Дарсҳое аз Наҳҷулбалоға – 2

85

Дарсҳое аз Наҳҷулбалоға – 2

Ғанимат шумурдани фурсатҳо

Амиралмӯъминин Алӣ(а) дар ҳикмати 21, Наҳҷулбалоға фармудаанд:

“Фурсатҳо ҳамчун абр даргузаранд. Фурсатҳои некӯро ғанимат шуморед”.

Имом дар ин ҷумлаи ҳикматомез ба аҳамияти истифода аз фурсатҳо пардохта мефармоянд, фурсатҳо ҳамчун абр дар ҳоли гузаштан аст, аз ин рӯ, фурсатҳои некро ғанимат бишморед ва пеш аз он ки аз даст бираванд, аз онҳо истифода кунед.

Манзур аз фурсат, омода шудани комили сабаб ва асбоби кори хуб аст, мисли ин ки тамоми муқаддамот ҷиҳати таҳсили илм барои касе фароҳам гардад; ҳам тани солим дорад, ҳам ҳушу истеъдод, ҳам устоди лоиқе омодаи тадрис аст ва ҳам фазои омӯзишии хубе дар ихтиёри ӯст, ки дар урф номи онро фурсат мегӯянд ва аз он ҷое ки фурсатҳо таркибе аз авомил ва сабабҳои мутааддиде аст ва ҳар кадом аз ин авомил мумкин аст бар асари тағйироте аз даст биравад, аз ин рӯ, фурсатҳо зудгузаранд.

Дар ҳадиси дигаре аз ҳазрати Алӣ(а) нақл шудааст:

“Фурсатҳо босуръат аз даст мераванд ва ба заҳмат ба даст меоянд”. (Биҳор-ул-анвор, ҷ.75, саҳ.113).

Ба ҳамин далел ривоёти фаровоне дар боби ғанимат шумурдани фурсат омадааст ва ба мо дастур додаанд, фурсатҳоро ғанимат шуморед, чун тарки он андӯҳбор аст.

Амиралмӯъминин Алӣ(а) дар номаи 31 Наҳҷулбалоға дар зимни васиятҳое, ки ба фарзандашон Имом Ҳасан(р) мекунанд, фармудаанд:

“Ба суроғи фурсатҳо бирав, пеш аз он ки аз даст биравад ва мояи андӯҳу ғусса гардад”.

Ба ҳар ҳол тамоми неъматҳои илоҳӣ, ки насиби инсон мешавад, фурсатҳои зудгузаранд, ҷавонӣ, тандурустӣ, амният, омодагии руҳу фикр, балки умр ва ҳаёти инсон, ҳамагӣ фурсатҳои зудгузаре ҳастанд, ки агар онҳоро ғанимат нашуморем ва баҳраи кофӣ нагирем, натиҷаи андӯҳборе хоҳад дошт.

Эй дил, ба куи ишқ гузоре намекунӣ

Асбоб ҷамъ дорию коре намекунӣ

Чавгони ҳукм дар кафу гӯйе намезанӣ

Бори зафар ба дасту шикоре намекунӣ

Тарсам к-аз ин чаман набарӣ остини гул

К-аз гулшанаш таҳаммули хоре намекунӣ

Ҳофиз, бирав, ки бандагии подшоҳи вақт

Гар ҷумла мекунанд, ту боре намекунӣ.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.