Некӯтарин шеваи шавҳардорӣ…

106

Решаёбии талоқ

Ҳамвора аз масоили ҷинсӣ ба сароҳат ва ё киноя сухан гуфта шудааст. Мардон пеш аз он ки ба ҷо ва макону ғизо аҳамият диҳанд ба масъалаҳои ҷинсӣ аҳамият медиҳанд. Аз ин рӯ аст, ки гуфтаанд решаи мушкилоти хонаводагиро мебоист дар хилватгоҳи эшон ҷуст. Бар пояи омӯзаҳои қуръонӣ ва фармони илоҳӣ занону мардон мебоист дар шабонарӯз се ваъдаро хилват кунанд ва ҳатто фарзандон низ набояд дар ин хилватгоҳи эшон дар ин се замон дохил шаванд.

Дар ин се хилват зан мебоист худро ба шаклҳо ва ақсоми мухталиф биорояд ва аз ҳар гуна ороишу зинат баҳра барад. Ҷомаҳои хоб бар тан кунаду худро ба шакли урён карда ба шавҳари хеш нишон диҳад. Дар ин муддат бо якдигар дар бораи масъалаҳои хусусӣ сухан бигуянду муошиқа намоянд. Дар бораи масъалаҳои сухан нагуянд, ки кудуратзо бошад ва мушкилоти берун аз хилватгоҳро ба даруни хилватгоҳ накашонанд.

Дар ин хилватгоҳ аст, ки зану шавҳар дар ҳарими комилан хусусӣ метавонанд якдигарро аз назари ҷинсӣ ба таври комил ирзо ва хушнуду розӣ намоянд ва бар асоси пораи аз ривоёт, намебоист зан дер ба хилватгоҳ равад ва ё ҳангоми дохил шудан худро ороиш накунад ва заминаҳои таҳрики ҷинсиро аз миён бардорад. Ба иборати дигар, зан ҳангоми дохил шудан ба хилватгоҳ бояд заминаҳои таҳрикро эҷод намояд ва мард низ бояд худро аз лиҳози зоҳири ороста намояд.

Ба ҳар ҳол арза кардани зан ба мард дар хилватгоҳ ва ҳарими комилан хусусӣ асли Қуръонӣ ва ҳукми илоҳӣ аст, ки наметавон аз он чашм пушид. Аз ин рӯ аст, ки гуфтаанд бисёре аз мушкилот ва даргириҳои миёни зану шавҳар дар тули рӯз иртиботи танготангӣ бо хилватгоҳи ишон дорад.

Ҳар гоҳ масалаи хилватгоҳ ҳал шавад ҳамаи мушкилоти дигар ба худии худ ҳал мешавад. Агар марде дар бораи пӯшиши зан ва ё ғизоу наҳваи баччадорӣ ва монанди он ишколу эрод мегирад решаи онро мебоист дар ҷойгоҳи дигар ҷуст ва ин гуна чизҳо баҳонаҳои беш нестанд.

Дар ин ҳарими хусусӣ, баччаҳо ва дигар касони ҳозир дар муҳити хонавода намебоист дохил шаванд. Дар дастурҳои Қуръон ва ҳадисҳои Набавӣ(с) ин масъала борҳо таъкид қарор гирифта аст, зану шавҳар мебоист аз хобгоҳи мустақил ва муҷазоӣ бар хурдор бошанд, ки зану шавҳар аз ҳар ҷиҳат битавонанд озодона ба муошиқа ва рафторҳои ҷинсӣ иқдом кунанд.

Дар муҳитҳои ғарбӣ барои падару модар ҳобгоҳи мустақил аст ва дигарон ба ҳеч ваҷҳ дар тули шабона рӯз магар бо иҷозаи онон наметавонанд дохили ин ҳарими мутлақо хусусӣ шаванд. Онон дар ин бахш ба таври комили исломӣ ва Қуръонӣ амал мекунанд ҳар чанд дар умури дигар ғайри Қуръонӣ ва ҳатто зидди динӣ(яҳуди ва масеҳӣ) рафтор мекунанд вале ин тавр рафтори ишон ҳамон исломӣ аст, ки дар муҳити шарқи ва исломӣ аз он хабаре нест.

Дар ҳақиқат мо дар ғарб исломро дорем вале дар шарқ мусалмониро метавонем биёбем. Исломи шиносномаӣ сабаб мешавад, ки дин ба канор биравад ва бисёри аз осебҳои хонаводагӣ ва ҳатто иҷтимоӣ ва нобаҳанҷори эҷод шавад. Дар шарқ падару модар дар канори фарзандон мехобанд ва аз ҳеч гуна имконоти ҷузъӣ барои муошиқа ва рафторҳои ҷинсӣ бар хурдор намебошанд. Ин гуна аст, ки бисёри аз осибҳои хонаводагӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар падидор мешавад ва омори талоқ зиёд мегардад…

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.