Таъсири манфии талоқ дар кӯдакон

Талоқ аз умурест, ки зарарҳояш на танҳо ба зану шавҳар, балки ба дигарон низ мерасад. Мутаассифона, дар аксари ҳолатҳо, қурбони асосии ин мусибат кӯдакони маъсум мегарданд. 

85

Фарзандоне, ки аллакай бузург гаштаанд ва талоқро дарк карда метавонанд, бояд пеш аз ҷудо шудан, бо онҳо сӯҳбат кунем ва оиди ояндаи оила бо онҳо гуфтугӯ кунем. Шояд  фарзандони бузург ва наврас нисбат ба кӯдакон дар мусибати талоқ камтар азият кашанд.

Аммо кӯдакони хурдакак, ки аслан талоқ чиву мушкилиҳои оилавӣ чӣ аст, фаҳмида наметавонанд, барояшон як бора аз ҳам ҷудо гаштани волидон хеле ва хеле сахт аст.

Кӯдак то сесолагӣ дар марҳалаи афзоиши равонӣ қарор дорад. Дар ин муддат аз ҳама бештар ба муҳаббату дастгирии волидон ниёз дорад. Маҳз муҳаббату навозиши волидон дунёро барои кӯдак рангину дустдоштанӣ месозад. Лаззати ҳаёт барои кӯдаки хурдакак оғӯши волидон аст. Агар кӯдак дар синни то сесолагӣ аз падар ва ё модараш ҷудо гардад, зарарҳои ҷиддии равонӣ мебинад. Ба гуфтаи  равоншиносон, аз даст додани яке аз волидон, падар ва ё модар кӯдакро ба мушилиҳои ҷиддӣ дучор месозад. Кӯдаке, ки ҳаррӯз падарашро медид, бо ӯ бозӣ мекард, зери навозишу муҳаббати падар умр мебурд, бо якборагӣ дур шудани падарро ба осонӣ таҳаммул карда наметавонад.

Мушкилиҳо дар хобравӣ, зуд-зуд гириста аз хоб бедор шудан, зуд-зуд асабӣ шудан, бесабаб гиря карданро дар худ пайдо мекунад. Ин мушкилиҳо ба маротиб зиёд мегардад, агар кӯдаки ҳанӯз сесола нашуда модарашро аз даст диҳад.

Соли аввали ҷудоии падару модар  душвортарин марҳала барои фарзандон, махсусан кӯдакон аст. Дар соли аввали ҷудоӣ кӯдак дар ҳолати нооромии равонӣ зиндагӣ мекунад, чун умраш ҳанӯз кӯчак аст, дар оила чӣ гузашта истодааст ва сабаби ин ҳама нобасомониҳо дар чист, дарк карда наметавонад. Аммо бо муруи замон баъзе кудакон одат мекунанд, пас аз гузаштани як сол ба набудани падар в ё модар одат мекунанд ва ба ҳаёти табии худ, ба дӯнёи беолоиши кӯдаконаи худ бармегарданд.

Аммо баъзан кӯдаконе ҳам ҳастанд, ки дигар то охири умр ба худ намеоянд. Ҳамеша бо эҳсоси тарс зиндагӣ мекунанд. Тарс аз он ки мабодо падару модаре, ки муҳаббати якдигарро нобуд сохтанд, муҳаббати ӯро низ нобуд кунанд. Кӯдак аз он меҳаросад, ки мабодо модараш низ мисли падараш ӯро партофта равад. Мабодо бевафогие, ки волидон нисбати ҳамдигар раво диданд, нисбати ӯ низ раво бинанд.

Талоқ сабаб мегардад, кӯдак боварии худ нисбати волидонашро гум кунад. Кӯдак фикр мекунад, волидоне, ки оиларо вайрон карданд, метавонанд эхсосоти ӯро низ вайрон созанд. Кӯдаки хурдакаки оҷиз пайваста ба худ суол мекунад. Акнун, ки мо оила будем ва оилаамон нобуд гашт, пас аз ин чи ҳодиса рӯх медода бошад?

Баъзан кӯдак барои ҷалби диққати волидон, то ки ба ӯ аҳмият диҳанд ва мабодо ӯро низ тарк накунанд ба амалҳои ғайритабиӣ шурӯъ мекунад. Нисфаҳои шаб мегиряд, худро асаби вонамуд месозад, бардуруғ худро бемор нишон медиҳад, то ки ба ӯ аҳмият дода шавад.

Кам нестанд, кӯдаконе, ки аввалин ҷиноятҳои худро пас аз ҷудо гаштани падару модар шурӯъ кардаанд.

(Барои пешгирии ин ҳама мушкилот)  Падару модаре, ки мехоҳанд аз ҳам ҷудо шаванд, бояд пеш аз ҳама кӯдаки худро фикр кунанд. Сарнавишти кӯдак чӣ мешавад, ӯ бо кӣ мемонад, ояндааш, таълимаш, инҳоро ба диққат фикр карда бароянд.

Вақте оташи буғзу адоват ва нафрату ҷангҷол дар оила аланга мегирад, зану шавҳар пеш аз ҳама фикри талоқро мекунанд. Ғазаби шайтони он қадар ақлҳоро мепӯшонад, ки кӯдак ба пеши назарамон намеояд.

Айби кӯдаки бечора дар чист, чаро ӯро қурбони хатогиҳои ҳамдигар мекунем. Марде, ки мехоҳад зани бадахлоқашро талоқ диҳад, бехабар аз он аст, ки баробари ҷазо додани занаш, кӯдакашро низ ҷазо дода истодааст.

