Чанд тавсияи муҳими зидди коронаӣ ба хонандагони мактаб

Дар даврони ҳамагирии корона хонандагони мактаб барои ҳузур дар мактаб бояд бархе нукоти беҳдоштиро риоят кунанд, то занҷираи интиқоли вирус қатъ шавад.

139

Бо оғози соли таҳсилӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон, ниҳодҳои беҳдоштӣ тавсияҳои муҳимеро барои пешгирӣ аз интиқоли коронавирус дар мактабҳо матраҳ мекунанд.

Хонандагон бояд дастони худро қабл аз вуруд ба мактаб ва ҳамчунин қаблу баъд аз поёни ҳар соати дарс ба муддати як дақиқа бо обу собун бишуянд.

Тавсия мешавад барои қатъи занҷираи интиқоли вирус тамоми кадри мактаб аз қабили мудир, сардори синф, муаллим, хонандагон ва хидматгузорон ҳатман аз ниқоби тиббӣ ва дасткаш истифода кунанд то шанси ибтило ба коронавирус ба ҳадди ақал бирасад.

Пас аз истифода аз ниқоби тиббӣ ва дасткаш низ ҳатман онҳоро дар кисаи пластикӣ бигузоранд ва дар як сатели партови дардор бияндозанд.

Хонандагони мактаб дар сурати эҳсоси ташнагӣ ба ҳеҷ унвон набояд аз обхӯрии мактабҳо истифода кунанд ва лозим аст ҳар хонанда қутичаи оби шахсӣ ба ҳамроҳ дошта бошад.

Хонандагон бояд қонуни фосилагузории иҷтимоиро риоят карда ва ҳадди ақал яку ним то ду метр аз якдигар фосила дошта бошанд.

Ҳамчунин ба хонандагон тавсия мешавад аз лавозим мактабии шахсии худ истифода кунанд ва аз дигарон чизе қарз нагиранд.

Тавсияи муҳими дигар ин аст, ки дару панҷараҳо дар синфҳои дарс бояд боз бошад то ҳаво дар дохили синфҳо ҷараён ёбад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.