Шод зистан

80

Зиндагии шод

Бо ин равшиҳо шодиро ба зиндагиатон баргардонед

Чӣ гуна зиндагии шод дошта бошем?

Одатҳои баде, ки шодиро аз мо мегирад

Ҳамаи корҳое, ки дар зиндагӣ анҷом медиҳем, барои расидан ба шодмонист. Вазъияте, ки дар он эҳсоси ризоят, хушнудӣ ва ҳатто саодат вуҷуд дорад, вале дар ин байн, одатҳои баде ҳастанд, ки шодиро аз мо мегиранд. Ин одатҳои бадро дар идома бозгӯ хоҳем намуд.

***

Саркӯб намудани эҳсосот

Саркӯб намудани эҳсосот боиси кам шудани шодӣ дар зиндагӣ мешавад.

Яке аз бардоштҳои ғалате, ки дар мавриди эҳсосот мешавад, ин аст, ки: бояд эҳсосоту ҳаяҷонҳоро дар даруни худ ҳабс кард ва саркӯб намуд. Агарчӣ мо набояд хеле ба эҳсосот дода шавем, аммо ин ба он маъно нест, ки набояд ҳеч гуна эҳсосеро зоҳир кунем.

Ба эҳсоси худ эҳтиром бояд гузошт ва эҳсосотро бояд шинохт. Инсон бо баёни отифаҳояш, эҳсосоташ метавонад ба ҳадаф бирасад, на бо махфӣ кардани онҳо.

***

Ғарқ дар текнулужӣ шудан

Ғарқ дар текнулужӣ шудан ба ин маъност, ки мо саргарми тамошои телевизион, телефон ва монанди он шавем ва шодии зиндагиамонро фидои онҳо кунем.

Телевизорро хомӯш кунед ва китоберо боз кунед ва мутолиа намоед.

Чӣ қадар аз замони худро сарфи абзору олоти текнулужӣ монанди телевизион, компютер, интернет, телефон ва ғайра мекунед? Ва оё истиодфаи онҳо ба шумо эҳсоси шодӣ медиҳад, ё танҳо шуморо беҳис мекунад?

Вақте зиёда аз ҳад ба самти васоиле меравед, ки ҳавосси шуморо ба худ машғул медорад, дар воқеъ худро аз манобее, ки метавонад шодиро бароятон ба армуғон биёрад, маҳрум мекунед.

***

Сарфи замон, ба хотири ба даст овардани баъзе чизҳо

Таҳқиқоти равоншиносон нишон додааст, ки ашё ва чизҳои моддӣ моро шод намекунанд. Вақте одат дошта бошед, дар паи чизҳои моддӣ биравед, ба эҳтимоли зиёд ношод хоҳед шуд, ин чизҳо шуморо шод намекунанд, зеро пас аз ба дастовардани он, эҳсоси ноумедӣ хоҳед кард, пас аз он мефаҳмед, ки ба дастовардани он ба қимати аз даст додани чизҳои воқеие, ки омили шодии шумо мешавад, монанди дӯстон, хонавода ва тафреҳ будааст.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.