Чаро кӯдакон дурӯғ мегӯянд ва роҳҳои пешгирии он чист?

221

Чаро кӯдакон дурӯғ мегӯянд ва роҳҳои пешгирии он чист?

Чаро кӯдаки ман дурӯғ мегӯяд?

Роҳҳои пешгирии дурӯғгӯии кӯдакон чист?

***

Далелҳои дурӯғ гуфтани кӯдакон

Дурӯғ гуфтани кӯдакон далелҳо ва иллатҳои худро дорад, ки дар идома ба чанд намуна аз муҳимтарини онҳо ишора мекунем:

1 – Тарс аз оқибати ростгӯӣ

2 – Фирор аз масъулият ва пазируфтани ҷуброни хасорат

3 – Адами дарки равобити иҷтимоӣ

4 – Дӯстон ё гурӯҳҳое, ки аз дурӯғгӯӣ на танҳо ибое надоранд, балки онро ҷаззоб медонанд

5 – Маҳдудиятҳо ва қонунҳои зиёди маҳдудкунанда аз ҷониби падару модарон

6 – Тақлид аз бузургтарҳои дурӯғгӯ

7 – Озмоиши дуруст будан, хуб будан ё хуб набудани як рафтор

8 – Ҳарф задан пеш аз фикр кардан

9 – Эҳитмоли вуҷуди бемории равонӣ

***

Пешгирӣ аз дурӯғгӯии кӯдакон

Роҳҳо ва равишҳои озмудае барои пешгирӣ аз дурӯғгӯии кӯдакон вуҷуд дорад, ки муҳимтарини онҳоро баён мекунем:

1 – Нисбат ба рафторҳои фарзандамон вокуниши дурусту саҳеҳ ва мантиқӣ дошта бошем

2 – Сармашқи хубе барои кӯдакамон бошем

3 – Бахшанда бошем (аз иштибоҳоти кӯдакамон гузашт кунем)

4 – Ба кӯдакамон бифаҳмонем, ки ҳамеша пуштибонаш ҳастем

5 – Интизороти дурусту мантиқӣ аз уӯдакамон дошта бошем

6 – Танбеҳоти муносиб дар назар бигирем

7 – Муҷозоти дурӯғгӯӣ бояд ду баробари иштибоҳ кардан бошад

8 – Аз муҷозоти дурӯғгӯӣ кутоҳ наоед, (алабатта манзур аз муҷозот, танбеҳоти муносиб, мисли маҳрум кардани чанд соат аз бозӣ ва монанди он аст ва ба ҳеч вақҳ, задан ва танбеҳоти баданӣ ва хашин тавсия намешавад)

9 – Фурсати дубора ба кӯдак бидиҳем

10 – Ба фарзандонамон лақаби “дурӯғгӯ” начаспонем…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.