Баррасии равишҳои тарбиятӣ аз нигоҳи Қуръон

132

Таълиму тарбият ва мутахаллиқ кардани инсонҳо ба ахлоқи исломӣ ва инсонӣ ҳадафи бузурги Паёмбари Ислом (с) будааст, то ҷое ки он ҳазрат мефармояд: Ман муаллим барангехта шудаам.

Қуръони Карим равишҳои тарбиятии хоссеро барои таълиму тарбияти мусулмонон матраҳ кардааст.

Маънои тарбият

Тарбият ба маънои парвариш додан ва ба феълият расондани истеъдодҳои дарунӣ яке аз аҳдофи паёмбарон аст. Ба назар мерасад, ки агар барои паёмбарон аҳдоф ва вазифаи ибтидоӣ ва ғайра баршуморем парвариш ва тарбияти инсонҳо бар асоси омӯзаҳои Қуръонӣ аз аҳдофи ғоии онон шумурда мешавад.

Устод шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ дар таърифи таълим ва тарбият менависад: Таълим ба маънои парвариш додан ва истеъдодҳои дарунии мавҷудро ба феълият расондан аст.[1]

Шахсе, ки дар мақоми тарбият қарор мегирад, талош мекунад, то қувои нуҳуфтаи худро озод ва шукуфо намояд ва ба нумув ва рушди комил расонад. Бинобар ин, Худованд чун Холиқ ва Офаридгор аст ва мақоми баланд дорад, ашхос ва ашёро ба тавре тарбият ва парвариш медиҳад, ки ба мақоми лоиқ ва шоистаи худ бирасанд. Бар асоси ин тафсир ва маъно, дар мавриди шинохти ин ду вожаи рубубият ва тарбият метавон гуфт, ки ҳар касе, ки иқдом ба тарбияти каси дигаре намояд, ба ӯ мураббӣ гуфта мешавад. Мураббиён бар асоси истеъдодҳои мураббигарии худ, дар таълим ва тарбияти кӯдакон метавонанд истеъдодҳои пинҳони онҳоро ошкор намуда ва шогирдонро ба камол бирасонанд.

Аҳаммияти тарбият

Дар аҳаммияти тарбият ва парвариш ҳамин бас, ки Худованд дар оёти бисёр худро раб ва парвардигори мавҷудот дониста ва пас аз мақоми улуҳият ба рубубияти хеш бар ҷаҳониён ишора мекунад. Дар ояи 129 ва 151 сураи Бақара мақоми тарбият ва рушди инсонҳоро ба унвони вазифаи паёмбарон ва ҳадафи асосии онҳо мешуморад ва тазкия ба маънои раҳосозии шахс аз аносири боздоранда барои дастёбӣ ба мавод ва манобеи нумув ва рушдро аз усули даъват ва вазифаи яко-яки паёмбарон медонад.

Дар ояти 124 сураи Оли Имрон ва ояти 2 сураи Ҷумъа ҳадаф аз омӯзаҳои ваҳёнӣ, фиристодани китоб ва паёмбаронро, таълим, тарбият ва тазкияи инсонҳо медонад. Дар ин масир аст, ки ҳазрати Мусо (а) барои ёфтани истеъдодҳо, зарфиятҳо ва тавонмандиҳои сиришта дар зоти хеш ва шукуфоиҳои он ба суроғи Парвардигор ва муаллим меравад, ки битавонад ончи дар зоти ӯст ба таълими рушди худ ошкор ва бовар созад. Вай бо он ки худ аз паёмбарони улулазм ва дорои иродаи қавӣ ва устувор аст, ки яке аз динҳои сегонаи ҷаҳониро ба худ сабт кардааст, бо ин ҳама аз ҳеҷ талош ва кӯшише барои шинохти истеъдодҳо ва зарфиятҳои худ даст барнадошта ва мекушад то бо баҳрагирӣ аз устоди доно ва тавоно, онро бишиносад ва шукуфо созад.

