Тавсияҳое ба мардон, ҳангоми бордории ҳамсар то зоимон

214

Агар ҳамсари шумо дар ҳоли тағири равиши зиндагист ва омода шудан барои бордорӣ, аст аз ӯ ҳимоят кунед. Агар шумо низ одатҳои нописанде доред, шуруъ ба тарки он кунед.

Ҳамеша ҳамсаратонро дар оғӯш бигиред. Бисёре аз занон дар тӯли ин давраи хос аз зиндагӣ, аз дар оғӯш гирифта шудан лаззат мебаранд.

Ҳар аз чанд гоҳе, бидуни далели хоссе барояш ҳадяе бихаред.

Одат кунед, ки ҳар аз чанд гоҳе китоби бордории мавриди алоқаи худро боз кунед ва бо ҳамсаратон ба мутолиаи он бипардозед.

Агар ҳамсаратон аз ҳолати дилбеҳезурӣ ранҷ мебарад, саъй кунед хуроки мавриди алоқаашро фароҳам кунед.

Барои ҳамсар ва фарзанди дар роҳатон ҳадяе бихаред.

Саъй кунед дар ин муддат дар хона ҳайвоне нигаҳ надоред. (Албатта манзур ҳайвонест, ки даруни хона нигаҳдорӣ мешавад, на дар ҳавлӣ).

Агар маҷбуред, чанд соатеро аз ҳамсратон дур бошед, ҳатман бо ӯ тамоси телефонӣ барқарор кунед ва ба ӯ бигӯед, ки ба ӯ ва фарзанди дар роҳаш фикр мекунед.

Наздикии зоимон ҳамеша ба ҳамсаратон бигӯед, ки чи қадар ӯ ва зиндагӣ кардан бо ӯро дӯст доред ва бесаброна таваллуди фарзандатонро интизор мекашед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.