Беҳтарин дӯст

69

Беҳтарин дӯст

Дӯсти хуб кадом аст?

Паёмбари Акрам дар мавриди беҳтарин дӯст фармуданд: “Беҳтарини бародарон ва дӯстони шумо  касест, ки ёру ёвари шумо барои корҳои охират бошад”.

Паёмбари Акрам(с): “Беҳтарин бародарат касест, ки бар фармонбарӣ аз Худованд туро ёрӣ расонад ва аз гуноҳон боз дорад ва туро ба хушнудии Худованд водорад”.

Паёмбари Худо (с): “Беҳтарин бародари шумо касе аст, ки айбатонро ба шумо (бо бозгӯ кардан) ҳадя кунад».

Паёмбар (с) вақте аз эшон пурсида шуд: Эй Паёмбари Худо! Беҳтарин ҳамнишин кист? – фармуданд: “Он ки диданаш шуморо ба ёди Худо биандозад ва суханаш бар дониши шумо бияфзояд ва рафтораш шуморо ба ёди қиёмат водорад”.

Имом Алӣ (р): “Касеро барои дўстии ҳақиқӣ нишон макун, магар ин ки ўро дар се ҷо биёзмоӣ: 1 – ўро ба хашм оварӣ ва бингарӣ, ки оё хашм ўро аз ҳақ ба ботил берун мебарад ё на 2 – ҳангоми дастёбӣ ба молу манол; 3 – ҳангоме, ки бо ў ҳамсафар мешавӣ.

Имом Алӣ (р): “Дурандеш касест, ки барои дўстиаш гузиниш кунад, зеро одамӣ бо дўсташ санҷида мешавад”.

Имом Алӣ (р): “Барои (дӯстӣ ва интихоби) дўстон пушаймонӣ аст, магар (дар дўстӣ бо) парҳезгорон”.

Канз-ул-фавоид: Ривоят шудааст, ки Сулаймон (р) фармуд: «Нисбат ба касе доварӣ макунед, магар он ки ба ҳамнишинонаш бингаред, зеро одамӣ бо ҳамтоёну ҳаммонандҳояш шинохта мешавад ва ба ёрону дўстонаш нисбат дода мешавад».

Имом Содиқ (р): “Ҳаргоҳ дўсти ту бар курсии риёсат нишаст ва якдаҳуми рафтори пеш аз риёсатро бо ту дошт, бидон, ки дўсти баде нест”.

Муснади Ибни Ҳанбал, ба нақл аз Маоз ибни Ҷабал: Паёмбари Худо (с) фармуд: «Дар охируззамон мардуме хоҳанд омад, ки дар зоҳир бародарӣ мекунанд ва дар пинҳонӣ душманӣ».

Гуфта шуд: Эй Паёмбари Худо! Чунин чизе чӣ гуна аст?

Фармуд: “Ба хотири майли бархе аз онон ба бархеи дигар ва тарси бархе аз онон аз дигарӣ».

Имом Алӣ(р): “Дўстони ту се гурўҳанд ва душманони ту низ се гурўҳ. Дўстони ту иборатанд аз: дўсти ту, дўсти дўсти ту ва душмани душмани ту. Ва душманони ту иборатанд аз: душмани ту, душмани дўсти ту ва дўсти душмани ту”.

Имом Боқир(р): “Марде дар Басра дар ҳузури Амиралмўъминин Алӣ (р) бапо хосту гуфт: Эй Амири Мўъминон! Дар бораи бародарии имонӣ сўҳбат кун.

Фармуд: “Бародарон ду дастаанд: бародарони мавриди эътимод ва бародарони зоҳирӣ. Бародарони мавриди эътимод (ба манзилаи) дасту бол ва хонаводаву сарват ҳастанд. Агар мавриди эътимоди бародарат ҳастӣ, барояш аз ҷону мол моя бигузор ва бо ҳар касе, ки ў дўст аст, дўст бош ва бо ҳар касе, ки душман аст душман бош, айбу розҳояшро бипўшону хубиҳояшро ошкор кун. Бидон, эй пурсишгар! Чунин бародароне аз кибрити аҳмар ҳам ноёбтаранд.

Ва аммо дўстони зоҳирӣ, пас (бидон, ки) ту лаззати худро аз онон мебарӣ. Пас онро аз онон мабур ва беш аз ин аз дарунашон махоҳ ва ҳар миқдор бо ту бо кушодарўию ширинзабонӣ бархўрд карданд, ту низ чунон кун”.

Имом Содиқ (р): “Бародарон се дастаанд. Дастае аз онон монанди таоманд, ки ҳамеша ба он ниёз аст ва он хирадманд аст. Дастаи дуввум монанди беморию офат аст ва он нодон аст. Дастаи севвум монанди дору аст ва он ҳаким аст”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.