Нақши устод

Дар ояти 66 сураи Каҳф ба нақши муҳим ва асосии муаллим барои шинохти истеъдодҳо ва зарфиятҳо ва ошкорсозии он ишора мекунад. Дар ин тафсир муаллим инсоне нест, ки донишҳои иктисобиро ба шахс меомӯзад ва танҳо дар мақоми интиқоли мафоҳим ва калимот аст, балки муаллим бар асоси тафсири Қуръонӣ ва таҳлилии он шахсест, ки бо баҳрагирӣ аз мафоҳим ва омӯзаҳои хос, роҳи сайру сулукро паймуда ва тавонистааст ба донише даст ёбад, ки қобилиятҳои ашхосро шиносоӣ карда ва ба шахс ёрӣ расонад, ки онро ба феълият расонад ва дар масири такомул, худро ба камоли лоиқ ва шоиста бирасонад.

Ин гуна аст, ки муаллим худ шахси комил ва ба мақсад расида аст ва метавонад бо тасарруф дар дигарӣ ӯро ба камол бирасонад ва истеъдодҳои вайро бишиносонад ва ба ӯ кӯмак кунад, то қувои хешро ба феълият бирасонад. Албатта ёфтани чунин устоди сухан мушкил аст ва ҳазрати Мӯсо(а) бо он ҳама улум ва донишҳои ваҳёнӣ ва ғайбӣ низ танҳо бо ёрии Худованд тавонист ба чунин устоди комил ва мукаммиле бирасад ва аз ӯ ёрӣ биҷӯяд. Ҳар шахсе, дар ҳар синне, ки бошад, лозим аст хоҳони чунин устоде бошад, то ба он бирасад. Чунин устодоне ҳарчанд душворёб ҳастанд, вале инсон агар бихоҳад ба ҳукми таваккул ва инояти илоҳӣ ба чунин устоде хоҳад расид ва худи эшон дасти ӯро хоҳад гирифт . Шарти нахуст он аст, ки бихоҳад ба дониши хеш мағрур нашавад; зеро ҳар шахсе дар ҳар дараҷаи феълият бирасад, наметавонад мудаии камол бошад; зеро ҳангоме ки камоли мутлақ, яъне Худованди мутаолро меъёри мақсад қарор диҳад, дар ҳар марҳилае, ки бошад, дар роҳ аст ва аз мақсади ниҳоӣ бениҳоят фосила дорад. Аз ин рӯ аст, ки инсони комил чун Паёмбар(с), ки дар қоби қавсайнӣ ав адно (наҷм) қарор дорад ниёзманди салавоти Худо ва фариштагон ва мӯъминон аст, то дар ҷое камоли хешро тай кунад. Агар чунин муаллиме, ки битавонад тарбият ва рубубияти рушди инсонро бар ӯҳда гирад, сахт ва душворёб ва ноёб мебошад, вале метавон касонеро ёфт, ки тавоноии хос бар бархе аз улум доранд ва дар умри худ ба мақоми муаллимӣ расидаанд ва дар он замина улгу, сармашқ ва намуна шудаанд. Дар Қуръон Паёмбар (с) ба унвони инсони комил ва мукаммил ёд шудааст, ки метавон чунин устодеро дар ҳамаи заминаҳо улгу дониста ва ба тарбият ва парвариши инсонҳо бипардозад ва ононро ба камол бирасонад; аз ин рӯ аз мӯъминон хоста шудааст аз Паёмбар (с) бихоҳанд, ки дар ҳаққашон истиғфор кунад, ки истиғфори вай монанди истиғфорҳои дигарон нест. Ӯ инсони комиле аст, ки метавонад ба коинот тасарруф кунад ҳарчанд, ки ӯ аз дунё рафтааст.

Муаллим ҳар кас бошад, бояд дар мавриде ки ба вай руҷӯъ мешавад, комил ва улгу ва сармашқ бошад. Албатта ҳар кас наметавонад дар ҳамон мавриди худ комили мутлақ башад, вале комили нисбӣ низ муфид ва муассир аст. Чунин шахсе метавонад бо тасарруф дар шогирд ӯро парвариш диҳад ва афзун бар муаррифӣ ва тавоноиҳо ва истеъдодҳояш ӯро ёрӣ расонад, ки ба феълият бирасад.

