Шеваҳои такрим ва эҳтироми кӯдакон

125

Салом кардан ба кӯдакон

Салом кардан ба кӯдакон, нишонаи тавозӯъ ва бузургӣ ва хушхулқӣ ва сабаби ҳурмат, этиром ва арҷниҳодан ба шахсияти кӯдакон ва аз ахлоқи Паёмбарона ва суннати хуби Муҳаммадӣ(с) аст.

Паёмбари Бузургвори Ислом(с) то зинда буд, ин суннати некӯро фаромӯш накард ва пайваста ба бузургу кӯчак салом мекард ва мефармуд:

[خَمْسُ لا أدْعُهُنُّ حتّي المَمات… وَالتَّسْليْمُ عَليَ الصِّبْيانِ لِيَكُوْنَ سُنَّةً مِنْ بَعْدِي] “Панҷ чиз аст, ки то лаҳзаи марг онҳоро тарк намекунам… яке салом гуфтан ба кӯдакон аст, то ин ки пас аз ман (дар миёни мусалмонон) суннат гардад”.[1]

Хитоби некӯ ба фарзандон

Аз дигар мавориди эҳтиром ва такрими кӯдакон он аст, ки аз даврони кӯдакӣ, ононро бо авсоф ва лақабҳои некӯ ва шоиста садо бизананд. Исмҳо ва лақабҳое некӯст, ки ҳокӣ аз меҳру муҳаббат ва ёдоварии хайр ва фазилат бошад. Садо кардани кӯдак бо ин гуна исмҳо ва лақабҳо илова бар ташдиди равобити меҳромез, шахсияти кӯдаконро ба хуб будани рушд ва камол ташвиқ ва таҳрик мекунад ва азамати хоссе дар рӯҳи онҳо медамад, ки осори некӯи он, аз ёд нахоҳад рафт.

Паёмбар(с) фармуданд:

[بَادِرُواْ أَوْلاَدَكُمْ بِالْكُنَي قَبْلَ أَنْ تَغْلِبَ عَلَيْهِمْ اْلأَلْقَابُ] “Пеш аз он, ки лақабҳои зишт бар фарзандонатон ғалаба пайдо кунад, лақабҳо ва куннияҳои хуб бар онон бигузоред”.[2]

Берун накардани кӯдакон аз ҷамоат

Бархе аз намоз гузорон бо мушоҳидаи навниҳолон дар сафҳои намози ҷамоат ба суръат аксул амали манфӣ нишон медиҳанд ва бо асабоният онҳоро аз иҷтимои намозгузорон канор мезананд ё аз масҷид берун мекунанд. Ин бархурдҳои ғалат, ки аз сари ноогоҳӣ рух медиҳад, рӯҳияи мазҳабии кӯдаконро тазъиф ва онҳоро нисбат ба аъмоли мазҳабӣ ва марокизи ибодӣ берағбат мекунад. Дар сурате ки базрҳои имон ва майлу гироиши динӣ бояд аз овони туфулият дар дили кӯдакон кошта шавад. Ва онон ба тадриҷ ба маросими мазҳабӣ ва марокизи ибодӣ одат кунанд ва алоқаманд шаванд ва лаҳзаҳое ки дар масоҷид ва маҳофили мазҳабӣ ба сар мебаранд, бо шодӣ ва нишот ва таҳсин ва ташвиқ пайванд бихурад ва ҷузъи хотироти ширин ва ҳамешагии кӯдакон гардад.

Ҷобир гӯяд:

[سَأَلْتُهُ عَنِ الصِّبْيَانِ إِذَا صَفُّوا فِي الصَّلَاةِ الْمَكْتُوبَةِ قَالَ: لَا تُؤَخِّرُوهُمْ عَنِ الصَّلَاةِ وَ فَرَقُّوا بَيْنَهُمْ]

“Аз имоми Боқир(а) дар бораи кӯдаконе пурсидам, ки дар намози ҷамоат ширкат кардаанд, ҳазрат фармуд: Ононро дар намоз ба сафҳои охар наронед, балки (бо истодани бузургтарҳо) дар миёнашон ҷудоӣ бияфканед”.[3]

Ба ин тартиб, ҳам эҳтироми кӯдакон маҳфуз мемонад ва ҳам аз ин ки масҷид ба ҷои бозӣ ва саргармии кӯдакон мубаддал гардад, пешгирӣ мешавад.

