Сабаби дер расидани ҳамешагии мардум (1)

Дер шуд вожае аст, ки бархе афрод ба он ҳассос ва бархе ба он беаҳамият ҳастанд, дер кардан ва ё дер расидани шумо ба баъзе маконҳо бисёр муҳим аст ва бояд роҳе барои таъхир накардан ба он маконҳо пайдо кард.

212

 

Ҳатман афродеро давру атрофи худатон доред, ки ҳамеша дер мекунанд ва дер шуди ин афрод метавонад марбут ба маҳалли кор, меҳмонӣ ё ҳар навъ макони дигаре бошад. Мумкин аст, ки хеле роҳат ба шумо занг бизананд ва иттилоъ диҳанд, ки дар замони аз пеш таъйиншуда мерасанд, аммо боз ҳам дер хоҳанд расид ва дар чунин шароите дер расидан ба як муъзали бузург барои ин афрод табдил мешавад, аммо дар ин мақола саъй дорем, ки бо зикри мисол ба шумо бигӯем, ки ин афрод бояд аз чӣ рафторҳое дурӣ кунанд.

 Агар шумо ҳам аз он даста аз афроде ҳастед, ки ҳамеша дер ба маҳалли кор мерасед ва чизе намондааст, ки ихроҷатон кунанд, беҳтар аст, ки бо мо ҳамроҳ бошед то бифаҳмед, ки далели ин иттифоқ чӣ хоҳад буд?!

 Нуктаҳои муҳим дар дер шудани замон

 Мафҳуми замон дар афроде, ки дер мекунанд

 Яке аз далоиле, ки афрод ҳамеша дер мекунанд, ин аст, ки онҳо мафҳуми заифе нисбат ба замон доранд, масалан чизе, ки мо ба унвони панҷ дақиқа медонем, онҳо 10 дақиқа тасаввур мекунанд ва дар натиҷа бидуни соат тахминҳои онҳо иштибоҳот мебошад.

 Мутолиае дар соли 2016 анҷом шудааст, ки дар он ба ҳар кадом аз афроде, ки дар ин озмоиш буданд, вазифае дода шуд, ки дар замони мушаххас анҷом диҳанд ва ҳамчунин ба онҳо тазаккур дода шуд, ки метавонанд дар ҳайни анҷоми кор, соатро ҳам нигоҳ кунанд ва албатта бештари афрод фаромуш мекарданд, ки ба таври муназзам соатро нигоҳ кунанд.

 Замоне, ки ин озмоиш анҷом шуд, комилан возеҳ буд, ки баъзе аз ширкаткунандаҳо мафҳуми беҳтаре аз ин доштанд, ки чиқадар замон гузаштааст ва баъзе дигар дар ин мавзӯъ заиф амал карданд ва афроде, ки ҳавосашон ба соат буд, дар замони таъйиншуда муваффақ ба тамом кардани кор шуданд.

 Сабабҳои дер шудани замон миёни мардум

 Рафтори худ, ҳавоспартӣ

 Яке дигар аз далоиле, ки афрод ҳамеша дер мекунанд, ин аст, ки онҳо рафторе доранд, ки худашон боиси ҳавоспартии худ мешаванд ва дар воқеъ даруни онҳо ба гунае аст, ки ҳамеша кореро анҷом медиҳанд, ки таъсири баде рӯи онҳо хоҳад гузошт ва наметавонанд онро мутаваққиф кунанд ва ин иттифоқот боис мешавад, ки афрод худашонро барои фаъолиятҳо ва ин, ки наметавонанд дар замон бошанд, муҷозот кунанд ва ин чарха боис мешавад, ки ҳеҷгоҳ натавонанд онро тарк кунанд.

 Камбуди назм

 гоҳе вақтҳо ин дер карданҳо метавонанд натиҷаи камбуди назм дар шахсияти ин афрод бошад. Агар гуфтаем дар чунин мавориде афрод огоҳ ҳастанд, ки замон дар ҳоли сипарӣ шудан мебошад, аммо боз ҳам кори худро тӯлонӣ мекунанд, вале метавонанд даст аз ин кор бардоранд.

 Баръакси касоне, ки мафҳуми заифе аз замон доранд, медонанд, ки дақиқан замон чигуна сипарӣ мешавад, аммо бо ин ҳол ба лаззат ва хушгузаронӣ ва тафреҳи худ бештар аҳамият медиҳанд ва мудом ин ҷумларо бо худашон такрор мекунанд, ки “фақат 5 дақиқаи дигар” ва ногаҳон мебинанд, ки замон ба суръат парвоз кардааст.

 Даргирии зеҳнӣ

 Баъзе аз вақтнашносҳо мегӯянд вақте, ки зеҳнашон даргири масоили бузургтаре аст аз гузари замон ғофил мешаванд ва наметавонанд боқии корҳои худро сар соати муаян анҷом диҳанд. Онҳо мегӯянд, ки вақте таҳти фишор қарор мегиранд кори дигаре аз дасташон сохта нест ва шабҳо ба иллати даргирии зеҳнӣ дер мехобанд ва наметавонанд субҳ аз хоб бедор шаванд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.