Дарсҳое аз Наҳҷулбалоға – 1

103

Дарсҳое аз Наҳҷулбалоға – 1

Имом Алӣ(а) мефармоянд:

Шуморо ба панҷ чиз супориш мекунам, ки агар барои ба даст овардани онҳо шутуронро бошитоб биронед ва ранҷи сафарро таҳаммул кунед, сазовор аст:

1 – Касе аз шумо, ҷуз ба Парвардигори худ умедвор набошад;

2 – Ҷуз аз гуноҳони худаш натарсад;

3 – Агар аз касе савол карданд ва намедонад, шарм накунад ва бигӯяд, намедонам;

4 – Касе аз омӯхтани он чӣ намедонад, шарм накунад;

5 – Бар шумо бод сабр кардан, чунки сабр барои имон, монанади сар барои бадан аст ва имони бесабр хайру арзише надорад, чунон ки дар бадани бесар хайре нест.

Наҳҷулбалоға, ҳикмати 82

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.