Суханчинӣ ва хабаркашӣ

113

Суханчинӣ ва хабаркашӣ

Дар замони ҳазрати Мӯсо(а) дар сарзамини Бани Исроил хушксолии шадиде рӯй дод.

Ҳазрати Мӯсо барои дуои борон ба ҳамроҳи иддае ба саҳро баромаданд, вале ҳарчӣ дуо карданд, асаре аз борон набуд.

Ҳазрат дар ин бора муноҷот кард. Аз ҷониби Парвардигор ба ӯ ваҳй шуд: Дар миёни шумо як нафар ҳаст, ки зиёд суханчинӣ мекунад ва ба хотири ӯ, дуои шумо мустаҷоб намешавад.

Ҳазрати Мӯсо аз Худо хост, ӯро муаррифӣ кунад то вайро аз байни худашон берун кунанд.

Худованд фармуд: Ман шуморо аз наммомӣ ва суханчинӣ наҳй мекунам ва бозмедорам, чӣ гуна ӯро ба шумо муаррифӣ кунам ва худам муртакиби суханчинӣ шавам?

Ҳазрати Мӯсо ин матлабро бо қавми худ дар миён гузошт. Касе, ки суханчин буд, матлабро фаҳмид ва ҳамон ҷо тавба кард. Он гоҳ Худованд борони раҳмати худро бар оонон фурӯ фиристод.

Суханчинӣ яке аз офоти забон аст, ки инсонро аз роҳи Худо дур месозад. Қуръони Карим дар накӯҳиши суханчинӣ ва хабаркашӣ мефармояд: “Вой бар ҳар айбҷӯи суханчин”. (Сураи Ҳумаза, ояти 1).

Дар ривоёт низ дар мазаммати суханчинӣ таъкидоти зиёде шудааст, ки бархе аз онҳоро дар зер бароятон пешниҳод мекунем.

Суханчин ва азоби қабр

Дар ривояте аз Алӣ(а) нақл шудааст, ки фармудаанд: “Азоби қабр ба хотири суханчинӣ ва ғайбату дурӯғ аст”.

Суханчин вориди биҳишт намешавад

Дар ривоёти зиёде ба ин матлаб ишора шудааст, ки суханчин ва касе, ки барои барҳам задани ваҳдати мардум қадам мебардорад ва омили тафриқаву ҷудоӣ миёни муслимин мешавад, аҳли биҳишт нест.

Расули Акрам(с) фармудаанд:

“Суханчин вориди биҳишт намешавад”.

Дар ривояти дигаре аз Имом Боқир(а) нақл шудааст, ки фармуданд:

“Биҳишт бар ғайбаткунандагон ва суханчинон ҳаром аст”.

Ва дар ҳадиси дигаре мефармоянд:

“Биҳишт бар қаттонин, яъне касоне, ки барои фасод миёни мардум қадам мебардоранд, ҳаром аст”.

Аз Имом Содиқ ривояте ба ин мазмумн нақл шудааст:

“Чаҳор кас аз рафтан ба биҳишт маҳруманд: 1) коҳин, 2) мунофиқ, 3) доимулхамр – он касе, ки ба хӯрдани шароб одат дорад, 4) суханчин”.

Паёмбари Акрам(с) фармудаанд:

“Худованд мефармояд: Биҳиштро бар чанд гурӯҳ ҳаром кардаам, ки яке аз онҳо суханчин аст”.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.