Масрафи ин хӯрокиҳо қабл аз хоб ба саломатии инсон таҳдид мекунад

Масрафи бархе аз ғизоҳо пеш аз хоб ихтилолоте дар бадан эҷод карда ба саломатии инсон таҳдид мекунад.

149

Елена Каллен мутахассиси тағзия (диетолог) изҳор кард: “Пеш аз хоб мардум бояд аз гӯшти пухта ва бирён, помидор, бодинҷон, консерваҳо, бодиринг (сабзавот ё моҳӣ), авокадо, панирҳои тунд ва панири кабуд парҳез кунанд. Ин хӯрокҳо метавонанд як намуди аминокислота дошта бошанд, ки ба гормонҳои стресс мубаддал шаванд.”

 

Вай афзуд: Ҳангоме, ки ин маводи ғизоиро масраф мекунем мумкин аст дучори бехобӣ шуда, субҳ хаста аз хоб бедор ‌шавем ва дар тӯли рӯз беш аз ҳадди маъмул ғизо бихӯрем, ки мунҷар ба афзоиши вазн хоҳад шуд. Карафс низ бояд аз феҳристи ғизоҳои асрона ҳазф шавад. Ин сабзавот барои коҳиши вазн бисёр муфид аст, аммо набояд монанди сойири ғизоҳои идроровар қабл аз хоб масраф шавад.

Ин мутахассиси тағзия идома дод: “Беҳтараш оҷил (чормағз, писта ва ғр.) ва хӯрокҳои чарбдорро дар субҳ масраф шаванд, зеро онҳо крахмал ва қанди зиёд доранд ва дар системаи ҳозима фишори зиёд меоранд. Ғайр аз он, хӯрокҳои серравған, ки бегоҳ истеъмол карда мешаванд, на танҳо ба хоб, балки ба кам шудани вазн халал мерасонанд.”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.