НАҚШИ МУҲИММИ ЗАНОН ДАР ХОНАВОДА

54

“Занон дар тӯли торихи ҳаёти инсон, таъсири бисёр шигарфе дар тамоми заминаҳои хонаводагӣ, аз ҷумла, иқтисодӣ, омӯзишӣ, тарбиятӣ, эътиқодот ва боварҳои динӣ, оромиши руҳию равонии аъзои хонавода, интиқоли мероси фарҳангӣ ва ғайра доштаанд ва муваффақияти хонавода, ҳамсару фарзандон дар гарави мудирияти саҳеҳ ва ҳушмандонаи зани хонавода аст”.

***

Имрӯз чӣ таоме барои аъзои хонаводаам омода кунам, ки муносибтар бошад?

Аз куҷо харид кунам, ки нархи муносибтаре дошта бошад?

Пули обу барқу телефон ва ғайраро чӣ гуна пардохт кунам, ки то охири моҳ камбуди будҷа надошта бошам ва будҷаи хонаводаро танзим кунам?

Ин пурсишҳо ва саволҳои мушобеҳи ҳамин зеҳни ҳамаи хонумҳои хонадор ва ҳатто хонумҳоеро, ки касбу кору даромад доранд, машғул кардааст.

***

Тамоми талоши бонувон дар хонавода ин аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба даромади хонавода, ба гунае харҷи хонаро танзим намоянд, ки на танҳо дар охири моҳ каму касре надошта бошанд, балки миқдоре ҳам пасандоз дошта бошанд.

Имрӯзҳо шароити иқтисодӣ дар ҳама ҷо сахт шудааст ва гарониҳо боис шудааст, ки бисёре аз хонаводаҳо бо мушкилоти иқтисодӣ рӯбарӯ бишаванд ва дар талошанд, ки аз ин чархаи саҳмгини иқтисодӣ ба саломатӣ берун биёянд ва зимни доштани мудирияти огоҳона, рӯзҳои ором ва бидуни машғалаҳои зеҳниро барои хонаводаи худ фароҳам кунанд.

Мудирияти иқтисодии манзил ва огоҳӣ аз зарофатҳои дахлу харҷ, кори ҳар касе нест ва зеҳни пӯё ва истеъдоди дурахшон мехоҳад, ки зимни назм додан ба хонавода, равобити муносибу мутаодиле эҷод кунанд, зеро агар назми иқтисодии хонавода баҳам хӯрад ва беназмӣ дар он падид ояд, дар он сурат, ҳамаи аъзои хонавода ба заҳмат меафтанд ва осоишу оромиши худро аз даст хоҳанд дод.

***

Рушди иқтисодии хонавода

Мард сарпарасти хонавода ва нигаҳбони аъзои хонавода дар баробари мушкилоти мухталиф аст ва зан низ сарпараст ва нигаҳбони аъзои хонавода ва масъули ҳифзи осоишу оромиши ҳамсар ва фарзандони худ аст.

Иқтидори зан нишондиҳандаи иқтидори мард аст ва ҳар қадар, ки занон дар хона мудири хубе бошанд, мудирони лоиқ ва коромаде ба ҷомеа таҳвил хоҳанд дод.

Ба гуфтаи дуктур Амонулло Қароӣ: “Занон дар тӯли торихи ҳаёти инсон, таъсири бисёр шигарфе дар тамоми заминаҳои хонаводагӣ, аз ҷумла, иқтисодӣ, омӯзишӣ, тарбиятӣ, эътиқодот ва боварҳои динӣ, оромиши руҳию равонии аъзои хонавода, интиқоли мероси фарҳангӣ ва ғайра доштаанд ва муваффақияти хонавода, ҳамсару фарзандон дар гарави мудирияти саҳеҳ ва ҳушмандонаи зани хонавода аст”.

Дуктур Қароӣ дар ин маврид ҳамчунин изофа кардааст: “Усулан иқтисоди ҷомеа ба иқтисоди хонавда ва фаъолиятҳои зану шавҳар бастагӣ дорад, иқтисоди ҷомеа вобаста ба таҷаррудгароӣ нест, ки мутаассифона ба далели камбуди имконот ва мушкилоти иқтисодӣ ва ғайра, дар ҳоли афзоиш аст. Балки баста ба фаъолиятҳои иқтисодии завҷайн аст. дар ҷомеае, ки таҷаррудгароӣ дар ҳоли рушд аст, иқтисод рушд намекунад албатта бояд миёни хонавода ва хонавор тафовут қоил шуд. Хонавор мумкин аст аз як фард ташкил шавад ё чанд донишҷӯ, ки бо ҳам зингдагӣ мекунанд, аммо хонавода аз зану шавҳар ташкил мешавад ва дар ин миён рушди иқтисодии ҷомеа бастагӣ ба хонаводаҳо дорад на хонаворҳо. Ба ҳамин далел, мудирияти занон дар манзил бисёр пураҳамият аст, чаро ки марди муваффақ дар берун аз манзилро зани муваффақ дар хона ҳидоят мекунад. вақте мард мебинад, ки дар хона оромиш дорад ва хотираш аз ҳама чиз роҳат аст, бо иштиёқу ангезаи бештаре кор мекунад. бинобар ин, мудирияти занон дар манзил короии мудирияти мардон дар берун аз хонаро афзоиш медиҳад”.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.