Чӣ гуна ҳамеша ба ҳамсарам эҳтиром бигузорам? (Қисмати аввал)

98

Аҳамияти эҳтиром гузоштан ба ҳамсар

Эҳтиёҷ ба дарёфти эҳтиром яке аз ниёзҳои решаӣ дар даруни ҳар инсоне аст, ки таҳдид шудан ва бароварданашудани ин зарарҳои зиёдеро ба бор меоварад. Аз ҷумла муҳимтарин зарарҳое, ки афарод дар ин шароит таҷриба мекунанд, метавон ба хуб набудани боварӣ ба нафс ишора кард. Аз он ҷое, ки алоқаи отифӣ бо ҳамсар яке аз таъсиргузортарин мавқеъиятҳо бар рӯҳу равони инсон аст бароварда нашудани ин эҳтиёҷ дар он метавонад зарарҳои зиёдеро ба ҳамроҳ дошта бошад.

Барои мисол зану шавҳар аксаран дар ин мавқеият эҳсоси аманият накарда ва наметавонанд дилбастагии амиқ ва солимеро бо ҳамсари худ шакл диҳанд. Ин масъала бо такон хурдани пояҳои асосии робита дар дароз муддат, сабаб мешавад, ки афрод бо вуҷуди зиндагӣ кардан дар канори ҳам  аз якдигар фосила бигиранд ва алоқаи отифиашон таҳти таъсири ин мавзӯъ қарор бигирад. Дар натиҷа бояд ин масъаларо ҷиддӣ гирифта ва дар мавоқеи асабоният ва дучор шудан ба мушкилот пойбандӣ ба онро фаромӯш накунед.

Баъзе аз муҳимтарин роҳҳо ва усули эҳтиром ба ҳамсар иборатнад аз:

  1. Як тим ташкил бидиҳед

Эҳтиром гузоштан ба ҳамсар бо навъи нигоҳи шумо ба алоқа шуруъ мешавад. Шумо бояд дар тасмимҳои муштарак мисли як тим фикр кунед ва ҳатто дар тасмимҳои шахсии худ, ҳамсаратонро мадди назар қарор диҳед. Бо ин навъ нигоҳ шумо метавонед ба ҷои ин ки ҳамсаратонро дар зиддият бо хостаҳои худ бидонед ба сӯи ҳадафҳое ҳаракат кунед, ки ба нафъи ҳар дуи шумо бошад. Дар ин сурат метавонед ваҳдати хонаводаро ҳифз кунед.

Дар як тими қавӣ замонҳое, ки як мушкил ё ихтилофи назар вуҷуд дорад; афрод бо якдигар ба сурати меҳрубонона ва муҳтарамона бархурд мекунанд. Беҳтар аст дар суҳбатҳоятон дар бораи тасмимҳои муштарак камтар аз каламаи “ман” ва бештар аз “мо” истифода карда ва дар як радиф ҳаркат кунед.

  1. Баёни далелҳои муҳтарамона барои эҳтиром ба ҳамсар

Қарор нест ду нафар ҳамеша бо ҳам иттифоқи назар дошта бошанд. Қарор ба ин аст, ки дар замони бархурд бо ихтилофи назарҳо чи тавр мавзеи худро тавзеҳ дода ва назари фарди муқобилро нақд кунанд. Масалан “Ин кор хеле аҳмақонааст ё ин ки коре бикунад” инҳо  мавориде ҳастанд, ки сабаби ҷудоии ҳамсар эҷоди ҳолати ҷудоӣ мешававд. Беҳтар аст аз ҷумлаҳои беҳтар мисли “Мефаҳмам чаро ин ҳарфро мезанӣ” ё “Хуб ман мегӯям як нуктае ҳаст, ки қазияро тағйр медиҳад” барои як гуфту гӯи созанда истифода кунед. Чигунагӣ суҳбат кардани зан ва шавҳар аз мавриди таъсиргузор дар сохти хонаводаи солим аст.

  1. Барои эҳтиром ба ҳамсар бояд фарқиятҳоро дарк кунед

Дар аввали зиндагӣ фарқиятҳои зиёде вуҷуд дорад, аммо дар тӯли зиндагии муштарак  хеле аз фарқиятҳо ба далели созгории байни зану шавҳар коҳиши меёбад. Нуктае, ки вуҷуд дорад ин аст, ки фарқиятҳои асосӣ мондугор мемонанд ва гоҳе мефаҳмед, ки дар баъзе заминаҳо ҳеҷ нуқтаи муштарке вуҷуд надорад то битавонед ба як фаҳмиши муштарак бирасед. Фарқиятҳои ҷузъӣ аз робита ҳастан ва бояд фарқиятҳоро қабул кард ва бо қабул кардани ғайри шартӣ якдигар ва эҳтиром ба ин фарқиятҳои амиқ робитаро афзоиш дод.

  1. Барои эҳтиром ба ҳамсар қадрдон бошед

Қадрдонӣ кардан аз ҳамроҳӣ ва ҳимоятҳои ҳамсар нишон медиҳад, ки шумо сипосгузори ӯ ҳастед ва ҳавосатон ба корҳояш аст. Ин амр сабаб мешавад аз арзиш ва эҳтироми бештаре бархурдор бошед. Эҳтироми ҳар шахсе ба дасти худаш сохта мешавад. Шумо метавонед ба ҷои ғур – ғур кардан аз нороҳатиҳое, ки эҷод шуда ва сахт кардани вазъияти алоқа, бо қадрдонӣ ва сипосгузорӣ аз корҳое, ки дӯст доред, алоқаро ба самти хостаҳои муштарак ва муҳаббати бештар ҳидоят кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.