Муаллим ва мураббӣ мебоист дар таълими хеш аносири рушдро дар назар бигирад. Таълими рушдӣ бар ин аст, ки истеъдодҳо ва зарфиятҳои шахсро шиносоӣ ва муаррифӣ кунад ва дар коргоҳҳои илмӣ ва амалӣ ононро ба камол расонад ва дар зоти шахс таҳаққуқ диҳад ва ёрӣ расонад, ки шахс онро бишиносад ва дар худ парвариш диҳад ва ба шукуфоӣ расонад. Ҳазрати Хизр(а) он олими раббонӣ, ки дониши рушдӣ дошт ин гуна дар мақоми муаллимӣ қарор гирифт ва шогирди хешро ба тавоноиҳояш огоҳ кард. Албатта Хизр (а) ба Мӯсо(а) ин масъаларо омӯзиш медиҳад, ки ҳар кас бо таваҷҷӯҳ ба шароити муқтазиёте, ки аз роҳи ирс ва ё авомили муҳитӣ ва дигар аносири таъсиргузор дар ӯ падид омадааст, мумкин аст дар ба даст овардани бархе мақомот ва улуми ҳузурӣ нотавон бошад, вале ин замоне аст, ки худро биозмояд ва пеш аз он намебоист худро канор кашад.

Ба ҳар ҳол, муаллими рушдӣ муаллимони таълим ва тазкия ҳастанд, ки истеъдодҳои шогирди хешро шиносоӣ ва муаррифӣ карда ва бо тасарруф ва ёрӣ ба ӯ мекӯшанд, то шахс истеъдодҳои худро ба феълият расонад. Қуръон дар ояи 6 сураи Таҳрим бо ишора ба аҳамияти тарбият, яке аз вазифаҳои мӯъминонро тарбияти динии онон бармешуморад ва дар ояи 129 сураи Бақара, тарбият ва парвариш, нуфузи инсонҳо ва зоти ононро аз аҳдофи беъсати паёмбарон ва маъмурияти хосси онҳо медонад.

Баррасии равишҳои тарбиятӣ

Акнун пас аз баёни арзиш ва аҳаммияти таълим ва тарбият ва мақоми таълими рушдӣ ва парвариши истеъдодҳо ба равиш ва шеваҳои омӯзиш аз дидгоҳи Қуръон мепардозем ва аз он ҷое, ки дар як навиштори кӯтоҳ наметавон ба ҳамаи онҳо пардохт ба зикри шумори маҳдуде аз онҳо, ки муҳимтар ҳастанд мепардозем.

 Осонгирӣ

Аз муҳимтарин равишҳои омӯзиш дар ҳар чизе осонгирӣ аст. Осонгирӣ аз он рӯ лозим ва зарурӣ аст, ки сахт гирифтан сабаби дур шудани фард мешавад.

Инсон ба сурати табиӣ аз осон шуруъ мекунад ва кам-кам пас аз гузашти замон ба сахтиҳо гароиш меёбад ва онро анҷом медиҳад. Бархе аз парваришдиҳандагон одат кардаанд, ки калом ва сухани худро бо маънои хоссе аз тақво оғоз кунанд ва инзор ва тарсонданро асл дар каломи хеш қарор диҳанд. Агар ба шеваҳои омӯзиш ва парвариши Қуръон таваҷҷӯҳ шавад, мушоҳида хоҳад шуд, ки Қуръон каломи худро бо башорат ва суханони нарм ва ташвиқу тарғиб шурӯъ мекунад. Бо он ки мухотабони Қуръон дар оғоз мушрикон ва мухолифони кинадоре буданд, каломро бо Бисмилоҳир-Раҳмонир-Раҳим, оғоз мекунад ва ҳатто Қуръонро ҳидояти афроде медонад, ки аҳли тақво ҳастанд. Дар оёти нахусти сураи Бақара аз ин афрод ба унвони муттақӣ ёд карда ва мегӯяд, Қуръон барои ин гурӯҳ аз афрод нозил шудааст. Муттақӣ касест, ки парҳез аз палидӣ ва зиштиҳои ахлоқӣ ва ақлонӣ дорад ва мисли паймоншиканон нест ва ё дурӯғ намегӯяд ва рафтори ноҳинҷор ва хилофи урф ва ақл анҷом намедиҳад.

