Ҳамсоядорӣ дар каломи нуронии Набии Акрам(с)

65

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Хушҳамсоягӣ шаҳрҳоро обод ва умрҳоро зиёд мекунад”.

* * *

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Агар мехоҳед Худо ва пайғамбараш шуморо дӯст бидоранд, вақте амонате ба шумо супурда шуд, онро ба соҳибаш баргардонед ва чун сухан гӯед, рост бигӯед ва бо ҳамсоягони худ ба некӣ рафтор кунед”.

* * *

Паёмбари Акрам(с) дар бораи ҳуқуқи ҳамсоя фармуданд: “Агар аз ту кӯмак хост, кӯмакаш кун, агар аз ту қарз хост, ба ӯ қарз бидеҳ, агар ниёзманд шуд, ниёзашро бартараф соз! Агар мусибате дид, ӯро дилдорӣ деҳ, агар хайре ба ӯ расид, ба вай табрик гӯй, агар бемор шуд, ба аёдаташ бирав, вақте аз дунё рафт, дар ташйеи ҷанозааш ширкат кун, хонаатро баландтар аз хонаи ӯ насоз, то пеши роҳи ҷараёни ҳаворо бар ӯ нагирад, магар он ки худаш иҷозат диҳад…”

* * *

Расули Акрам(с) фармуданд: “Ба ман имон наовардааст, он кас, ки шаб сер бихобад ва ҳамсояаш гурусна бошад. Ба ман имон наовардааст, он кас, ки шаб пӯшида бихобад ва ҳамсояаш бараҳна бошад (ва ҳатто либосе барои пӯшидан надошта бошад)!”

* * *

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Касе, ки ҳамсоя аз шарраш дар амон набошад, ба биҳишт намеравад!”

* * *

Паёмбари Акрам(с): “Ахлоқи худро некӯ кунед ва бо ҳамсоягони худ меҳрубон бошед ва занони худро гиромӣ бидоред, то беҳисоб вориди биҳишт шавед”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.