Гушаҳои пинҳони дунёи навҷавонӣ

95

  Навҷавонӣ давраи муҳим дар зиндагӣ аст, ки бо вижагиҳои хосси худаш фарқҳои зиёде бо дигар вақтҳои зиндагӣ дорад.

Баъзе аз ин вижагиҳо аз ин қарор аст:

1-     Ишкол аз волидайн ва муҳит:

Дар ин давра навҷавон аз волидайни худ интиқод ва дар мавриди онҳо доварӣ мекунад ва айбҳои онҳоро чанд баробар нишон медиҳад. Аз фақри иқтисодии хонавода ранҷ мебарад ва талош мекунад инро аз дӯстони худ пинҳон кунад.

2-     Ниёз ба мустақил будан ва ибрози вуҷуд:

 Яке аз вижагиҳои давраи навҷавонӣ истиқлол ва ибрози вуҷуд аст, ки бо ин эҳсос, ки ӯро намефаҳманд ҳамроҳ аст (ба хусус аз тарафи волидайн).

  Ин эҳсос, ки дигарон ӯро намефаҳманд, шинохт аз худашро низ дучори мушкил мекунад; зеро эҳсос ва огоҳие, ки шахс аз худ дорад то андозаи зиёде мутаассир аз нигоҳе аст, ки дигарон ба ӯ доранд.

3-     Исботи вуҷуди навҷуйӣ:

Ҷустуҷӯи навигариҳо, шикастани қолабҳои мавҷуд, дурӣ кардан аз он чи пеш аз ин буда, эҳсоси ниёз ба дурӣ аз муҳит ва рафторҳое монанди ин, дар воқеъ навҷӯйии навҷавононро исбот мекунад. Ин навҷӯйӣ худро дар навъи либоспӯшӣ, дар тарзи рафтор, фикрҳо ва … нишон медиҳад.

4-     Худхоҳӣ:

Кудаки мутиъ ва фармонбардор ба касе табдил мешавад, ки дӯст дорад ба назар ва хости худ амал кунад.

5-     Худшиносӣ:

 Дар ин вақт навҷавон бояд ба тасвири раввшане аз худ бирасад. Шахсияте, ки навҷавон талош мекунад то ба таври равшан бо он рӯ ба рӯ шавад ин аст, ки ӯ кист? Кудак аст ё бузургсол?

  Маъмулан бештари навҷавонон ба далели фаолиятҳо ва вақтҳои мухталиф, худшиносӣ, таваҷҷӯҳ кардан ба худ, фикр кардан ба оянда ва… бо шикасти таҳсили рӯ ба рӯ мешаванд. Муҳимтарин сабабе, ки ба назари мутахассисон сабаби тарки таҳсил мешавад иборатанд аз: шароити иқтисодӣ, таҳсилоти волидайн, ҷудоии хонавода, гирифтани баҳои поён дар дарс, надоштани эътимод ба нафс, чигунагии бархӯрди муаллим, набудани ангезаи кофӣ ва … .

  Бо инҳол фақри молӣ ва набуди ангеза бештарин таъсирро дар тарки таҳсили донишомӯзон дорад. Барои ташвиқи навҷавонатон ба идомаи таҳсил талош кунед мушкилро аз назари вай бубинед. Заминаи муносиберо барои идомаи таҳсилаш фароҳам кунед.

  Бо муаллимони мактаб дар иртибот бошед ва назари онҳоро дар бораи мушкили ӯ бипурсед, шояд мушкил марбут ба мактаб бошад. Илова бар ин талош кунед ақидаҳо ва назароти худро ба ӯ таҳмил накунед, бештар аз ин ки волидайни сахтгир ва амркунанда бошед талош кунед барои ӯ як дӯст бошед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.