Ҳамдилӣ бо кӯдак

45

Ҳамдилӣ бо кӯдак

Ҳамдилӣ дар музокира ва гуфтугӯ бо кӯдак

Гуфтугӯ бо кӯдакамонро мо падару модарон ҳар рӯзу ҳар лаҳза дорем, аммо баъзе аз гуфтугӯҳо одӣ нестанд ва дар он, масоили муҳимме баён мешаванд ва мо бо кӯдакамон ба тавофуқе дар мавриди як чизе бояд бирасем. Дар мавориде бояд кӯтоҳ биёем ва ба онҳо имтиёз бидиҳем, ё дар бархе мавридҳо бояд онҳо ба чизҳое қонеъ бишаванд ва монанди он. Бинобар ин, ин гуна гуфтугӯҳоро мо ба унвони музокира номгузорӣ кардем. Муҳимтарин мавзӯъ дар ин гуна музокира ва гуфтугӯҳо бо кӯдакон, баҳси ҳамдилӣ бо онон аст.

Чигунагии гуфтугӯ бо кӯдак ё музокира бо кӯдак ниёз ба омӯзишу огоҳӣ дорад.

Музокира ба ин маъно нест, ки тамоми имтиёзоти худро ба кӯдак вогузор кунед, балки ба ин маъност, ки муноқишаи қудратҳоро дар хонаводаро коҳиш медиҳад, кашмакаш байни худ ва фарзандонро коҳиш дода ва ба як роҳи ҳали муносибу муфид бирасед ва муҳити шодро дар хонавода эҷод кунед.

Ба ҳар ҳол шумо ба унвони падару модар рӯзона борҳо дар ин ҳолат қарор хоҳед гирифт, бидуни ин ки бидонед. Пас беҳтар аст усули музокира ва гуфтугӯ бо кӯдаконро биомӯзед ва омӯзиш ба кӯдаконро ҳам дар дастури кори худ қарор диҳед, то ҳисобшуда кор кунед ва кӯдаконро ҳам аз ҳамин ҳоло барои вуруд ба ҷомеа омода кунед.

Ҳангоми музокира ва гуфтугӯ бо кӯдак, шумо ба унвони падару модар, бояд марзҳоро дар тарбияти фарзанди худ таъин кунед. Интихобҳои беҳтарро дар пеш гиред ва ҳидоят кунед ва арзишҳои ахлоқиро ба фарзандатон ёдоварӣ кунед ва омӯзиш диҳед.

Ҳамнгоми гуфтугӯ бо кӯдак, ҳамеша ба нигарониҳои фарзандатон гӯш диҳед. Кӯдак бояд эҳсос кунад, ки садои онҳо шунида мешавад. Ҳамин ки кӯдак эҳсос кунад, ки садои ӯ шунида мешавад, эҳсоси қудрат мекунад ва инро бидонед, ки кӯдаке, ки эҳсоси қудрат мекунад, эҳсоси амният мекунад.

Ҳангоми музокира ва гуфтугӯ бо кӯдак ба нукоти зер аҳамият диҳед:

1 – Риояти боядҳо ва набоядҳо ва хатту марзҳо дар гуфтугӯ

Ба ин маъно, ки дар ҳар хонаводае қавонине вуҷуд дорад, ки аслан қобили музокира ва кӯтоҳ омадани падару модар нест. Агар дар бархе мавридҳо, дастёбии кӯдак ба чизе маслиҳат нест ва ғайримумкин аст, ё боис мешавад, қонуни хонавода баҳам хурад ё кори хатарноке барои худи кӯдакон аст, дар ин гуна маворид, музокираву гуфтугӯ ва кӯтоҳ омадани падару модар маъно надорад ва ин маворид қобили музокира нест. Пас кӯдак ва фарзанд бояд марзҳои худашро бишносад ва шумо ҳам дар ин гуна маворид қотеъ бошед.

Ин матлаб идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.