Хонаводаи солим

108

Хонаводаи солим чӣ хонаводаест ва чӣ хусусиёте дорад?

Кадом хислатҳои инсонӣ дар хонаводаи солим, аз аҳамияти бештаре бархурдоранд?

Нақши хонаводаи солим дар баробари ҷомеа чист?

Нахустин муҳите, ки кӯдак дар он парвариш меёбад, хонавода аст ва хонавода бар рафторҳои ӯ дар бузургсолӣ низ таъсир мегузорад.

Хонаводаи солим ҳам барои худи аъзои он хонавода ва ҳам барои ҷомеа манофеи зиёде дорад.

Як хонаводаи солим чӣ хусусиёте дорад?

Озодӣ, эътимод ба ҳамдигар, самимият, эҳтиром ба ҳамдигар аз вижагиҳои хонаводаи солим ба шумор меравад.

Озодӣ дар хонаводаи солим ба маънои озодӣ дар дидан, шунидан, андешидан, эҳсос кардан, хостан ва интихоб кардан аст.

Самимият дар хонаводаи солим низ боис мешавад, аъзои хонавода назари худро бо вуҷуди тафовутҳо, баён кунанд.

Аъзои хонаводаи солим ба ҳамдигар эътимод мекунанд ва байни онҳо иртиботи рӯшан ва созгор вуҷуд дорад; барқарории иртиботи рӯшану шаффоф нишонаи огоҳ будан аз худ ва дигарӣ ва ҳамчунин эҳтиром гузоштан ба якдигар аст.

Дар хонаводаҳои солим лузуме надорад аъзои хонавода мисли ҳам фикр кунанд ва рафторе мисли ҳам дошта бошанд. Мунҳасир ба фард будани аъзои хонавода навъе арзиш ба шумор меравад. Дар як хонаводаи солим мушкилоти ҳар кадом аъзои хонавода мавриди қазовату доварӣ қарор намегирад ва рад намешавад, балки ҳамаи хонавода бо ҳам барои ҳалли он мекӯшанд. Дар чунин хонаводаҳое қавонини хона, боз ва инъитофпазир аст.

Ҳамчунин дар ҳар хонаводаи солиме, илова бар вижагиҳо, маҷмӯае аз усул вуҷуд дорад, ки дар зери сояи онҳо шукуфо мешавад.

Дар идомаи баҳс, ба мавориде, монанди ваҳдат ва ҳамбастагӣ дар хонавода, масъулиятпазирӣ, ишқ дар хонаводаи солим ва ғайра сӯҳбат хоҳем дошт.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.