Вазоифи мард дар зиндагии муштарак

186

Вазоифи мард дар зиндагии муштарак

Муҳимтарин мушовираҳои равоншиносон барои мардон 

Муҳимтарин вазоифи мард бар баробари ҳамсар кадомҳост?

Тамоми вазоифе, ки мардон нисбат ба ҳамсари худ доранд, сирфан онҳое нест, ки дар қавонини мадании кишварҳо омадааст, балки мардон бояд аз соири вазоиф ва масъулиятҳои худ огоҳӣ дошта бошанд ва маҳоратҳои лозимро барои анҷоми ин вазоиф дар худ парвариш диҳанд.

Мардон нақши аслиро дар эҷоди ваҳдат дар хонавода доранд, пас бояд нисбат ба анҷоми вазоифи худ дар хонавода таваҷҷӯҳи зиёде дошта бошанд.

Дар идома ба бархе аз тавсияҳои равоншиносон дар маврди вазоифи мардон дар зиндагии муштарак ишора хоҳем намуд.

***

1 – Ишқварзии беқайду шарт аз вазоифи мард дар зиндагии муштарак

Дуруст аст, ки бисёре аз рафторҳои ғайрикаломӣ ишқу муҳаббати мардро нисбат ба ҳамсараш нишон медиҳад, аммо ба иннукта таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки бо вуҷуди ҳамаи рафторҳои ғайрикаломӣ, занон ба муҳаббати каломӣ ҳам ниёз доранд.

Дар натиҷа аз ҳамсаратон интизори зеҳнхонӣ надошта бошед. Гоҳе гуфтани ҷумалоти содае мисли “дӯстат медорам” беш аз он ки фикр кунед, дар робитаи шумо таъсиргузор хоҳад буд.

***

2 – Парҳез аз рафторҳои тунду хушунатомез

Рафторҳои тунду хушунатомез ноогоҳона ё огоҳона таъсироти бисёр манфӣ дар ҳамсари шумо хоҳад гузошт. Ин рафторҳо иззати нафси занонро ба шиддат осеб мезанад ва саломати равонии ӯро ба мизони зиёде таҳти таъсир қарор медиҳад. Заноне, ки дар маърази хушунати хонагӣ қарор мегиранд, ба эҳтимоли бештаре ба ихтилолоти изтиробӣ ва афсурдагӣ дучор мешаванд.

Илова бар ин, модаре, ки аз сӯи падари хонавода муҳаббати кофӣ дарёфтнакунад, дар тарбият ва ишқварзӣ ба фаррзандони худ бо мушкил рӯбарӯ хоҳад шуд.

Пас муҳаббат ба зан низ аз вазоифи мард дар зиндагии муштарак аст.

***

3 – Хонавода аз ҳама чиз муҳимтар

Ҷойгоҳи хонавода, барои мард, бояд аз ҳама чиз муҳимтар бошад ва дар дараҷаи аввал қарор бигирад.

Пас аз издивоҷ, ба таври табиӣ авлавиятҳои зиндагии шумо низ тағйир мекунад. Дар воқеъ пас аз ташкили хонавода, ҳифз ва давоми равобити хонаводагӣ бояд барои шумо дар дараҷаи аввал қарор дошта бошад.

Ба ҳамин манзур, мардон бояд барои хонаводаи худ вақт гузоранд, ниёзҳои ҳамсару фарзандонашонро бишносанд ва дар ҷиҳати рафъи онҳо қадам бардоранд.

Дуруст аст, ки афрод дар канори хонавода ба равобит бо дӯстон, ҳамкорон ва хонаводаи худ низ ниёз доранд, аммо ин равобит набояд ҷойгузини робитаи шумо бо хонавода шавад ва тамоми вақти шуморо бигирад.

***

4 – Вафодорӣ ба ҳамсар

Дар бисёре аз фарҳангҳо ва махсусан бар бархе маворид, дар фарҳанги мо низ, он қадар, ки ба занон дар мавриди вафодорӣ таъкид мешавад, ба мардон таъкид намешавад, ки нисбат ба ҳамсари худ вафодор бошанд.

Шумо ба унвони як мард, бояд бидонед, ки вафодорӣ ба ҳамсар ва зиндагӣ, бахше аз аз вазоифи асосии шумо дарзиндагии занушавҳарӣ аст, дар воқеъ, вафодорӣ мизони масъулиятпазирии шуморо нисбат ба хонавода нишон медиҳад.

Вафодории ду тарафа сабаи бав вуҷуд омадани эҳсоси амният дар робита мешавад.

Бевафоӣ ё ҳамон хиёнат, саломатии равонии тамоми аъзои хонаводаро таҳти таъсир қарор медиҳад.

Дар чунин шароите саломатии хонавода бештар аз ҳар вақти дигаре ба хатар меафтад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.