Супоришоте ба бонувон

79

Ҳамсардорӣ

1 – Афзоиши ишқу алоқа

Меҳвари зиндагӣ ҳамоон тавре ки пештар низ баён кардем, ишқу алоқаи дутарафаи зану шавҳар аст. Ҳамон тавре ки бр мард шоиста аст, ба ҳамсари хеш меҳрубон бошад, ин амал бар зан низ шоиста ва зебанда аст.

Чунон ки дар ривояти зер омадааст:

“Ҳаққи мард бар зан он аст. ки чароғро рӯшан кунад ва таоми некӯ бипазад ва аз шавҳараш дами дари хона истиқбол кунад хуш омад бигӯяд ва бидуни иллат худро аз вай манъ накунад.

Сазовор аст, зан ҳамеша дар паи эҷоди муҳити босафо ва пур аз меҳру утуфат бошад ва чӣ нек аст, ки ҳаргиз аз баёни он чӣ ки ҷуз кудурату кина чизеро дар пай надорад, худдорӣ кунад.

2 – Кӯмак ба ҳамсар

Зан бояд ёру ёвари некӯ барои шавҳари худ дар ҳамаи умури зиндагӣ бошад. Ин амали вай махсусан дар водии ибодот ва воҷибот, савоби азиме дорад.

Расули Акрам(с) мефармоянд:

“Ҳар зане, ки шавҳарашро барои ҳаҷ ё ҷиҳод ё талаби илму дониш ёрӣ диҳад, Худованд ҳамон андоза, ки ба ҳамсари ҳазрати Айюб(а) савоб марҳамат фармуда, ба вай низ ато мефармояд”.

Аз Имом Содиқ(а) нақл шудааст:

“Ҳеч зане нест, ки ҷуръаи обе ба шавҳараш медиҳад, магар ин ки ин амали ӯ аз ибодати яксола, ки рӯзаш рӯза ва шабаш намоз бошад, бартар аст ва Худованд ба андозаи ҳар ҷуръа обе, ки шавҳараш аз дасти ӯ нӯшидааст, шаҳре дар биҳишт бино мекунад ва шаст гуноҳи ӯро мебахшад”.

Дар ривоёт омадааст, ки бонуе ба номи Умми Ақил дар биёбони сӯзоне чодарнишин буд. Рӯзе, ки ҳамсараш ба сафар рафта буд, меҳмон омад. Ӯ дар ҳоли омодагӣ барои пазироӣ аз меҳмонон буд, ки касе хабар овард, ки дар канори чоҳ шутурҳо ҳуҷум оварда ва фарзандат дар чоҳ афтода ва аз дунё рафтааст.

Вай гӯсфандеро ба он мард супурд то зебҳ кунад. Сипас хӯроки меҳмонашро муҳайё кард. Пас аз хӯрок, ба меҳмонҳо гуфт: Касе аз шумо Қуръон медонад?

Қорӣ оёте аз сураи Бақар тиловат кард.

Умми Ақил чанд ракъат намоз гузошт ва гуфт: Худоё, ман дастури туро итоат кардам, агар қарор буд, касе бимонад, Расули Худо мемонад.

Бетардид, чунин бархурде аз зан, ҳангоми нузули бало ва мусибат, бори ғами шавҳарро мекоҳад ва конуни хонаводаро истеҳкоми чанд баробар мебахшад.

Ривояти дигаре ба ин маъно омадааст, ки:

Бонуе ба номи Умми Салма ва шавҳараш Абуталҳа аз асҳоби Расули Худо(с) буданд. Худованд писаре ба онон марҳамат карда буд. Писар муддате бемор шуд. Шавҳараш ҳар шаб, ки аз кор бармегашт, бар болини фарзанди бемори хеш мерафт.

Шабе Абуталҳа хост фарзанро бинад, зан гуфт: Хобидааст.

Мард гумон кард, беҳбуд ёфтааст. Субҳ шуд, зар аз шаҳараш пурсид: Агар касе амонате ба ту биспорад ва онро талаб кунад ва амонатгиранда нахоҳад онро ба соҳибаш баргардонад ва ё дар фироқи он ашк бирезад, саҳеҳ аст?

Мард гуфт: На. Ин девонагист!

Зан гуфт: Худованд орияи (амонатӣ) худро аз мо гирифтааст. Бархез, ӯро такафну дафн кун!

Вақте ин хабар ба Паёмбар(с) расид, ҳазрат ҳардуро дуо карданд. Онҳо соҳиби фарзанди дигаре ба номи Абдуллоҳ шуданд, ки ӯ ҳам аз ёрони Паёмбар(с) гардид…

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.