Навҷавон ва дину мазҳаб

77

 

Таълиму тарбият дар давраи навҷавонӣ

Тағйироти динӣ ва мазҳабӣ дар даврони навҷавонӣ

Навҷавонон дар ин марҳала аз зиндагонӣ, гароиши хоссе ба масоили динӣ ва маънавӣ пайдо мекунанд. Бештари писарон ва духтарон дар бораи мафоҳим ва ақоиди динии даврони кӯдакиашон пурсишҳое мекунанд ва ба ҳамин сабаб, давраи навҷавониро марҳалаи тардиди динӣ меноманд. Тағйироти динӣ ва мазҳабӣ дар давраи навҷавонӣ ба се шакл зоҳир мешавад:

1 – Давраи бедории динӣ: дар ин марҳала, навҷавон алоқаманд аст монанди падару модари худ, одобу русуми диниро анҷом диҳад.

2 – Давраи пурсишгарӣ: дар ин давра ба интиқод аз мафоҳими пазируфтаи динӣ мепардозад ва пурсишҳои мутааддиде матраҳ мекунад. Мекӯшад ба ҳақоиқ даст ёбад ва ниёзҳои худро посух диҳад.

3 – Давраи бозсозии динӣ: навҷавон эҳсос мекунад, ки ба ҳақоиқи динии тозае ниёз дорад.

Бинобар ин, бо таваҷҷӯҳ ба рушди шинохтӣ (маърифтӣ) дар даврони навҷавонӣ, довариҳои навҷавон бо гузашта тафовут дошта ва дар паи чароӣ ва чигунагии умур ва рухдодҳо мебошад ва дар заминаи динӣ азтариқи истидлол масоилро бояд барояш тавзеҳ дод ва то ҳадди мумкин бояд аз амру наҳй кардан парҳез кард ва бо ӯ ба унвони як мушовир рафтор намуд ва арзиш барои тафаккур ва изҳори назари вай қоил шуд.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.