Шинохти пеш аз издивоҷ

56

Савол: Чаро писар ва духтар пеш аз издивоҷ, бояд аз ҳамдигар шинохти кофӣ дошта бошанд?

Ошноии пеш аз издивоҷ; чаро ва чӣ гуна?

Чӣ мавориде барои шинохти пеш аз издивоҷ муҳим аст?

Шинохти пеш аз издивоҷ омили таъинкунанда барои даст ёфтан ба як издивоҷи муваффақ ва хушбахтона аст.

Издивоҷ интихоби бисёр муҳим дар зиндагии ҳар фард аст, чаро ки баъд аз ин тасмимгирии ҳаётӣ, кулли раванди зиндагӣ бо бузургтарин тағйирот рӯбарӯ мешавад; тағйироте, ки маъмулан ғайри қобили бозгашт ҳастанд.

Аз ин рӯ, даврони номзадӣ ва давраи шинохти пеш аз издивоҷ нақши таъинкунандаро дорад.

Шинохти пез издивоҷ ба ин маъност, ки писар ва духтар барои шинохти хусусиёт ва алоқамандиҳои ду тараф саъй кунанд.

Дар воқеъ, давраи пеш аз издивоҷ, кӯшиши муштараке барои пайдо кардани як пояи муштарак барои зиндагии занушавҳарӣ ва итминон ёфтан аз фарди муқобил дар ҷиҳати эҷоди як робитаи хонаводагӣ в отифии муносиб аст. нақши хонавода, ихтилофоти фарҳангӣ дар издивоҷ ва ихтилофоти табақотиро аз ҷумлаи маворидест, ки дар марҳалаи пеш аз издивоҷ аз аҳамияти болое бархурдор аст.

***

Роҳҳои шинохти пеш аз издивоҷ

Шинохти пеш аз издивоҷ аз тариқи мухталифе сурат мегирад. Вобаста ба чигунагии издивоҷ, ашхос масирҳои мухталиферо тай мекунанд.

Дар издивоҷҳои суннатӣ, сӯҳбат кардан ва мулоқоти писару духтар бо иҷозати бузургтарҳо сурат мегирад ва фақат дар бораи бархе масоили калидӣ ва муҳимро дарбар мегирад ва агар хонаводаҳо меъёрҳои ҳамдигарро бипазиранд, васлат сурат мегирад. Бархе дигар низ баъд аз тай кардани давраи дӯстӣ, тасмим ба издивоҷ мегиранд, ки дар ин ҳолат, онҳо як шинохти нисбатан амиқ аз ҳам доранд ва шояд дар ҷаласоти хостгорӣ, сӯҳбатҳои муҳимме надошта бошанд.

Ҳар фарде, ки қасди издивоҷ дорад, бояд дорои вижагиҳои хоссе бошад. Ин вижагиҳо шинохтро саҳлу осон мекунад.

Аввалин вижагӣ садоқат аст; дар сурати надоштани садоқат, ҳеч кадом аз мароҳили баъдӣ ба хубӣ пеш нахоҳад рафт.

Муҳимтарин вижагӣ барои омодагии издивоҷ, худогоҳӣ аст. Пас аз меъёрҳои аз меъёрҳои интихоби ҳамсари худ огоҳ бошед.

Фарде, ки худро ба хубӣ нашиносад, милокҳои рӯшан ва дақиқе барои издивоҷ надошта бошад, ё ангезаҳои издивоҷи худро таъин накарда бошад, наметавонад фароянди издивоҷро ба хубӣ тай кунад.

Масъулиятпазирӣ ва тааҳҳуд аз вижагиҳои дигарест, ки фарди ҷӯёи издивоҷ ба он ниёз дорад.

Дар ниҳоят тавоноии иртиботи иҷтимоӣ, маҳорати ҳалли масъала ва мудирияти ҳаяҷонот фароянди шинохтро осон мекунад.

***

Чӣ мавориде барои шинохти пеш аз издивоҷ муҳим аст?

1 – Баррасӣ кардани саргармиҳо, тафреҳот ва алоқамандиҳои ҳамсари оянда

2 – Таҳқиқ дарбораи боварҳо ва арзишҳои динии ҳамсари ояндаи худ

3 – Арзёбӣ ва баррасии аҳдоф ва барномаҳои оянда

4 – Баррасии ин ки то чӣ ҳад ҳамсари ояндаи мо, ба ишқу муҳаббат ва самимияти байни зану шавҳар эътиқод дорад

5 – Муаррифии аъзои хонавода

6 – Нигоҳи тараф ба масоили молӣ ва мудирияти молии хонавода

7 – Нигоҳи ҳамсари оянда (духтар ё писар) ба нақши зан ва мард дар зиндагии муштарак.

Дар навиштаи баъдӣ, дар бораи мавориди боло муфассал сӯҳбат хоҳем намуд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.