Чӣ гуна бар ҳасодат ғалаба кунем?

64

Дидани муваффақияти дигарон боиси ба вуҷуд омадани ҳасодат мешавад. Муҳаққиқон тавсия мекунанд, барои раҳоӣ аз ин эҳсосоти нохушоянд, ки сабаби сархӯрдагӣ, хашм ва бурузи ҳасодат мешаванд, метавон ба роҳкорҳои зер рӯй овард.

Чӣ гуна бар ҳасодат ғалаба кунем?

Агар бо худамон содиқ бошем, бо тамоми хусусиёти мусбате, ки дорем, борҳо пеш меояд, ки вақте хушбахтӣ ва муваффақияти дигаронро мушоҳида кунем, хашму ҳасодат вуҷудамонро фаро гирад. Ин ҳис дасти худамон ҳам нест ва ҳатто бо рӯбарӯ шудани чунин ҳиссе, худамонро сарзаниш мекунем.

Ин ҳис байни тамоми инсонҳо муштарак аст ва мумкин аст шиддаташ бо ҳам фарқ дошта бошад. Бар асоси гузориши нашрияи “Тудей психолоҷӣ” равоншиносон ва пажӯҳишгарон тавсия мекунанд барои раҳоӣ аз ин эҳсосоти нохушоянд, ки сабаби сархурдагӣ ва хашму ҳасодат мешавад, метавон ба роҳкорҳои зер рӯй овард.

***

Барои ғалаба бар ҳасодат, аз муқоисаи худ бо дигарон даст бардорем

Ба кор бурдани ибораҳое назири “ӯ аз ман сарватмандтар аст” ё “ ӯ аз ман зеботар аст” равиши муносибе барои арзёбии арзишҳои фардӣ ва муқоисаи одилонае нест. Ҳар шахсе нуқоти қувват, истеъдод ва таҷрибаҳои хосси худро дорад.

Ҳамеша афроде беҳтар, сарватмандтар ва тавонмандтар вуҷуд доранд, аммо набояд энержии худро бо эҳсоси ғибта ҳадар дод. Танҳо касе, ки бояд худро бо он муқоиса кунед, худи дирӯзатон аст. Муқоиса кардан монеи рушд ва болиғ шуданатон мешавад. Пас аввалин коре, ки бояд бикунед, ин аст, ки аз муқоиса кардани худатон бо атрофиёнатон даст бардоред.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.