Чӣ гуна зиндагии шод дошта бошем?

136

Бахши поёнӣ

Бо ин равшиҳо шодиро ба зиндагиатон баргардонед

Чӣ гуна зиндагии шод дошта бошем?

Одатҳои баде, ки шодиро аз мо мегирад

***

Бадбинӣ

Ҳеч чиз ба андозаи бадбинӣ, шодмониро аз шумо намегирад.

Нигариши бадбинона хулқу хӯи шуморо тахриб мекунад ва ба эътиқод ва бовари шумо табдил мешавад. Агар мунтазири чизҳои бад бошед, ба эҳтимоли зиёд, бароятон рух медиҳад.

Нигариши бадбинона замоне аз зеҳни шумо хориҷ мешавад, ки бифаҳмед чӣ қадар ғайримантиқӣ аст.

Воқеиятро бубинед ва дарк хоҳед кард, ки ба он бадӣ, ки фикр мекунед, нест

***

Муқоиса кардани худ бо дигарон

Ҳасодат бо шодмонӣ дар таоруз аст.

Агар мудом худро бо дигарон муқоиса мекунед, ҳол замони он аст, ки аз ин кор даст бардоред.

Дар мутолиае, ки анҷом шуд, афрод баён доштаанд, ки бо доштани даромади андак мувофиқанд, аммо ба шарте, ки бақия низ ҳамин гуна бошанд. Аз ин тафаккур дурӣ кунед, зеро барои шумо шодмонӣ ба армуғон хоҳад овард ва таъсири баръакс дорад.

***

Пешрафт надоштан

Аз он ҷо ки афроди ношод бадбин ҳастанд ва эҳсос мекунанд, маҳори зиндагии худро дар ихтиёр надоранд, гӯшае менишинанд ва мунтазир мешаванд то зиндагӣ чӣ барояшон оммода хоҳад сохт.

Ба ҷои ҳадафгузорӣ, ёд гирифтан ва пешрафт доштан, фақат ба зиндагии рӯзмарраи худ идома медиҳанд ва тааҷҷуб мекунанд, ки чаро ҳеч чиз тағйир намекунад.

***

Дар хона нишастан ва дурӣ аз дигарон

Вақте ношод ҳастед, эҳтимолан аз дигарон дурӣ меҷӯед. Ин кор иштибоҳ аст, равобити иҷтимоӣ ҳатто агар аз он лаззат набаред, барои беҳтар шудани хулқу хӯи шумо лозим аст.

Ҳамаи мо чунин рӯзҳоеро доштаем, ки тарҷеҳ додаем дар танҳоии худ фурӯ биравем ва бо касе ҳарф назанем, аммо бояд дар он замон бидонед, ки ин кор ҳоли шуморо бадтар мекунад.

Вақте мефаҳмед, ки замонинороҳатӣ тамоюл ба гӯшагирӣ ва гӯшанишинӣ пайдо мекунед, худро водор кунед берун наравед, боафрод иртибот барқарор кунед ва он замон мутаваҷҷеҳи тағйири ҳолати худ хоҳед шуд.

Тағйири одатҳои зиндагӣ барои расидан ба шодмонӣ, яке аз беҳтарин корҳоест, ки метавонед барои худатон анҷом диҳед. Аз сӯи дигар, шодии шумо, атрофиёнатонро низ шод месозад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.