Панҷ нукта дар тарбияти кӯдак

151

Панҷ нукта дар тарбияти кӯдак

1 – Тарбият ба маънои танбеҳ нест

Танбеҳ наметавонад ба маънои тарбият бошад. Ба ҷои он аз маҳдуд кардан бояд истифода кунем. Эҷоди маҳдудиятҳо ва қонунҳо дар хонавода ба маънои омӯзиши кӯдак нисбат ба чигунагии рафтор дар ҷомеа аст ва ба ӯ кумак мекунад, то инсони шоиста ва бомулоҳиза бошад ва рафтору гуфтори худро хубтару беҳтар мудирият кунад.

2 – Бозӣ бо кӯдак

Барои рушди халлоқият ва рушди фикрию зеҳнии кӯдак бо онҳо бозӣ кунед. Фарқе намекунад, бозии фикрӣ бошад ё бозиҳои физикӣ. Бигзоред худи кӯдак интихобкунандаи навъи бозӣ бошад ва дар бораи қонунҳои бозӣ зиёд сахт нагиред. Шумо бо ҷараён пеш биравед ва аз бозӣ бо онҳо лаззат баред.

3 – Китобхонӣ бо кӯдак

Ҳар рӯз бо ҳам китоб бихонед. Ин корро аз вақте ки ҳануз навзод аст, оғоз кунед. Бачаҳои хурдсол ошиқи гӯш додан ба садои падару модари худ ҳастанд. Вақте ӯро дар оғӯш гирифтаед, хондани китоб барои вай, таҷрибаи пайванддиҳандаеро шакл медиҳад ва ӯро барои як умр китоб хондан тарбият мекунад.

4 – Сармашқи хубу шоистае барои кӯдакатон бошед

Кӯдакон бо нигоҳ кардан ба падару модар аз онҳо меомӯзанд. Агар сармашқи хубе дар рафтори муносиб, мӯҳтарамона ва хуб бошед, муфидтар хоҳад буд, то ин ки бихоҳед онҳоро бо сухан ва ҳарфҳоятон тарбият кунед.

5 – Хатои худро эътироф кунед

Дар назди хонавода ва махсусан кӯдакон, агар хато ва иштибоҳе аз шумо сар зад, ба он эътироф кунед. Ин равиш беҳтарин роҳест, ки ба бачаҳо нишон медиҳад, чӣ тавр ва дар чӣ замоне бояд узрхоҳӣ кунанд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.