Кӯдаки хабаркаш – II

75

Роҳҳои тарбияти кӯдаки хабарчин

Бахши дуюм

Дар навиштаи пешин, дар мавриди чигунагии роҳҳои тарбиятии кӯдаки хабарчин сӯҳбат доштем ва ба 3 маврид ҳам ишора намудем ва дар ин бахш идомаи он мавзӯъро пайгирӣ хоҳем кард.

4 – Рафтор ва ахлоқи кӯдакон бо якдигар фарқ мекунад. Баъзе аз онҳо дастур гирифтанро дӯст надоранд. Бинобар ин метавон иштибоҳ будани рафторашонро дар қолаби шеър, достон ё театри лухтакҳо ва ҳатто намоиши як филм дар ин робита ба онҳо нишон дод.

5 – Дар мавриди матолиби беаҳамияте, ки кӯдак дар бораи онҳо сӯҳбат мкунад, масалан хӯроки шом чӣ дорем ва ё дирӯз куҷо рафтем ва монанди инҳо, аксуламал нишон надиҳед.

6 – Гоҳе кӯдакон ба далели нодида гирифта шудан тавассути волидайн ва ё муаллимҳо, даст ба хабарчинӣ мезананд. Таваҷҷӯҳ ва муҳаббати кофӣ ба фарзандон ва гузоштани вақти муносиб барои онҳо, боис мешавад, то кӯдак аз ҷалби таваҷҷӯҳ бениёз шавад.

7 – Розҳое, ки кӯдакон ба шумо мегӯянд шояд беаҳамият бошанд, аммо барои онҳо бисёр арзишманд ҳастанд. Бинобар ин, вазифаи шумо нигаҳдорӣ аз рози ӯст. Ин рафтор илова бар ҷалби эътимоди кӯдак, аҳамияти роздориро ба ӯ ёд медиҳад.

8 – Яке аз далелҳои хабарчинии фарзандон, рафтори худи шумо дар ҳузури ҳамсар ё дигарон аст. Шумо фикр мекунед, ки фарзандатон машғули бозӣ аст, аммо сӯҳбатҳои шуморо мешунавад. Бинобар ин, саъй кунед то улгу ва сармашқи муносибе барои ӯ бошед.

9 – Эътимод ба нафси кӯдаки худро афзоиш диҳед то кӯдак барои ҷалби таваҷҷӯҳ хабарчинӣ накунад.

10 – Ҳангоми бархурд бо хабарчинии кӯдак, ӯро аз ҷамъ хориҷ карда ва бо ӯ ба оромӣ сӯҳбат кунед. Масалан бигӯед: ман хеле нороҳат мешавам, ки ту дар бораи масоили хусусии хонаводаамон бо дигарон ҳарф мезанӣ; ё агар манзури нигоҳи шуморо мефаҳмад, фақат чанд сония ба ӯ нигоҳ кунед.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.