Айбҷуӣ накардан аз кӯдакон

Ҳишом ибни Арва аз падари худ нақл мекунад: Рӯзе марде дар ҳузури Паёмбар(с) ба хотири амале, ки фарзандаш анҷом дода буд аз ӯ айбҷӯӣ кард. Паёмбар(с) ба вай фармуд:

[اِنَّما اِبنُكَ سَهْمٌ مِنْ كَنانِتك] Фарзандат тире аз тирҳои тирдони туст”.[4]

Яъне фарзандат пораи тани ту ва захираи туст ва ту бо тавҳин ба шахсияти ӯ, ҳам ба худ зарба мезанӣ ва ҳам касеро тазъиф ва бемиқдор мекунӣ, ки дар оянда ба ту ёрӣ хоҳад расонд ва пуштибони ту хоҳад буд ва ҳар амали неке, ки анҷом медиҳад, ту низ аз аҷр ва подоши он баҳраманд хоҳӣ шуд.

Мушовира бо навҷавонон

Аз намунаҳои бориз ва ошкори эҳтирому такрими фарзандон мавриди машварат қарор додани онон аз авоили навҷавонист. Ин гуна таваҷҷӯҳ ва иноят ба навҷавонон андеша ва тафаккури ононро борвар месозад ва истеъдодҳои ақлии наҳуфта дар вуҷудашонро ба сӯи халлоқият ва навоварии амалӣ ва истиқлоли фикрӣ ва назар додан дар масоили мухталиф савқ медиҳад. Машварат бо фарзандон дар масоили гуногуни зиндагӣ ва хонаводагӣ ва назархоҳӣ аз онон дар мабоҳиси амалӣ ва иҷтимоӣ, ба тадриҷ тавоноиҳои билқуваи ононро ошкор месазад ва фарзандонро дар идораи зиндагии худ дар оянда огоҳ ва тавонманд мегардонад.

Паёмбари Акрам(с) мефармоянд:

[اَلوَلَدُ سَيّدٌ سَبْعَ سِنِيْنَ. وَ عَبْدٌ سَبْعَ سِنِيْنَ. وَ وَزِيْرٌ سَبْعَ سِنِيْنَ] “Фарзанди одамӣ дар ҳафт соли аввали зиндагӣ сарвар ва бузург аст ва дар ҳафт соли дуввум (7 то 14) мутиъ ва фармон бардор ва дар ҳафт соли севвум (15 то 21) вазири хонавода ва мушовири падару модар аст”.[5]

Равиши такрими шахсият аз назари Қуръони Карим:

Қуръони Карим дар ростои тарбияти инсонҳо, ин шеваро ба кор бурда ва мақоми инсонро дар оёти гуногун сутудааст. Аз ҷумла ин оёти шарифа:

وَ لَقَدْ كَرَّمْنا بَني‏ آدَمَ وَ حَمَلْناهُمْ فِي الْبَرِّ وَ الْبَحْرِ وَ رَزَقْناهُمْ مِنَ الطَّيِّباتِ وَ فَضَّلْناهُمْ عَلى‏ كَثيرٍ مِمَّنْ خَلَقْنا     تَفْضيلاً

“Ва яқинан фарзандони одамро гиромӣ доштем ва ононро дар хушкӣ ва дарё, (бар маркабҳо) савор кардем ва ононро аз покизаҳо рӯзӣ додем ва эшонро бар бисёре аз касоне, ки офаридем, комилан бартарӣ додем”.[6]

На танҳо ҳазрати Одам(а), балки насли инсон мавриди каромат ва бартарӣ ва гиромидошт аст.

<كَرَّمْنا بَنِي آدَمَ> “Мо фарзандони Одамро каромт бахшидем”[7]. Ва инсонро халифаи худ бар рӯи замин муаррифӣ кардааст:

<إِنِّي جاعِلٌ فِي الأَرْضِ خَليفَةً> “Дар ҳақиқат ман дар замин, ҷонишине [намояндае] қарор медиҳам”.[8]

Ва малоикаи муқарраби худро, ки тамоми умр фақат ибодати Илоҳӣ мекарданд, амр мекунад ба ин халифаи ман саҷда кунед,

<فَإِذا سَوَّيْتُهُ وَ نَفَخْتُ فيهِ مِنْ رُوحي‏ فَقَعُوا لَهُ ساجِدينَ> “Ва ҳангоме ки ӯро мураттаб намудам, ва аз рӯҳи худ дар ӯ дамидам, пас барои ӯ саҷдакунон дарафтед”.[9]

Ин қадр мақоми одамиро боло бурда, ки рӯҳи худро дар ӯ дамид ва азамати онро ба ҳама нишон дод. Илова бар ин, дар бисёре аз оёт ӯро ба унвони

