Нукоте дар мавриди тарбияти кӯдак

77

Тарбияти кӯдак аз чӣ синне оғоз мешавад?

Тарбияти кӯдак аз куҷо шурӯъ мешавад?

Чаро дар мавзӯи тарбият, ба луқмаи ҳалол бояд аҳамият бидиҳем?

Аз назари баъзе аз мураббиён ва мутахассисон, тарбият ба даврони навзодии кӯдак ва балки аз даврони пеш аз таваллуд ва ҳатто пеш аз издивоҷи падару модар бармегардад. Ба баёни дигар, тарбияти фарзанд дар гарави тарбияту ахлоқ ва шахсияти падару модари ӯ шакл мегирад.

Пас, ба ин масъала диққат кунем, ки тарбияти фарзандамон аз кӯдакии худи мо оғоз меёбад ва падару модар, нақши муҳимме дар тарбият ва сарнавишти мо ва ҳатто фарзандони мо доранд.

Ба ҳамин далел, аст, ки падару модарони мо, низ вақте мехоҳанд, ҳамсаре барои фарзандонашон интихоб кунанд, ҳассосияти зиёде нишон медиҳанд, то ин ки дар оянда фарзандоне, ки иншоаллоҳ ба дунё меоранд, фарзандони солеҳе бошанд.

Ислом ба унвони дини комил ва ҷомеъ, нуқтаи оғозини тарбиятро пеш аз издивоҷ медонад, ба ҳамин далел, Расули Акрам(с) дар баёни шароити ҳамсари шоиста мефармоянд: “Издивоҷ кун, вале бар ту бод, ки бо зани диндору боимон издивоҷ кунӣ”.

Таҳқиқот нишон додааст, ки фарзанд ҳафтод дарсади ҳушро аз МОДАР ба ирс мебарад, пас бо ин ҳисоб, тарбияти фарзанди боҳуш, пеш аз издивоҷи падару модар, бино ниҳода мешавад.

Нуктаи дигаре, ки ҳаминҷо бояд ёдоварӣ кунем, масъалаи луқмаи ҳалол аст. Ёдамон бошад, ки аз нуктаҳои муҳимми таолими исломӣ, дар тарбияти динии фарзанд, таъкид бар луқмаи ҳалоли волидайн аст. Дар ривояте омадааст: “Осори касби ҳалол, дар насли инсон ошкор мешавад”.

Аз назари равоншиносон, саломатии бадан, беш аз ҳар чиз, ба чигунагии хӯроки шахс марбут аст ва ҳолатҳои равонӣ ва руҳӣ низ ҳамеша аз ҳолатҳои баданӣ таъсир мепазиранд ва ба ин тартиб, чигунагии хӯрду хӯрок, дар рушди зеҳнӣ ва бадании инсон асар мегузорад.

Бар касе пӯшида нест, ки орзуи ҳамаи падару модарон, доштани фарзандони солеҳ ва ботарбият аст. Ва гуфтем, ки тарбият аз худи падару модар оғоз мешавад.

Падару модар ибтидо худ омили хайру хубӣ бошанд. Дар хонае, ки падару модар ба воҷибот, муҳаррамот ва ҳалолу ҳаром таваҷҷӯҳ намекунанд, ё ба намоз аҳамият намедиҳанд, набояд интизор дошта бошем, ки фарзандашон динӣ тарбият шавад.

Волидайн бояд садоқат, рафоқат, тадайюну меҳрубонӣ ва аҳли амал будан ва хайру хубиҳоро аз худ нишон диҳанд.

Ба фарзандон зикри Худо ва дар ёди Худо буданро омӯзиш диҳем. Албатта ин фақат ба маънои додани тасбеҳ ба дасти фарзанд нест, балки бояд фазои хонавода, як фазои зикру ёди Худо бошад ва ёди Худо ба тавре дар он хона қавӣ бошад, ки касе ҷуръати гуноҳ карданро ҳам надошта бошад.

Фарзандонро ба амри маъруф ва наҳйи мункар ошно кунем ва бидонем, бо кӣ мераванд, куҷо мераванд ва чӣ кор мекунанд.

Аммо фарзанде, ки издивоҷ кард ва аз хонаи падару модар рафт, талош накунем салиқаҳо ва назарамонро ба ӯ таҳмил кунед ва бо ин кор, зиндагии ӯро хароб кунед, балки ба онҳо назари машваратӣ диҳем, зеро амр ба маъруф бояд ҳамроҳ бо рафоқат бошад.

Рафиқ будани падару модар бо фарзандон калиди тарбият аст. Бо фарзандонатон рафиқ ва дӯст шавед ва нагузоред пеш аз шумо касони дигар бо онҳо рафиқ шаванд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.