Издивоҷ(қисмати чаҳорум)

101

8) Такмил ва такомул

Ҳеҷ инсоне ба танҳоӣ комил нест бинобар ин ҳамеша дар ҷиҳати ҷуброни нақс ва камбуди хеш талош мекунад. Духтарон ва писарони ҷавон пас аз даврони булуғ ва ҷавонӣ зимни онки дар садади расидан ба истиқлоли фикрӣ ҳастанд барои рафъи навоқиси худ ва таъмини ниёзҳои бешумори хеш ба сӯи издивоҷ ҳаракат дода мешаванд ва бо интихоби ҳамсари шоиста мӯҷиботи рушд ва такомули хешро фароҳам мекунанд.

Ҳангоме ки фард дар конуни як зиндагии муштарак қарор мегирад дар сояи унсу улфат ва муҳаббат ва равобити наздик ва самимона, бештар эҳсоси масъулият карда ва истиқлол меёбад. Зиндагии хешро ҳадафдор мекунад ва аз самараҳои касбу кор ва талоши худ дар воҳиди хонаводаи навбунёди хеш, баҳра мегирад.

Бузурге мефармояд:

“Ташкили хонавода яъне як навъ алоқаманд шудан ба сарнавишти дигарон. Издивоҷ аввалин марҳалаи хурӯҷ аз худи табиӣ ва тавсеа пайдо кардани шахсияти инсон аст… Пухтагие, ки дар партави издивоҷ ва ташкили хонавода эҷод мешавад дар ҳеҷ ҷойи дигар наметавон ба он расид ва онро фақат дар издивоҷ ва ташкили хонавода бояд ба даст овард”.

Аммо дар мавриди наҳваи зиндагие, ки хонадони Расули акрам(с) дар ин замина бояд улгуи ҳамаи хонаводаҳо махсусан завҷҳои ҷавон қарор бигиранд.

Дар ин бора ба зикри намунае иктифо мекунем:

Ҳазрати Алӣ(а) мефармояд:

“Ҳеҷгоҳ Фотима аз ман наранҷид ва ӯ низ ҳаргиз маро наранҷонд ва ӯро ба ҳеҷ коре маҷбӯр накардам ва ӯ низ маро озурда насохт. Дар ҳеҷ амре, қадаме бар хилофи майли ботинии ман бар надошт ва ҳаргоҳ, ки ба рухсорааш назора мекардам, тамоми ғуссаҳоям бартараф мешуд ва дардҳоямро фаромӯш мекардам”.

Дар ҷои дигар мефармояд:

“Ба Худо қасам! ҳаргиз коре накардам, ки Фотима хашмгин шавад ва ӯ низ ҳеҷгоҳ маро хашмгин накард”

Ҳазрати Фотима(а) дар ибтидои васияти худ ба Амирулмуъминин(а) мегуяд:

 «یا ابنَ عَمّ، ما عَهِدتَنی کاذبةً و لا خائِنةً، ولا خالَفتُک مُنذُ عاشَرتنَی»

 [Эй писар амак! ҳеҷгоҳ маро дурӯғгӯ ва хиёнаткор надидӣ ва аз он замон, ки бо ман зиндагӣ кардӣ, бо ту мухолифат накардаам].

Амирулмуъминин(а) дар посух фармуданд:

 «مَعاذَ الله، اَنتِ اَعلَمُ بِاللهِ و اَبَرُّ و اَتقَی وَ اَکرَمُ و اَشَدُّ خَوفاً مِنَ الله مِن اَن اوَبِخُکَ مَخالِفَتی»

 Паноҳ мебарам ба Худо, ту олимтар ба Худо ва некӯкортар ва парҳезгортар ва гиромитар ва тарсонтар аз Худои аз ин, ки ман туро ба нофармонӣ аз худ сарзаниш кунам.

Ҳар чанд касеро тавони ҳамонанд шудан бо он ду бузургаворро нест; Вале метавон зиндагӣ ва наҳваи равобити зан ва шавҳар ва равиши ҳамсардориро бар асоси таълимот ва роҳнамоиҳои он ду бузургавор шакл дод ва ононро ба унвони улгуи амалии хеш интихоб намуд.

9) Оромиш – раҳмат – маваддат:

Дар ояти 21 сураи муборакаи Рум ба ин нуктаҳо ишораи комил дорад.

10) Арзиши бартарии ибодат:

Инсон ба василаи анҷоми издивоҷ арзиши ибодатҳои худро чандин ва чанд баробар мекунад, ки дар ривоёти мавориди фаровоне зикр шудааст.

Имом Боқир(а) фармуданд:

Ду ракъат намозеро, ки шахси мутааҳҳил мехаонад беҳтар аз он аст, ки шахси муҷаррад ва ғайри мутааҳил, ки шабро ба шабзиндадорӣ машғул ва рӯзро рӯзадор бошад.

Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

Дар пешгоҳи Худованди азаваҷал шахси мутааҳҳиле, ки дар хоб бошад беҳтар аст аз шахси муҷарраде, ки рӯзро ба рӯзадорӣ ва шабро ба ибодат ва шабзиндадорӣ машғул буда бошад.

Имом Содиқ(а) фармуданд:

Ду ракъат намозеро, ки шахси мутааҳҳил мехонад беҳтар аст аз ҳафтод ракъат намозе, ки шахси муҷаррад мехонад.

Издивоҷ(қисмати аввал)

Издивоҷ(қисмати дуввум)

Издивоҷ(қисмати севвум)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.