Дарсҳое аз Наҳҷулбалоға – 5

46

Дарсҳое аз Наҳҷулбалоға – 5

Арзишҳои ахлоқӣ

Дар ҳикмати 365-уми Наҳҷулбалоға матолибе дар мавриди ин мавзӯъ омадааст, ки агар мо барои дигарон чизеро намеписандем ва рафтореро барои дигарон номуносиб мебинем, яъне он рафтор дар назари мо ба унвони рафтори зишту нописанд ҷилва кард, худамон ҳам аз он бипарҳезем: “Андеша оинаи шаффоф ва ибрат аз ҳодисаҳо, ҳушдордиҳандаи хайрхоҳ аст. Ва туро дар адаб кардани нафс ҳамон бас аст, ки аз он чӣ анҷом додани онро барои дигарон намеписандӣ, бипарҳезӣ”.

Ҳазрати Алӣ(р) дар кӯтоҳтарин ҷумла, матолиби бузургеро ба мо расондаанд он ҷо, ки дар ҳикмати 353 мефармоянд: “Бузургтарин айб он аст, ки чизеро, ки худ дорӣ бар дигарон айб шуморӣ!”

Арзишҳои волои ахлоқӣ

Дар ҳикмати 371, дар мавриди арзишҳои волои ахлоқӣ ишороте ба ин маъно омадааст:

“Ҳеҷ шарофате бартар аз Ислом ва ҳеҷ иззате гиромитар аз тақво ва ҳеҷ сангаре некўтар аз порсоӣ ва ҳеҷ шафоаткунандае корсозтар аз тавба ва ҳеҷ ганҷе бениёзкунандатар аз қаноат ва ҳеҷ моле дар фақрзудоӣ аз байнбарандатар аз ризоят додан ба рўзӣ нест . Ва касе, ки ба андозаи кифояти зиндагӣ аз дунё бардорад, ба осоиш даст ёбад ва осудахотир гардад дар ҳоле ки дунёпарастӣ калиди душворӣ ва маркаби ранҷу гирифторист ва ҳирсварзӣ ва худбузургбинӣ ва ҳасодат сабаби бепарвоӣ дар гуноҳон аст ва бадӣ ҷомаи ҳамаи айбҳост”.

Роҳи худсозӣ кадом аст?

Дар ҳикмати 359 омадааст: “Эй асирони орзуҳо , бас кунед! Чун соҳибони мақомҳои дунёро, танҳо дандони ҳодисаҳои рўзгор, ба тарс андохт. Эй мардум, кори тарбияти худро, худ ба ўҳда бигиред ва нафсро аз одатҳое, ки ба он ҳирс дорад, баргардонед”.

Сабабҳои истеҳкоми дин ва дунё

“Устувории дину дунё ба чаҳор чиз аст: олиме, ки ба илми худ амал кунад ва ҷоҳиле, ки аз омўхтан сар боз назанад ва бахшандае, ки дар бахшиш бухл наварзад ва фақире, ки охирати худро ба дунё нафурўшад.

Агар олим илми худро табоҳ кунад, нодон ба омўхтан рўй нахоҳад овард ва агар шахси сарватманд ва бениёз дар бахшиш бухл варзад, тиҳидаст охирати худро ба дунё мефурўшад.

Эй Ҷобир! Касе, ки неъматҳои фаровони Худо ба ў рўй кард, ниёзҳои фаровони мардум низ ба ў рўй оварад, пас агар соҳиби неъмате ҳуқуқи воҷиби илоҳиро бипардозад, Худованд неъматҳоро бар ў ҷовидона месозад ва он кас, ки ҳуқуқи воҷиби илоҳиро дар неъматҳо напардозад, Худованд ўро ба заволу нобудӣ хоҳад кашонд». (Ҳикмати 372).

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.