Нақши мактаб дар шаклгирии шахсияти кӯдак

180

Нақши мактаб дар шаклгирии шахсияти кӯдак

Мактаб чӣ нақше дар шаклгирии шасияти кӯдак дорад?

Мактаб аввалин муҳити иҷтимоӣ аст, ки кӯдак вориди он мешавад; оё мактаб метавонад дар офариниши шахсияти кӯдак нақше дошта бошад ё на?

Агарчӣ бар асоси таҷриба, синфҳои болоии мактаб, дар шахсияти донишомӯз таъсири бештаре дорад, аммо набояд аз таъсири синфҳои ибтидоии мактаб ғофил шуд, ки муҳимтарин бахши таҳсилии ҳар шахсеро месозад ва дар идомаи таҳсил таъсири ин давра, дорои аҳамияти зиёде аст.

Дар ибтидои даврони таҳсилӣ ҳар шахсе бояд таҳсилот дар синфҳои ибтидоиро пушти сар гузорад.

Дар идомаи ин навишта ба таъсири синни ибтидоии мактаб – аз синни 6-7 то 12 солагӣ – сӯҳбат хоҳем намуд, ки дар рушди шахсияти кӯдак таъсиргузор аст.

Иҷтимоӣ шудан маҳорате аст, ки даврони кӯдакӣ, марҳалаи асосӣ барои ёдгирии он ба шумор меравад.

Иртиботи волидайн яке аз аввалин робитаҳоест, ки кӯдак бо он ошно мешавад. Ин иртибот таъсири бисёр муҳимме бар маҳоратҳои зиндагӣ ва иҷтимоии мароҳили баъдии зиндагӣ мегузорад. Дар марҳалаҳои баъдӣ кӯдак бо ҳамсолонаш вориди робита ва бозӣ мешавад ва ба тадриҷ ин маҳоратҳо, дар вуҷуди ӯ пуррангтар мешавад. Бинобар ин даврони кӯдакӣ як даврони муҳим ва асосӣ дар зиндагии ҳар фард аст.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.