Зане, ки ба хотири хатогиҳои шавҳар аз ҳонаи шавҳар мераваду талаби талоқ мекунад, бехабар аз он аст, ки аввалин чашандаи ин қасос кӯдакаш аст. Азизон каме ба худ оед, то охирин лаҳазот барои зиндаятим накардани кӯдакатон роҳи чора ҷӯед. Шумо аз ҳамдигар ҷудо намешавед, балки кӯдакеро аз олами кӯдакиаш аз оғӯши гарми волидонаш маҳрум месозед.

Агар  волидон ба ҷуз талоқ ягон роҳи чорае наёфтанд, дар ин ҳолат барои он ки кӯдак осеби сахти равонӣ набинад, бояд бо ҳам машварат кунанд. Агар кӯдак ҳамроҳи модараш бимонад, падар зуд-зуд ба зиёрати кӯдакаш ояд. Чун пештара бо кӯдаки худ дар  алоқа бошад. Баъзан ҳамон гунае ки зану шаҳар  нисбати ҳам нафрат доранд, мехоҳанд кӯдак низ нафрат дошта бошад.

Баръакс бояд кӯдакро ба мушкилиҳои шахсии худ ҳамроҳ накунем. Кӯдак бо муҳаббати самимии волидонаш боқӣ монад.

Аз рӯи  омор, муомилаи аксари модарон бо кӯдак, пас аз талоқ сарду хашин мегаштааст. Модари аз шавҳар ҷудо гашта, мисли пештара кӯдаки худро навозишу парвариш намекардааст.

Хоҳаре, ки бо вуҷуди кӯдакдориаш аз шавҳараш ҷудо шуд, бояд худро ба даст гирад. Талоқ гирифтан, тамом шудани дунёро намефаҳмонад. Бояд дарк кунад, ки ӯ бо муносибатҳои ғайритабии худ ояндаи кӯдаки худро зери хатар гузошта истодааст.

Бо хоҳаре шинос ҳастам, хеле табиати ором дорад. Шаҳвараш низ шахси орому хеле боодоб мебошад. Баръакси падару модар писарчаи ҳафтсолааш хеле асабӣ аст. Дар як лаҳза ба ғазаб меояд, ва ҳар чӣ дар дастонаш аст ба замин мезанад. Агар ғазаби шуд, хеле дер ба худ меояд, фикр мекунед, кӯдак бемории равонӣ дорад.  Аҷиб ин аст, ки кӯдак бо вуҷуди он ки ҳафт сола аст, чӣ бад ҳасту чӣ хуб ҷудо намекунад. Борҳо аз хона баромада меравад, гӯё ки ба ҷуз харобкорӣ чизи дигареро намедонад.

Вақте аз хоҳар пурсидам бо вуҷуди волидони оромтабиате мисли шумо, чаро кӯдак ин гуна ғайритабиист, хоҳар гуфт:

Кӯдакам низ мисли падару модараш буд, орому дустдоштанӣ, дар се солагиаш бо мушкилиҳои оилави ману шавҳарам муддате аз ҳам ҷудо шудем. Ман дар ҳолати вазнини равонӣ қарор доштам.

Ва гӯё қасди тақдирро аз кӯдакам мегирифтам.  Барои кӯчактарин хатогиҳояш кӯдакро дашном медодаму мезадам. Махсусан, вақте шавҳарам ба зиёрати кӯдак меомад, пайваста кӯдакро ба падараш бад мегуфтам, аз кӯдак шикоят мекардам, то шавҳарам фаҳмад, ки ман дар танҳоӣ аз ӯҳдаи тарбияи кудак намебароям.

Ин хоҳар мегӯяд бо ҳамин писарам аз кӯдаки орому табиӣ ба кӯдаки асабиву тамоман бешуур мубаддал гашт. Акнун чӣ гуна кӯдакамро тарбия кунам, намедонам.

Ин хоҳар дубора зиндагии пештараашро ба даст овард, аммо асло кӯдаки пештараашро ба даст намеоварад.

Пас аз ҷудо шудани ду ҷуфт, аз ҳама зиёдтар кӯдакон ба дастгирӣ ниёз доранд, хешу табор модарбузургу падарбузург, аммаву холаҳо ба ҷои ба ҷангҷолҳои зану шавҳар ҳамроҳ гаштан, хуб мешуд дар дастгирии кӯдаки онҳо, ки ҷигаргӯшаашон аст, кӯмак мекарданд. Дар ин марҳала, ки ҳам барои мард ва ҳам барои зан осон нест ва ба навозиши кӯдаки худ вақт надоранд, ба ҷои онҳо кӯдакро навозиш мекарданд, ба кӯдак аз муҳаббати худ аз будани худ дарак медоданд.
Маъмулан, пас аз талоқ ҳама аз паи талошу ҷангҷолҳои бефода ҳастем, ҳол он ки талоқ дигар воқеъ гашту оила вайрон шуд. Ба ҷои он ки багузаштаи дигар бознагаштани  вақти худро сарф кунем, биёед барои ояндаи кӯдаки зиндаятим даст ба кор шавем. Дар ин рӯзҳои мусибат дасти ӯро гирем, то ки ҳеҷ як кӯдаке бо аз даст додани  оилааш дунёи кӯдакиашро низ аз даст надиҳад, ояндаашро аз даст надиҳад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.