Худбоварӣ ва роҳҳои ба даст овардани он

58

1 – Огоҳиҳои худро афзоиш диҳед

Ёдгирии маҳоратҳои нав дар заминаҳои шахсӣ, аввалин қадам барои расидан ба эътимод ба нафс ва худбоварист.

Заминаҳои муҳиммеро, ки барои муваффақият дар онҳо ба худбоварии бештаре ниёз доред, бишносед; сипас дар ин ҳавзаҳо бо гузарондани давраҳои омӯзишии гуногун, мутолиаи китобҳо ва ҳузур дар фазои омӯзишӣ дониши худро афзоиш диҳед. Ширкат дар давраҳои омӯзишии маҷозӣ (интернетӣ) ва табодули иттилоот бо гурӯҳҳои ҳамсинну солатон метавонед бароятон лаззатбахшу осон бошад.

2 – Муваффақиятҳои кучаки худро ночиз нашуморед

Илова бар ончӣ гуфта шуд, эътимод ба нафс ва худбоварии мо аз муваффақиятҳои кучаке сарчашма мегирад, ки рӯзона ба даст меоварем ва пуле мешавад барои ин ки дониши моро ба марҳалаи амал бирасонад. Шояд онҳо ҳадафи ниҳоии мо набошанд, аммо ҳар як дар ҷои худ бисёр муҳимманд. Ҳатто як дилгармии сода аз тарафи ҳамкоратон ё таърифу ташаккур аз шумо ба хотири кори мусбате, ки анҷом додаед, метавонад худбоварии шуморо афзоиш диҳад.

3 – Доштани имони қавӣ

Афроде, ки эътимод ба нафси болое доранд, бовар доранд, ки холиқи ин олам барои зиндагии ҳар як аз мо нақшае дорад. Онҳо мӯътақиданд, ки агар ин тарҳи илоҳиро дар пеш гиранд, муваффақ хоҳанд шуд. Бешак барои расидан ба ҳар ҳадафе бояд дастёбӣ ба онро бовар дошт. Дар ибтидо ба истеъдодҳои худ имон дошота бошед. Чунин бовари созанда шуморо дар таъин ва расидан ба ҳадафатон ёрӣ мекунад.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.