 Латиф сухан гуфтан

Қуръон бо ёд кардани муттақин талош мекунад, то ҷанбаҳои мусбати онҳоро ёдовар шавад ва бо он ки аносири манфӣ дар онон бисёр аст, ононро ба аносири мусбат ва фазоили ахлоқӣ меситояд, ки доро мебошанд. Онгоҳ мегӯяд: Чунин афроди муттақӣ ҳамон мухотаби китоби Худованд ҳастанд, ки метавонанд аз он барои ҳидояти хеш баҳра гиранд ва баъдан имон ба ғайб биёваранд ва баъдан ба инфоқ рӯй оваранд ва ё умури дигарро анҷом диҳанд. Дар ҳақиқат онҳо феълан афроди муттақӣ ҳастанд, вале баъдан мӯъмини воқеӣ мешаванд ва ҳамин афрод мухотаби воқеии Қуръон ҳастанд. Дар ин оёт нахуст масъалаи ташвиқ ва тарғибро дар назар гирифта ва дигар он ки бо корҳои осон шурӯъ кардааст ва ононро ба имони куллӣ фаро мехонад, ки кам-кам пас аз имон ба ғайб ба сӯи инфоқ ва намоз ва закот ва умури дигар рӯ меоваранд.

Муаррифии улгуҳои бартар

Аз дигар равишҳое, ки Қуръон дар тарбият ва парвариш истифода мекунад муаррифии улгуҳои бартар дар ҳар замина аст. Қуръон дар ҳангоми нақли зиндагии паёмбарон, танҳо ба авҷҳои зиндагии онон ишора мекунад. Аз ҳазорон паёмбар танҳо чандто аз онҳоро муаррифӣ мекунад, ки беҳтарин ва қобили муаррифӣ ба ҳамаи ҷавомеи башарӣ аст ва дигар аз миёни он ҳама лаҳазоти зиндагии онон, танҳо ба бархе аз гӯшаҳои зиндагии онон ишора мекунад, ки қобили пайравӣ бошанд. Қуръон ҳамвора ба масъалаи улгу будан таваҷҷӯҳ доштааст. Улгупардозӣ, яъне ин ки муаллим худ ба танҳоӣ дар ҳама замина улгу бошад, вале метавонад улгуҳоеро ба сурати назарӣ муаррифӣ кунад. Оёти Қуръонӣ саршор аз улгуҳои айнӣ ва ё зеҳнӣ аст. Ба ин маъно, ки гоҳе рафтореро матраҳ мекунад ва ё ин ки ашхос ва рафторҳои ононро таҳлил мекунад ва нишон медиҳад, ки дар ҳар масъалае чӣ гуна амал ва рафторе метавон комилтарин рафтор бошад.[2]

Муаррифии намунаҳои нописанд

Аз дигар равишҳои Қуръонӣ улгузудоӣ аст. Ба ин маъно, ки бо муаррифии улгуҳои манфӣ, кӯшиш мекунад, то мардумро аз он парҳез диҳад ва осори бад ва мухарриби рафторро нишон бидиҳад.[3]

Истимрори раҳнамудҳо ва такрори он[4] ва эътидол дар барномаҳои тарбиятӣ[5] ва башорат ва навид ва ташвиқ[6] ва баёни тадриҷии[7] бархе аз равишҳои тарбиятии Қуръон аст, ки дар ин маҷол аз онҳо ёд шудааст. Маҷмӯаи ин равишҳоро метавон 30 маврид шиносоӣ кард, ки дар бархе аз китобҳо ба он ишора шудааст.

 [1]Таълим ва тарбият дар Ислом, устод Шаҳид Мутаҳҳарӣ, саҳ.58

 [2]Оли Имрон, ояти 146 ва 147

[3]Наҳл, ояти 112 ва низ сураи Ёсин, оёти 13 ва 19

[4]Қасас, ояти 51

[5]Исро, ояти 29 ва 38 ва низ сураи Фурқон, ояти 67 ва сураи Луқмон, ояти 17 ва 19

[6]Оли Имрон, ояти 194

[7]Фурқон, ояти 32

                                                                                                                                                                                 Кароматуллоҳи Карим

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.