқагӣ бо ин гуна масоил бархурд кунанд.

Хонаводаҳо дар сурати ироаи саҳеҳи улгуҳои арзишӣ нақши зиёде дар рушду тақвияти ҳувияти мазҳабӣ ва руҳи динии фарзандон хоҳанд дошт.

Навҷавон ва ҷавон дар хонаводаҳои ошуфта, бо мушкилоти бешуморе ба хусус дар заминаи ахлоқӣ рӯбарӯ мешаванд.

Хонаводаҳои мутазалзил, ки бар асари талоқ ё марг аз ҳам фурӯ пошидаанд, муҳити мусоидтаре барои рушди разоили ахлоқӣ доранд. Ҳамчунин ихтилофоти шадиди хонаводагӣ монеи эҷоди равобити солим мешавад ва осори ин мушоҷирот ва даргириҳо то муддатҳо бар навҷавон боқӣ мемонад.

Дар таҳқиқоте, ки бар рӯи писарони навҷавони мактабхон анҷо шуда, ба ин натиҷа расидаанд ки навҷавонони хонаводаҳои шикастхӯрда, дар анҷоми фаъолиятҳои иҷтимоӣ ақибмондагӣ дошта ва афроди асабӣ, тундхӯ, бадбин ва ҳассос ҳастанд, ки дар муқоиса бо дигар бачаҳо омомдагии иниҳрофи бештаре доранд.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.