Андешидан дар паёмади корҳо

43

Андешидан дар паёмади корҳо

Дар ривояте омадааст, ки марде ба ҳузури Паёмбари Акрам(с) расид ва бо исрор, аз эшон як ҷумла ба унвони андарз хост.

Паёмбари Акрам (с) ба ӯ фармуданд:

– Агар бигӯям, ба кор мебандӣ?

– Бале, эй Расули Худо!

Паёмбари Акрам (с) баъд аз ин ки се бор аз ӯ қавл гирифтанд ва ӯро мутаваҷҷеҳи аҳаммияти матлаб карданд, фармуданд:

– Ҳар гоҳ тасмим ба коре гирифтӣ, аввал дар асар ва натиҷа ва оқибати он кор фикр кун ва биандеш. Агар дидӣ, натиҷа ва оқибаташ саҳеҳ аст, онро дунбол кун ва агар оқибаташ гумроҳӣ ва табоҳӣ аст, аз тасмими худ сарфи назар кун.

Асосан тадаббур ва андешаварзӣ ва хирадварзӣ мавриди таъкиди дин аст, чаро ки инсонро ба сӯи худоӣ шудан ва ободонии ҳаёти дунявӣ ва ухравиаш раҳнамун мешавад.

Бар асоси фармоиши Расули Гиромии Ислом, ҳазрати Муҳаммад(с) дар ростои омӯзаҳои қуръонӣ, тадаббур ва тафаккур дар умур ва оқибати корҳо мавриди супориши асосии ислом аст ва бидуни он, хирад ва андешаи одамӣ бефоида ва дар масири нодуруст хоҳад буд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.