Кӯдаки боҳуш – II

63

Кӯдаки боҳуш – II

Бахши дуюм

Кӯдакони боҳуш чӣ хусусиёте доранд?

Дар навиштаи қаблӣ, дар робита бо кӯдакони боҳуш, ба мабоҳиси муқаддамотӣ ишора намудем ва бархе аз хусусиёти кӯдакони боҳушро низ баён кардем. Дар ин матлаб, ба идомаи мабоҳис пардохта мешавад.

***

Ҳофизаи қавӣ

Яке аз вижагиҳои кӯдакони боҳуш, боло будани қудрати ҳофизаи онҳост.

Ҳофиза танҳо ба ин маҳдуд намешавад, ки кӯдак битавонад иттифоқоти гузаштаро бо диққат ва возеҳ баён кунад. Барои ёдгирӣ ва ҳалли масъала, тавоноии қавӣ дар ҳофиз аҳамияти бисёре дорад.

Ҳофизаи қавӣ ба кӯдак кӯмак мекунад, ки дар шароити душвор, барои ҳалли масъала, ба ёд биёрад, ки дар мавқеиятҳои мушобеҳи гузашта чӣ карда ё дигарон чӣ рафторе анҷом додаанд ва аз ин тариқ, ба ҳалли масъала кӯмак кунад.

***

Маҳоратҳои забонии боло аз хусусиёти як кӯдаки боҳуш

Забон дарбаргирандаи чаҳор амалкард: гуфтан, шунидан, хондан ва навиштан аст. Кӯдакони боҳуш, дар тамоми ин маворид зудтар аз синни миёнгин, тавоноиҳоеро аз худ нишон медиҳанд. Барои мисол, зудтар аз дигар ҳамсинну солҳояшон, гап заданро оғоз мекунанд ва бо ҳарфҳои алифбо ва хондану навиштанро пеш аз синни шурӯи мактаб ёд мегиранд.

***

Кунҷков будан

Кунҷков будан нишондиҳандаи аҳамият додани шахс ба ёдгирӣ ва ҷаззобияти донистан аст.

Кӯдакони боҳуш, кунҷковии бештаре дар заминаҳои мухталиф аз худ нишон медиҳанд ва дар паи ёдгирии бештар дар иртибот бо масоили мухталиф ҳастанд.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.