Эътимод ба нафси фарзандатонро боло бибаред

253

Эътимод ба нафси фарзандатонро боло бибаред

Равишҳои боло бурдани худбоварии кӯдакон

1 – Вақте кори иштибоҳе мекунад, ба ӯ бигӯед: Мо инсонем ва ин комилан табиист, ки иштибоҳ кунем. Бояд тарҷиба кунем, иштибоҳ кунем ва дарс бигирем то рушд кунем.

Аз иштибоҳат нороҳат набош, балки аз онҳо дарс бигир ва рушд бикун. Мо дар ҳар шароите туро дӯст медорем ва аз ту ҳимоят мекунем.

2 – Вақте мехоҳад кори ҷадидеро анҷом бидиҳад, ба ӯ бигӯед:

Ман ба ту ифтихор мекунам, ки ҷасорати анҷоми кори ҷадидеро дорӣ! Хелеҳо аз анҷоми кори ҷадиде метарсанд, вале ту бо шуҷоат меравӣ суроғи корҳои ҷадид. Барои ман ин рафторат хеле ҳаяҷонангез ва қобили ситоиш аст. Натиҷааш муҳим нест, вале таҷрибае, ки ба даст меоварӣ, хеле муҳим ва боарзиш аст.

3 – Вақте дар мавзӯе пешниҳоде медиҳад, масалан пухтани хӯрок, навъи тафреҳу истироҳат, ё интихоби либос, агар шароиташ фароҳам ҳаст, ба пешниҳодаш амал кунед. Ба ӯ бигӯед, ки пешниҳодҳои хубе медиҳад ва шумо ба пешниҳодаш эътимод доред.

4 – Барои ҳар кадом аз бачаҳо, замони махсусе дар назар бигиред.

Дар ҳафта ё моҳ, як замони махсусе барои ҳар кадом аз бачаҳоятон дар назар бигиред. Бо ҳам ба берун биравед, ҳарф бизанед, бозӣ кунед ва бигзоред он чӣ дар дил дорад, бигӯяд ва шумо мисли як дӯсти самимӣ ба суханҳояш гӯш диҳед. Ба ӯ бигӯед, ки чӣ қадар дӯсташ медоред ва ӯ бароятон боарзиш аст.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.