Тавозуъ ва фурӯтанӣ дар суханони Паёмбари Акрам (с)

71

 

Тавозуъ ва фурӯтанӣ дар суханони Паёмбари Акрам (с)

Хоксорӣ, тавозӯъ ва фурӯтанӣ дар оинаи аҳодис

Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

«Ҳар ки тавозӯъ кунад, Худо ӯро то осмони ҳафтум боло барад ва ҳар ки кибр варзад, Худояш то замини ҳафтум фурӯ барад».

«Дар баробари фурӯтанон тавозӯъ кунед, вале дар муқобили мутакаббирон такаббур намоед».

«Бо аҳли тавозӯъ фурӯтан бошед, ки ин фурӯтанӣ садақа аст, ва бо гарданкашон бузургӣ кунед, ки ин такаббур ибодат аст».

«Болотарин тавозӯъ он аст, ки ба ҳар мусалмон салом кунед ва ба пойини маҷлис тан диҳед.

«Ҳар неъмате мавриди ҳасад аст ҷуз соҳиби тавозӯъ. Хоксорӣ аз ахлоқи паёмбарон аст ва кибр аз сифоти кофирон ва фиръавнманишон».

«Мабодо барои тавонгарон хузӯъ кунед, ки ҳар кас дар баробари сарватманде (барои сарваташ) курниш кунад, баҳраи биҳишташ аз каф биравад».

«Рӯзи қиёмат амале беҳтар аз хушхулқӣ дар тарозуи кас наниҳанд. Парҳезкорӣ ва хӯйи хуш, беш аз ҳар чиз маро ба биҳишт мебарад».

«Додрасии мазлум ва бартараф кардани ғуссаи андӯҳгин, аз каффораҳои гуноҳони бузург аст».

«Анҷомдиҳандаи хайр аз худи хайр беҳтар аст ва анҷомдиҳандаи шарр аз худи шарр бадтар».

«Аз рафоқати аҳмақ бипарҳез, ки чун хоҳад суд бахшад, зиён мерасонад. Ва бо дурӯғгӯ дамсоз машав, ки чун сароб дурро дар назар наздик ва наздикро дур менумояд».

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.