Чанд вижагии ишқи воқеӣ

161

Бисёре аз афрод, ишқро фақат дар ҷумлаҳои эҳсоси хулоса ва аз меъёрҳои воқеӣ он аз ҷумла эҳтиром ба тарафи муқобил ғафлат мекунанд, ки ин масъала сабаби шакл гирифтани издивоҷҳои бесубот, бедавом ва дар натиҷа афзоиши омори талоқ мешавад.

Аммо ишқи воқеи читавр аст? Чигуна бояд бифаҳмед ишқе, ки тарафи муқобил бо шумо иброз мекунад ҳақиқи аст ва не аз рӯи ҳавас ва фурсатталабӣ?

Асоси ишқварзӣ

Илми равоншиносӣ(психологи) дунболи таодули рафтори аст ва эҳсос ва рафтореро мепазирад ва солим медонад, ки таодул дошта бошад, бинобар ин ишқварзӣ бо шахсияти солим ниёз дорад. Беҳтарин ва арзишмандарин ишқварзиҳоро аз тарафи касоне мушоҳида мекунем, ки аз назари равонӣ шахсияти солим ҳастанд, бинобар ин ишқу ранги он бо шахсияти ҳар фард иртибот дорад.

Доштани шахсияти солим решаи ишқварзии солим аст. Касоне метавонанд ба дигарон ё ба ҳамсари худ ишқ варзанд, ки ибтидо ба худ ишқ варзанд, яъне асоси ишқварзи ба дигарон, ишқварзӣ ва эҳтиром ба худ аст.

Адаби сухан гуфтан аз нишонаҳои ишқ

Доштани адаби равонӣ, каломӣ ва рафторӣ аз нишонаҳои муҳимми як ҷавони солим ва як ошиқи воқеӣ аст. Оё касоне, ки бадтарин суханҳоро ба кор мебарад, таҳдид мекунад, обрӯи хонаводаро ба хатар меандозанд ва паёмҳои гуноҳолуд мефиристанд, метавонад ишқи ростинро дошта бошанд?

Кинаҳои даврони кӯдакӣ ва навҷавонӣ бар ишқварзии афрод таъсир мегузорад, духтару писаре, ки муҳаббат ва отифаи волидайнро таҷриба накардаанд ва ё бо маҳрумиятҳои шадиди равонӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ будаанд, мумкин аст навъе бадбини дар бораи зан, мард ва ё ташкили хонавода дошта бошанд, ки ин вижаги дар ишқварзӣ ва оромиши афрод таъсиргузор аст.

Афроде, ки дорои шахсияти афсурда ҳастанд, дар ишқварзи ба ҳамсар ва дигарон мушкил доранд, зеро худро фарди бекифоят медонанд магар инки худро дармон кунанд.

Набудани шинохт монеъе барои ишқварзӣ

Набудани шинохт монеъи бузурге барои ишқварзи аст. Таъмими ифротӣ ва беандоза, яке аз ин хатоҳост ба ин маъно, ки фард як иттифоқро ба ҳама мавқеиятҳо таъмим медиҳад, масалан, “ҳамаи мардҳо мисли ҳаманд” ё “ба ҳеҷ зане наметавон эътимод кард”.

Истидлол ба равиши ҳама ё ҳеҷ яке дигар аз хатоҳои шинохти аст. Фард дар ин сурат дорои тафаккури ду қутби аст, масалан мегӯяд, ё “бояд ин духтарро бигирам ё издивоҷ накунам” бинобар ин ин афрод мутлақгаро ҳастанд ва ба муваффақиятҳои кам рози намешаванд яъне камолгарои беморгуна доранд. Ин афрод дар тамоми зиндагӣ фақат нолаву шиква мекунанд, аз ончи Худованд ба онҳо додааст ташаккур намекунанд ва рози нестанд, аз ин рӯ дар зиндагии заношӯӣ ҳам мушкил хоҳанд дошт дар сурате, ки ҳамсар ва дигарон барои онҳо коре кунанд, кам аст бинобар ин оромиш ҳам надоранд.

Бархе афрод ба ҷанбаҳои манфии як мавзӯъ мепардозанд ва баъд мусбати онро раҳо мекунанд, масалан бо дидани як беалоқаги аз ҳамсар мегуянд, ту аслан маро дӯст надорӣ ва алоқа нишон намедиҳӣ дар ҳоле, ки пеш аз ин кулли ба ӯ хубӣ ва ибрози алоқа шудааст.

Зуд қазоват кардан

Бузургнамоӣ, зеҳнхонӣ ва зуд дар қазоват кардан аз ҷумлаи омилҳои дигари хатошинохти аст, ки агар дар афрод дида шавад, монеъе барои ишқварзи хоҳад буд ва бояд афрод бо дигарон машварат намоянд ва дармон шавад.

Нигоҳи мусбат доштанро аз ҷумла вижагиҳое донист, ки ишқ варзиданро осон мекунад. Фарде, ки ба ҳастӣ ва холиқи он нигоҳи мусбат дорад ва ба лутфҳои Худованд умедвор аст, ба Худованд ишқ меварзад ва ба бандагони ӯ ҳам ишқу муҳаббат нишон медиҳад. Ин афрод дорои шахсияти равони солим ҳастанд, ба худ эҳтиром мегузоранд ва аз лаҳзаҳои зиндаги дар роҳи оромиш ва шукуфоии худ истифода мекунанд.

Нигоҳи мусбат доштан, содалавҳона зистан нест. Бояд бархе аз корҳои манфӣ низ дар зиндаги дида шаванд, аммо набояд нигоҳ кард ва истод балки бояд аз монеъҳо убур кард, фарди нигоҳи мусбатандеш илова бар инки боҳуш аст, иҷозат намедиҳад фикрҳои манфӣ вақти арзишманди ӯро талаф кунад ва беҳуда гузарад, дар воқеъ онҳо ба чизҳои манфӣ эътинои зиёде намекунанд.

Касоне, ки ба якдигар ибрози алоқа мекунанд ва эҳсосашон воқеӣ аст, саъй мекунанд якдигарро ба хуби шинохта ва зиндагии худро бо ҳам мутобиқат диҳанд. Онҳо ҳаргиз қасди тағйир додани тарафи дигарро надоранд. Ишқи воқеӣ яъне инки фард мавриди алоқаро ҳар тавре ки ҳаст қабул дошта бошед. Ду нафаре ки иддао мекунанд ҳамдигарро дӯст доранд, маъмулан дар барномарезиҳояшон якдигарро дар назар мегиранд ва аз фикри ҳамдигар кумак мегиранд. Онҳо ҳаргиз якравӣ ва худхоҳ нестанд ва ҳадафҳоро муштарак мебинанд ва салоҳи ҳамдигарро мехоҳанд.

Дар ишқи воқеӣ ду нафар ба ҳамдигар эҳтиром гузошта ва хостаҳои якдигарро то ҷое ки имкон дорад бароварда месозанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.