«يَأَيهَُّا النَّاس», «يا أَيُّهَا الْإِنْسانُ», «يَابَنىِ ءَادَمَ» мавриди хитоби мустақими худ қарор дода ва ба он мушарраф кардааст, то инсон бо таваҷҷӯҳ ба шарофати вуҷуди худ, ки лаёқати мухотаб будани Худоро доро аст, қадри худро дониста ва ба истеъдодҳо ва қобилиятҳои фаровоне, ки дар вуҷуди ӯ ба вадиат ниҳода воқиф шуда ва онро арзон аз даст надиҳад.[10]

Яке аз сармояҳои фитрӣ ва захоири табиӣ, ки дар ботини ҳар инсоне бар асоси машияти ҳакимонаи илоҳӣ ба вадиъа ниҳода шудааст, ғаризаи ҳубби зот аст. Ҳар инсоне қабл аз ҳар чиз ва ҳар кас ба худ алоқа дорад. Ҳубби зот яке аз асоситарин пояҳои тарбияти кӯдак аст, ки метавон ба василаи он табъи ахлоқиро дар вуҷуди кӯдак парвариш дод. Агар ғаризаи ҳубби зот дар табъи кӯдак ба хубӣ дарк ва раҳбарӣ шавад ва мавриди истифода қарор бигирад, маншаи саъодати ӯ метавонан бошад. Яке аз роҳҳои ирзои ғаризаи ҳубби зот, такрими шахсияти кӯдак аст. Ҳар чанд лузуми такрими шахсият ва таваҷҷӯҳи дилсузона ва кароматомез мухтасси онҳо нест ва ҳамаи инсонҳоро шомил мегардад. Ҳар инсонеро метавон бо ба ёри гирифтани зоташ ба макорими ахлоқ ва сифоти некӯ раҳнамуд сохт, ба шарти он, ки шеваҳои саҳеҳ дар ин роҳ ба кор гирифта шавад. Фарде, ки аз даврони кӯдакӣ дар хона ва ҷомеъа ва муҳит ба ҳадди кофӣ мавриди эҳтиром қарор гирифта ва ҳубби зоташ саркуб нашуда бошад, рӯҳияи табиӣ ва равонии мутаъодил хоҳад дошт ва аз чунин инсоне таваққуи ахлоқи писандида ва рафтори одилона оқилона аст, дар ғайри ин сурат, дучори эҳсоси ҳақорат ва уқдаҳои дигари равонӣ гашта ва рӯҳу равони хаста ва афсурда хоҳад дошт ва дар натиҷа дар маърази инҳирофоти гуногун ва хатароти мутааддид хоҳад буд.

Эҳтиром ба шахсият на танҳо дар муҳити хонавода аз аркони асосии тарбият аст, балки яке аз пояҳои зиндагии иҷтимоии солим ва аз вазоифи умдаи динӣ ва ахлоқии ҳамаи инсонҳо ва махсусан падару модарҳо аст. Намунаҳои ин равиши тарбиятиро дар рафтор ва бархурдҳои пешвоёни Ислом фаровон мебинем монанди ин ки агар касе пеши Паёмбар(с) буд, Паёмбар(с) ба эҳтироми ӯ менишаст. Агар касе барои салом кардан ба ӯ даст медод, дасти худро намекашид, то он мард дасти худро бикашад ё агар дар маҷлиси асҳоб буд нигоҳҳои маваддатомези худро ба гунаи яксон мутаваҷҷеҳи ҳамаи ҳозирон мефармуд ва… .[11]

[1]. Маҷмуъаи Варром, ҷ.2, саҳ. 156.

[2]. Канзулуммол, ҷ.16, саҳ. 548.

[3]. Усули Кофӣ, ҷ.3, саҳ. 409, Таҳзибулаҳком, ҷ.2, саҳ. 380.

[4]. Канзулуммол, ҷ.16, саҳ. 818.

[5]. Табаронӣ, Муъҷамулавсат, ҷ.6, саҳ. 170.

[6]. Сураи Исро, ояти 70.

[7]. Қироати, тафсири Нур, ҷ.7, саҳ. 95.

[8]. Сураи Бақара, ояти 30.

[9]. Сураи Ҳиҷр, ояти 29.

[10]. Равишҳои тарбият, саҳ. 78.

[11]. Мустафо Аббосимуқаддам, Нақши усваҳо дар таблиғу тарбият, ҷ.1, саҳ.91.

Ҳалимҷон Саид

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.