Сипосгузор бошем то маҳбуби дигарон шавем

43

Сипосгузор бошем то маҳбуби дигарон шавем

Роҳҳои маҳбубият (идомаи матлаб)

Чӣ кор кунем то барои дигарон маҳбубу дӯстдоштанӣ бошем?

Сипосгузор будан

Нисбат ба худ ва дигарон сипосгузор бошем.

Дар баробари муҳаббат ва рафторҳои дӯстонаи дигарон қадрдонӣ кунем ва муҳаббатҳои ононро нодида нагирем.

Бояд талош кунем, худамон як инсони зиёдахоҳ ва носипос набошем ва аз камтарин таваҷҷӯҳ ва муҳаббати дигарон, аз онҳо ташаккур кунем, бо ин кор собит мекунем, лаёқати дарёфти муҳаббатҳои бузургтарро дорем.

Замоне ки сипосгузор ва ҳақшинос бошем, дигарон ба мо эътимод мекунанд ва мутмаин мешаванд, ки хубиҳое, ки дар ҳаққи мо мекунанд, тавассути мо дида мешавад ва арзиши лутфашон аз байн нахоҳад рафт.

Барои салом додан пешӣ бигирем

Яке дигар аз роҳҳои ба даст овардани муҳаббати дигарон, пешӣ гирифтан дар салом додан аст.

Ҳар вақт вориди муҳити ҷадиде мешавем ва ё касеро мулоқот мекунем, бо чеҳраи кушод, ибтидо мо салом кунем ва мунтазири салом додани тарафи муқобил набошем. Бо ин кор, ҳамсӯҳбатамон бо мо эҳсоси роҳатӣ мекунад ва зудтар бо мо иртибот барқарор мекунад ва ба унвони шахси кушодчеҳра ва иҷтимоӣ ба назар хоҳем расид.

Хушқавл будан

Аз беҳтарин роҳҳое, ки моро маҳбуби дигарон мегардонад, хушқавл будан аст.

Агар тавоноии анҷоми кореро надорем, қавли анҷоми онро ба касе надиҳем, аммо агар қавле додем, пойбанд ва мутааҳҳид бошем.

Агар барои соати мушаххасе қарори корӣ ё дӯстонае дорем, саъй кунем, сари қарор бирасем ва ё ҳатто чанд дақиқа зудтар онҷо бошем; бо ин кор нишон медиҳем, ки чӣ қадар барои тарафи муқобиламон ва ё корамон аҳамият қоил ҳастем.

Дар шуғл ва муҳити кориамон ҳам хушқавлу босадоқат бошем, агар замони мушаххасе барои таҳвили кор ва пружа муайян кардем, бояд талош кунем, ба мавқеъ корро ба итмом расонем, то дар мавриди баъдӣ ҳам битавонанд рӯи мо ҳисоб кунанд ва ҳамкориамон бо дигарон бодавом бошад.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.