Амон аз мардони бадбин!

180

Баъзе мардҳо ба бемории бадгумонӣ мубтало ҳастанд. Беҷиҳат нисбат ба ҳамсаронашон бадбин ҳастанд ва дар бораи онон эҳтимоли хиёнат медиҳанд.

Ҳар марде, ки ба ин бемории хонумонсӯз мубтало шуд зиндагиро ба худаш ва хонаводааш талх мекунад. Ирод ва баҳонаҷӯӣ мекунад. Нисбат ба аъмол ва ҳаракоти ҳамсараш ба назари бадбинӣ нигоҳ мекунад ва монанди соя ӯро дунбол менамояд. Чун гумони бад дорад, аз дару девор шоҳид ва қарина пайдо мекунад.

Оилае, ки ба марази бадгумонӣ мубтало шаванд, осоиш ва хушӣ надоранд. Оби хуш аз гулӯи ҳеҷ кадомашон поён намеравад. Мард монанд як полиси махфӣ доиман аз аъмол ва ҳаракоти ҳамсараш муроқибат менамояд. Зани бечора ҳам ночор аст ҳамонанди як муттаҳами бегуноҳ ҳамвора дар шиканҷа ва азоби рӯҳӣ ва дар ҳоли маҳдудият ва таҳти назар зиндагӣ кунад. Бунёди чунин хонаводае ҳамвора дар маърази хатар қарор дорад.

Мард бояд таассубҳои ғалат ва таваҳҳумоти беҷоро аз худ дӯр гардонад ва бар тибқи мавозини ақл ва виҷдон рафтор кунад. Нисбати хиёнат ба касе додан мавзӯи бисёр душвор ва пурмсъулияте аст. То мавзӯи хиёнат бо далел ва шоҳиди қатъӣ ба исбот нарасад наметавон касеро муттаҳам кард.

Худованди мутаол дар Қуръон мефрмояд:

Эй касоне, ки имон овардаед аз бисёре аз гумонҳои бад дурӣ кунед зеро баъзе гумонҳо гуноҳ аст (1).

Оилае, ки ба марази бадгумонӣ мубтало шаванд, осоиш ва хушӣ надоранд. Оби хуш аз гулӯи ҳеҷ кадомашон поён намеравад. Мард монанд як полиси махфӣ доиман аз аъмол ва ҳаракоти ҳамсараш муроқибат менамояд. Зани бечора ҳам ночор аст ҳамонанди як муттаҳами бегуноҳ ҳамвора дар шиканҷа ва азоби рӯҳӣ ва дар ҳоли маҳдудият ва таҳти назар зиндагӣ кунад. Бунёди чунин хонаводае ҳамвора дар маърази хатар қарор дорад.

Оқои мӯҳтарам!

Ҳамсари шумо агар аз марде таъриф кард далели он намешавад, ки ба ӯ дилбаста аст.

Агар камтар аз собиқ изҳори муҳаббат мекунад далели он нест, ки нисбат ба дигаре дилбастааст. Шояд аз шумо ранҷида бошад.

Шояд ғаму ғуссае ба дил дошта бошад, шояд бемор бошад. Шояд дар асари бетаваҷҷӯҳӣ ва изҳори муҳаббат накардани шавҳараш ба ӯ, нисбат ба зиндагӣ дилсрд шуда бошад.

Оқои мӯҳтарам!

Даст аз гумони бад бардор. Монанди як қозии боинсоф дар маҳкамаи доварӣ биншин ва далелҳо ва шоҳидҳои аҳёнан хиёнати ҳамсаратро бо диққат ва инсоф баррасӣ кун ва миқдори далолати онҳоро бисанҷ ва бубин оё қатъӣ ҳастанд ё гумону ё эҳтимоли?

Ман намегӯям беғайрат бош балки мегӯям:

Ба ҳар далеле ба миқдори далолаташ рафтор кун на зиёдатар. Чаро барои баъзе таваҳҳумоти беҷо ва шавоҳиди пуч зиндагиро ба худат ва хонаводаат танг мекунӣ? Агар касе бо ҳамин қабил шавоҳиди хаёлӣ худатро муттаҳам созад чӣ ҳоле пайдо мекунӣ? Чаро инсоф ва виҷдон надорӣ?

Эҳтиёт кун дар ғайри мавзеи ғайрат, ғайрат ба харҷ надеҳ. Зеро ин амал афроди саҳеҳро ба сӯи фасод ва афроди покдоманро ба ҷониби гуноҳ мутамоил месозад.

Чаро обрӯи худат ва ҳамсаратро мерези?

Ҳазрати Алӣ (алайҳиссалом) ба фарзандаш имом Ҳасан(а) фармуд: Мувозб бош дар ғайри мавзеи ғайрат, ғайрат ба харҷ надиҳӣ. Зеро ин амал афроди саҳеҳро ба сӯи фасод ва афроди покдоманро ба ҷониби гуноҳ мутамоил хоҳад сохт (2).

Агар нисбат ба ҳамсарат бадбин ҳастӣ матлабро бо ҳар кас дар миён нагузор зеро мумкин аст дар асари душманӣ ё нодонӣ ё тазоҳур ба хайрхоҳӣ, бидуни диққат ва баррасӣ, ақидаи туро таъйид намоянд балки шавоҳиди беасоси дигареро ба он бифзоянд ва гумони бадатро ба марҳалаи яқин бирасонанд ва ба ин васила дунё ва охирататро табоҳ созанд.

Агар хости аз роҳнамоиҳои дигарон истифода кунӣ бо дӯстони оқил ва бо таҷриба ва хайрхоҳ ва оқибатандеш машварат кун. Беҳтар аз ҳама ин, ки нисбат ба ҳар як аз аъмол ва рафтори ҳамсарат бадбин ҳастӣ матлабро бо сароҳат бо худаш дар миён бигузор ва тавзеҳ бихоҳ. Лекин манзурат ин набошад, ки матлабро ба исбот бирасонӣ.

Пайнавишт:

  • сураи Ҳуҷурот, ояти.12.
  • Баҳоруланвор, ҷилди.103 саҳ. 252

Манбаъ: барграфта аз китоби ” Ҳамсардорӣ “

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.