Нигоҳе ба равишҳои тарбияти кўдак – II

190

Нигоҳе ба равишҳои тарбияти кўдак

Бахши дуюм

Дидгоҳи ислом дар масоили тарбиятӣ

Дар омўзаҳои динӣ, мабоҳиси бисёр ва парокандае дар ин бора вуҷуд дорад, аммо муҳим ин аст, низоми ҳоким бар онҳоро бишносем ва сармашқи тарбиятие аз онҳо ба даст оварем. Ба назар мерасад сармашқе, ки аз маҷмўи мутуни Қуръону ҳадис ба даст меояд, сармашқе аст, ки дар сармашқи панҷум аз он сухан хоҳем гуфт.

Сармашқи мубтанӣ бар муҳаббат, қотеият ва каромат

Аз дидгоҳи Ислом, муҳаббат яке аз усули тарбиятии кўдак аст, ки ба шиддат мавриди таъкид қарор гирифта ва муҳаббат накардан ба шиддат накўҳиш шудааст, аммо дар айни ҳол аз ифрот дар муҳаббат низ наҳй шудааст. Лизо дар канори муҳаббат салобату диққат дар тарбияти кўдак низ мавриди таваҷҷўҳи акид қарор гирифтааст.

Бар ин асос, кўдак дар айни ин ки муҳаббат мебинад, аммо ялаву раҳо нест, то ҳар коре, ки хост, анҷом диҳад. Аз сўи дигар дар айни ин ки тарбият мешавад, мавриди меҳру муҳаббат ва мудоро низ воқеъ мешавад ва ба ҳамин ҷиҳат аз ифрот дар маломатҳову хушунат, ки аз шохисаҳои сармашқи сахтгирӣ бидуни муҳаббат ҳастанд, наҳй шудааст.

Ва аммо сармашқи тарбиятии Ислом ҷанбаи севвуме низ дорад, ки иборат аст аз «такрим».

Такрим, эҳтиром гузоштан ба кўдак ва арзиш қоил шудан барои ўст. Аз дидгоҳи Ислом кўдак чун кўдак аст, набояд таҳқир шавад ва эҳсоси беарзишӣ ва ё камарзишӣ кунад. Ҳарчанд кўдак бештар мўҳтоҷи муҳаббат аст ва бузургсол мўҳтоҷи эҳтиром, вале ба он маъно нест, ки шахсияти кўдак набояд мўҳтарам шумурда шавад, ҳамон гуна ки меҳру утуфат нисбат ба бузургсол, набояд фаромўш шавад.

Кўдаке, ки бо арзиш қаламдод мешавад ва шахсияти ў мўҳтарам шумурда мешавад (такрим), ба эҳсоси хударзишмандӣ (иззату каромати нафс) даст меёбад ва касе ки барои худаш арзиш қоил бошад, худро ба зиштиҳо олуда намекунад.

Каромати нафс меҳвари асосии ахлоқи исломӣ ва тарбияти исломӣ аст ва муҳимтарин роҳи он, такрими инсон махсусан дар даврони кўдакӣ аст. Албатта бахше аз кароматпарварӣ ба омўзиши зиштиҳову зебоиҳо марбут мешавад, вале такрим арзишу аҳамияти бисёр зиёде дорад.

Яке аз муҳимтарин нукоти тарбиятӣ, ки дар такрими шахсияти кўдак бояд мавриди таваҷҷўҳ қарор гирад, ҷиддӣ гирифтани эҳсосоти ў дар ҳафт соли оғози зиндагӣ аст, ин мавзўъ он қадар аҳамият дорад, ки ин даврон дар ривояте аз Паёмбари Худо (с) даврони сиёдату сарварии кўдак шумурда шудааст:

Фарзанд ҳафт сол сарвар аст.

Муқтазои сиёдату сарварии кўдак фармондеҳии ў ва итоати волидайн аст, ба ин маъно ки кўдак дар ҳафт соли оғози зиндагӣ бояд дар хонавода сарварию фармондеҳӣ кунад ва лизо ҳарчи мехоҳад, дар сурате, ки барои ў зиёнбор набошад ва дар тавони падару модар бошад, бояд таъмин шавад.

Натиҷаи тарбиятии фармондеҳии кўдак дар ҳафт соли оғози зиндагӣ ва фармонбарии саҳеҳи падару модар аз ў, фармонбарии мутлақ ҳамроҳ бо муҳаббати кўдак дар ҳафт соли баъдии зиндагии кўдак хоҳад буд. Аз ин рў, дар идомаи ҳадис омадааст:

Кўдак дар ҳафт соли дуввум банда аст.

Ҳоли убудияту бандагии кўдак нисбат ба падару модар, натиҷаи ниҳояти эътимоде аст, ки дар ҳафт соли оғози зиндагӣ нисбат ба онҳо пайдо кардааст. Пайдоиши ин ҳолат дар кўдак дар ҳафт соли дуввуми зиндагӣ бо иноят ба ин ки ин айём даврони таълиму тарбияти ўст, фавқулодда барои созандагии ў аҳамият дорад.

Пас аз сипари шудан ҳафт соли дуввуми зиндагии кўдак, даврони вазорати ў дар хонавода фаро мерасад, чунон ки дар идомаи ҳадис мехонем:

Ҳафт соли севвум даврони вазорати кўдак аст.

Дар ин даврон, кўдак дигар бандаву фармонбар нест, такрими шахсияти ў дар ин даврон эҷоб мекунад, ки ў ҳамон вазири хонавода мавриди машварат қарор гирад ва корҳое, ки аз ў бармеояд, ба ў вогузор гардад ва ин гуна масъулияти хонавода дар таълиму тарбияти кўдак ба поён мерасад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.