Чӣ гуна бо фарзандамон меҳрубон бошем?

42

Чӣ гуна бо фарзандамон меҳрубон бошем?

Бахши дуюм

Чӣ гуна бо кӯдаконамон меҳрубонтар бошем?

Кашф ва шиносоии алоқаҳо ва дилбастагиҳои муштараки байни худамон ва фарзандамон

Ҳар инсоне дар зиндагии худба як чизе алоқамандӣ ва дилбастагӣ дорад. Кӯдакон ҳам ба чизҳое дилбастагӣ доранд, масалан ба бозии футбол, тамошои футбол ва ғайра. Вазифаи падару модар ин аст, ки онро шиносоӣ кунанд ва аз ҳамин роҳ, бо фарзандашон ба як алоқамандӣ ва дилбастагии муштарак бирасанд ва ҳамонро баҳонае барои бо ҳам будан қарор диҳанд.

Ихтилофи синнӣ ва тафовути наслҳо омилест, ки дар бисёре аз хонаводаҳо боис мешавад, падару модароннатавонанд иртиботи самимона бо кӯдаки худ барқарор кунанд. Дар ин шароит, беҳтарин кор ин аст, ки дарпаи алоқаҳо ва нуқоти муштараки миёни худ ва фарзандамон бигардем ва онҳоро пайдо кунем ва қувват бахшем.

Барои пайдо кардани нуқоти муштарак бояд аз ин ки фарзандамон вақташро чӣ тавр мегузаронад ва чӣ корҳое анҷом медиҳад, бохабар бошем.

Дарфаъолиятҳое, ки мавриди алоқаи фарзандамон аст, ширкат кунем, ба порк биравем, бо ӯ ҳамроҳӣ кунем, шӯхию ханда дошта бошем ва аз будани бо ҳамдигар лаззат барем.

Агар чандто бача дорем, барои ҳар кадом вақти ҷудогона бигзорем ва аз канори ҳам будан лаззат барем.

Барои самимият бо кӯдакон бояд вақт бигзорем.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.