Дӯсти хубу воқеӣ кист?

120

Дӯсти хубро чӣ тавр бишносем?

Дӯсти хуб ва воқеӣ чӣ вижагиҳое бояд дошта бошад?

Ҳамаи мо ин зарбулмасалро шунидаем, ки мегӯяд: “Дӯст ҳазортоаш кам аст ва душман яктоаш ҳам зиёд аст”, аммо бояд диққат намуд, ки ба ҳаркасе, ки бо ӯ иртибот дорем, наметавонем унвони дӯсти ҳақиқӣ бидиҳем. Ҳамаи мо дӯстоне дорем ва табъан ба навъе аз дӯстиҳоямон лаззат мебарем. Баъзе аз мо дӯстони наздику самимӣ дорем, аммо ҳамеша ин суол ҷо дорад, ки чӣ мавориде боис мешавад, ки як дӯст ба рафиқи ҳақиқӣ ва воқеӣ тадбил шавад?

Чӣ ҷузъиёте вуҷуд дорад, ки як дӯсти воқеиро аз як дӯсти маъмулӣ мумтоз месозад ва тафовуташро барои мо ошкор мекунад?

Дӯстӣ яке аз муҳимтарин равобитест, ки мо дар зиндагиамон дар садади беҳбуд ва пешрафти он ҳастем.

Мумкин аст ёфтани дӯст, кори бисёр осоне бошад, аммо ёфтани дӯсте, ки дар тӯли робита ва дар мавқее, ки мо ба сахтиҳо ва мушкилоте рӯбарӯ ҳастем, бихоҳад ва битавонад ба кӯмакамон биёяд ва дар воқеъ ёфтани як дӯсти ҳақиқӣ, душвор аст.

Доктор Муҳаммади Сареулқалам, устоди донишгоҳ, дар ёддоште бо баёни ин ки “дӯстӣ монанди китоб аст, солҳо тӯл мекашад то навишта шавад, вале дар арзи чанд сония бо як дона гӯгирд месӯзад”, ба баррасии 29 хусусияти як дӯсти хуб мепардозад. Қобили зикр аст, ки шумо метавонед бобаррасии ин вижагиҳо, дар дӯстонатон мизони матлуб будани онҳо барои идомаи дсӯтиро баррасӣ ва талош кунед, барои бурузи чунин вижагиҳое дар рафторатон, дӯстҳои беҳтаре барои дигарон бошед.

***

Як дӯсти хуб ин вижагиҳоро дорад:

– Интизороти худро ба ҳадди ақал бирасонад ва агар метавонад, сифр кунад.

– Заруратан ҳар он чиро ки мутаваҷҷеҳ мешавад, ба забон наоварад.

– То иҷозати дӯсташро надошта бошад, рози ӯро пеши касе ошкор насозад.

– Аз муваффақияти дӯсташ ба таври воқеӣ хурсанд мешавад.

– Фақат “нашунавад”, балки бояд ба сӯҳбатҳои ӯ гӯш диҳад.

– Дар ҳеч шароите пушти сари ӯ ҳарф назанад.

– Бо ӯ ҳам бихандад ва ҳам бигиряд.

– Мураттаб аз вуҷуди ӯ ва вижагиҳои мусбати ӯ қадрдонӣ кунад.

– Агар гилае аз ӯ дорад, муддате сабр кунад, то шароити муносиби ҳаллу фасли он фароҳам шавад.

– Ёддоште, ки рӯи ҳадяе мегузорад, аз худи ҳадя муҳимтар аст.

– То метавонад эҳтироми ӯро дар ҷамъ ҳифз мекунад.

– Баъзан бо хомӯшӣ ва сукут, бо ӯ сӯҳбат кунад.

– Аз “узр мехоҳам” фаровон истифода кунад.

– Агар аз дӯсташ бадие дид, гузашт кунад.

– Агар бадиҳо идома пайдо кард, он шахс дигар дӯст нест.

– То метавонад, забони худро ҳифз кунад, чаро ки захми забон ба сахтӣ фаромӯш мешавад.

– Сирри дӯстро нигаҳ дорад.

– Дар рафтор ва аксуламалҳояш қобили пешбинӣ бошад.

– Паёмадҳои эҳтимолии ҳар сухан ва рафтореро қаблан мутолиа ва муҳосиба кунад.

– Ба дӯстӣ, ба шакли дарозмуддат нигоҳ кунад, то ҳамеша муҳаббату хештандорӣ кунад.

– Барои муваффақияти ӯ қадам бардорад.

– Вақте мавриде рӯшан нест, аввал бипурсад, баъд доварӣ кунад.

– Дар авҷи асабоният, алфоз ва адабиёти муаддабона истифода кунад.

– Аз адаб ва тарбияти дӯст сӯистифода накунад.

– Агар қарор аст, достонеро бигӯяд, ҳамаро бигӯяд, яъне ба таври мисол, 20 дарсади онро махфӣ накунад.

– Торихи таваллуди ӯро бидонад ва ҳадди ақал ёддоште бифиристад.

– Ба хотири пули бештар ва мавқеияти беҳтар, ба ӯ хиёнат накунад.

– Барои гӯшзад кардани мавриде, агар лозим бошад, 5 сол ҳам сабр кунад.

– Ҳуш ва ташхиси ӯро ночиз нашуморад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.