Оё варзиш ба ман дар ҳангоми ҳомиладорӣ кумак мекунад(қисмати аввал)

82

Оё варзиш ба ман дар ҳангоми ҳомиладорӣ кумак мекунад?

Варзиш метавонад сабаби афзоиши кашидагии табиии азулаҳо ва қудрати онҳо шавад, дар натиҷа метавонад ба таҳаммули изофа вазни давраи ҳомиладорӣ кумак кунад, модарро барои фишорҳои таваллуд омода созад ва пас аз таваллуд бозгашти бадани модарро ба ҳолати табиӣ осонтар мекунад. Варзиш дар давраи ҳомиладорӣ инчунин метавонад мушкилоти ҷисмонӣ ба монанди дарди пушт ва миён, қабзу шикамсахтӣ, хастагӣ  ва варамҳоро коҳиш диҳад; Ахлоқу рафтори шуморо беҳтар кунад; Ҳатто метавонад сабаби хоби беҳтари шумо шавад.

Варзиш кардан дар давраи ҳомиладорӣ чӣ фоидаҳо дорад?

Агар дар субҳ эҳсоси нафх ё дилбеҳазурӣ доред, бояд донед, ки каме варзиш ва фаъолият метавонад ба шумо нерӯи бештар диҳад, ки эҳсоси давраи пеш аз ҳомиладориро дошта бошед. Бо таваҷҷӯҳ ба инки варзиш сабаби беҳбуди қудрат ва истиқомати азулаҳои бадан мешавад шуморо дар таҳаммули изофавазни давраи ҳомиладорӣ кумак мекунад. Шуморо барои фишори таваллуд омода карда ва бозгашти бадани шуморо пас аз таваллуд ба ҳолати табиӣ осонтар мекунад. Пеш аз оғози ҳаргуна барномаи варзишӣ, хотир ҷанъ шавед, ки қоидаҳои марбут ба саломатиро риоя кардаед, алахусус, ки ҳомиладоред.

Варзиш дар ин давра манфиатҳои зеринро меорад:

Ба шумо нерӯи бештар медиҳад.

Ҳомиладорӣ боиси аз даст рафтани нерӯи бадани шумо мегардад, аммо варзишҳои мунтазам, аз қабили пиёдагардии тез ба шумо имкон медиҳад, ки корҳои ҳаррӯзаи худро анҷом диҳед. Варзиш системаи дилу рагҳои шуморо қавитар мекунад, аз ин рӯ шумо зуд хаста намешавед. Бо азулаҳои қавӣ, ба шумо барои иҷрои корҳои ҳаррӯзаи худ, ба монанди харид ё вохӯриҳои корӣ, саъйи камтар лозим мешавад.

Ба шумо кумак мекунад то барои марҳилаи душвори таваллуд омода шавед.

Шумо ин натиҷаро хуб хоҳед дид, вазъи ҷисмонии шумо ҳар қадар беҳтар бошад, ҳамон қадар қавитар хоҳед буд ва тавонотар хоҳед шуд ва таваллудро беҳтар метавонед гузаронед. Таваллуд ниёз ба истқомат, ирода ва таваҷҷӯҳ дорад. Фаъолияти варзиши дар давраи ҳомиладорӣ, омодашавӣ барои марҳилаи сахти таваллуд аст. Илова бар ин, баъзе муҳаққиқон нишон доданд, ки ҷанини заноне, ки дар давраи ҳомиладорӣ варзиш кардаанд, марҳилаи душвори таваллудро беҳтар аз дигар занон таҳаммул мекунанд.

Нороҳатиҳои ҳомиладориро коҳиш медиҳад.

Варзишу тамрин сабаби тақвияту кашида шудани азулаҳои шумо мешавад, ки ба шумо кумак хоҳад кард то беҳтар аз ӯҳдаи дардҳову нороҳатиҳои даврони ҳомиладорӣ бароед. Ҳаракатҳои кашишӣ дардҳои пушту камарро коҳиш медиҳад, пиёдагардӣ сабаби беҳбуди гардиши хуни шумо мешавад.

Афсурдагиҳои даврони ҳомиладориро аз байн мебарад.

Ҳомиладориро метавон як тамрини 9 моҳа барои як воқеаи бузург (таваллуди кудак) донист; дар моҳҳои шашум ё ҳафтум, ҳомиладорӣ метавонад сабаби афзоиши вазну хастагӣ шавад, ки мумкин аст сабаби бе ҳавсилагии дучандони шумо гардад. Пайдо кардани як фаъолияти созгор бо вазъияти ҳомиладорӣ, метавонад роҳи ҳилле барои он бошад

 Ба шумо кумак мекунад то хоби беҳтаре дошта бошед.

Вақте дар тамоми рӯз вазнеро дар ҷилави шиками худ ҳамл мекунед, пайдо кардани вазъияти муносибе, ки битавонед дар шаб, хоби роҳате дошта бошед, як мушкили асосӣ хоҳад буд. Варзиш ба шумо кумак мекунад, то тамоми энержии изофии худро аз сарф кунед ва он қадар шуморо хаста хоҳад кард то битавонед орому роҳат хоб кунед.

Стрессро коҳиш дода ва тавони рӯҳии шуморо афзоиш медиҳад.

Ҳомиладорӣ ва ба дунё овардани як кудак, воқеаи муҳимме аст, ки зиндагии шуморо тағйир хоҳад дод ва метавонад сабаби ҳаяҷони шумо шавад. Як мутолиа нишон дода аст, ки варзиш метавонад ба шумо шодобӣ ва хуш ахлоқиро ҳадя диҳад. дар натиҷа варзиш метавонад рӯҳи тозае ба шумо бахшад.

Тасаввуртонро аз худатону шахсиятатон беҳбуд мебахшад.

Тасаввур кунед андоми шумо ба зарифиву нозукии гузашта нест ва ҳарчанд, ки медонед ин иттифоқ далеле комилан дилчасбу ширин дорад, аммо мушоҳидаи инки андозаи андомҳои бадани шумо мураттабан афзоиш меёбаду ба андозае мерасад, ки қаблан ҳаргиз набудааст, метавонад шуморо дилсард ё афсурда кунад! варзишу фаъолият ба шумо кумак мекунад, ки камтар эҳсоси афсурдагӣ кунед. ҳамчунин, варзиш ба бадани шумо кумак хоҳад кард то пас аз таваллуд, ба суръат ба вазну шакли табиии худ бозгардад.

Ба шумо кумак хоҳад кард то пас аз таваллуди фарзанд, андоми худро сариътар ба ҳолати табиии баргардонеди.

Ҳамин ангеза метавонад барои бисёре аз хонумҳо кофӣ бошад то барномаи варзишии муназзамеро дар тӯли даврони ҳомиладории худ пайгирӣ кунанд. агар ба гӯнае барномарезӣ карда бошед, ки азулаҳои баданатон дар тамоми даврони ҳомиладорӣ, қудрату кашӣдагии муносибе дошта бошанд, пас аз таваллуди фарзанд, бадани шумо роҳаттар метавонад ба ҳолати табиии худ бозгардад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.