Ҷуръатмандӣ – ҷуръат доштан

57

Ҷуръатмандӣ – ҷуръат доштан

Ҷуръатмандӣ чӣ сифате аст?

Чаро бояд бо ҷуръат бошем?

Дар чӣ корҳое бо ҷуръат бошем?

Касоне, ки ба таври мантиқӣ метавонанд аз худ дифоъ кунанд ва тавоноии “на” гуфтани дуруст дар муқобили хостаҳои дигаронро доранд, инсони ҷуръатманд ё боҷуръат ба шумор мераванд.

Ин афрод ҳангоми дифоъ аз ҳуқуқи худ ба гунае рафтор мекунанд, ки ба ҳуқуқи дигарон таҷовуз намешавад ва дар айни ҳол, иҷозаи судҷӯӣ ва сӯистифодаро низ ба онҳо намедиҳанд.

Ин маҳорат ниёзманди он аст, ки шумо битавонед ҷониби эътидолро риоят кунед ва барои расидан ба ҳаққи худ, пархошгарӣ ва тундӣ накунед ва аз тарафе ҳам мунфаил ва асарпазир набошед.

Албатта ҷуръатмандӣ ба ин маъно нест, ки фарди пархошгаре бошед ва ё баръакс мунфаилона ва асарпазирона бо шароит бархурд кунед, балки ҷуръатмандӣ шеваи мӯътадилонае барои расидан ба ҳуқуқи худ аст.

Барои он ки ин масъаларо ба таври возеҳтаре дарк намоед, навиштаҳои баъдии моро дар ҳамин сомона, пайгирӣ кунед.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.